Дар назар аст, ки моҳи октябр дар шаҳрҳои Хуҷанд (10 октябр), Душанбе (15 октябр) ва Бохтар (17 октябр) нахустнамоиши филми “Паканаи айнакдор”-и киностудияи “Суғдсинамо” баргузор гардад.
Филм дар жанри тахайюлпардозии кӯдакона (детское фэнтези) таҳия гардида, дар Тоҷикистон бо чунин сабк нахустин бор филми бачагона эҷод мешавад. Он соли 2024 дар шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Исфара сабт гардида, мавзӯи таҳсил, муносибати калонсолон ба хурдсолон ва табъизи кӯдаконро фаро мегирад.
Созандагон ва ҳунармандони филми “Паканаи айнакдор” дар суҳбат бо муаллифи Your.tj гуфтанд, ки муҳтавои филм кадом паҳлӯҳои рӯзгори имрӯзаи наврасонро бозтоб медиҳад ва паёму ҳадафи он дар чист.
“Кӯдаконро азоб додан мумкин нест”
Коргардони филм Фарҳод Ғаффорпур, продюсерон Осим Орифпур ва Дилошӯб Орифзода мебошанд. Дар филм ба ғайр аз актёрони наврас ҳунармандони ҳирфаӣ Сорои Собир, Шуҷоат Ҷалолиддинов, Аҳлиддин Ҳасанов, Гулбаҳор Ғаффорова, Фаррух Сангинов, Ғайрат Қодиров, Сурайё Хоҷаева, Озода Аҳатова ва дигарон нақш бозидаанд.
Абдуқодир Норови 11 сола дар филми “Паканаи айнакдор” нақши қаҳрамони асосӣ – Сиёвушро иҷро мекунад. Ӯ тариқи кастинг соҳиби ин нақш шуд.
“Филм бори дигар ба тамошобин мефаҳмонад, ки кӯдаконро азоб додан мумкин нест. Иҷро кардани нақши Сиёвуш писандам омад. Хурсандам, ки онро ба ман бовар карданд. Бароям рафти наворгирии филм хотирмон буд.
Дар мавзеи Ҳафткӯл сабт доштем. Чунин кӯлҳои зеборо бори аввал тамошо кардам. Ҳангоми сабт бо чеҳраҳои шинохтаи ҳунару синамои тоҷик шинос шудам. Онҳо бо ман чун холаву амакам муносибат доштанд. Вақте калон мешавам, ба монанди онҳо актёри касбӣ шудан мехоҳам”,- афзуд Абдуқодир.

Кароматулло Норов падари ин актёри наврас аст. Соле қабл хушҳолии ӯро ҳадду канор набуд, зеро фарзандаш аз миёни 250 кӯдак барои иҷрои нақши Сиёвуш дар филми “Паканаи айнакдор” интихоб шуд.
“Пай бурдам, ки писарам пас аз нақшофарӣ дар филм ба синамо таваҷҷуҳи хос пайдо кард. Акнун ҳар филмро бо диққат тамошо мекунад. Ба эҳсос ва ифодаҳои маънодори чеҳраи ҳунарманд баҳо медиҳад. Дар дилаш орзуи актёр шудан пайдо шуд. Мо ҳамчун волидайн интихоби ӯро дастгирӣ мекунем. Бесаброна нахустнамоиши филмро интизор мемонем”, – бо лабханд гуфт падари қаҳрамони асосӣ.
Ба ғайр аз Абдуқодир Норов боз кӯдакони дигар, Самрат дар нақши Рустам, Суруш дар нақши Доро, Муҳаммадҷон дар нақши Бежан, Сумая дар нақши Моҳрӯ, Фариштамоҳ дар нақши Дилоро, Марям дар нақши Гулрӯ филмро бо бозии худ диданибоб сохтаанд.
Мубориза барои сохтани медиафазои миллӣ
Фарҳод Ғаффорпур муаллифи сенария ва коргардони филми “Паканаи айнакдор” аст. Ӯ бо ҳамроҳии Осим Орифпур ва Дилошӯб Орифзода соли гузашта дубора ба пеш бурдани кори эҷодии “Суғдсинамо” баргаштанд ва стратегияи рушди синаморо барномарезӣ намуданд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Яке аз муҳимтарин қарорҳои мо бунёд кардани синамо барои бачаҳо шуд. Мо ҳоло беш аз ҳар замон ба синамои миллӣ барои бачаҳо ниёз дорем. Имрӯзҳо дар замони ҷаҳонишавии фарҳангҳо пӯшида нест, ки фарзандони мо бо андешаҳо ва арзишҳои дигарон бузург шуда истодаанд. Як қисми дигари онҳо, ки ҳоло дар хориҷа зиндагиву таҳсил мекунанд, ҳатто забони тоҷикиро дуруст намедонанд.
Имрӯзҳо ҳамаи кишварҳо барои таблиғи худшиносии миллиашон талошҳои зиёд мекунанд. Ҳар кадомашон барои эҳёи фарҳанги миллӣ корҳои бузург анҷом медиҳанд, филмҳо месозанд, ҳар гуна маъракаҳои фарҳангӣ анҷом медиҳанд ва дар ин сабқат ҳатто аз азхудкунии фарҳанги мо ибо надоранд”,- изҳори нигаронӣ дорад коргардони тоҷик.
Ба назари ӯ, дар Тоҷикистон низ барои эҳёи фарҳанги миллӣ корҳои зиёде ба анҷом расида истодааст. Вале дар соҳаи синамо нисбати ҳамсояҳо қафотар истодаем.
Ҳоло зеҳн ва таваҷҷуҳи хурду бузурги мо дар дасти синамогарон ва афкорсозони бегона қарор дорад. Ва имрӯз филм сохтан муборизаеро мемонад, яъне талош варзидан барои сохтан ва нигоҳ доштани медиафазои миллӣ ногузир аст. Ин мубориза барои ҳифзи забон, ҳувият ва рӯҳи миллат аст.
“Ҳар филме, ки сохта мешавад сарфи назар ба сатҳу сифаташ як хиштест, ки бо он бинои синамои миллии даврони Истиқлол бунёд мешавад. Филми “Паканаи айнакдор” ҳам на танҳо як фэнтезии умедбахш барои тамошо ва фароғат аст. Ин таблиғи ҳикмат ва андешаҳои бобоҳои мост, ки бо забони синамо баён шуда ба худшиносиву худогоҳӣ даъват мекунад”, – иброз дошт Фарҳод Ғаффорпур.
Филме, ки барои кӯдакон ва ҳам калонсолон муассир аст
“Паканаи айнакдор” дар баробари сеҳру ҳазлу фароғат доштан боз мавзӯъҳои муҳимро дар бар мегирад. Бачаҳо метавонанд, ки аз он дар бораи мубориза бо таҳқиру озор, худшиносӣ, эътимод ба худ, оқибати амалҳо, бахшиш ва ҳамдардӣ чизеро биёмӯзанд.
Яке аз мавзӯъҳои дигаре, ки “Паканаи айнакдор” баррасӣ мекунад, мустаҳкам кардани робита миёни волидон ва фарзандон аст.
“Дар замони пурташвиши мо барои суҳбат бо фарзандон вақти кам ҷудо мешавад. Аксаран гуфтугӯҳои мо танҳо дар бораи мактаб ё мушкилоти молӣ мегузаранд ва мо аз нигарониҳои онҳо бехабар мемонем.
Пас аз якуним соли таҳия, мо бо ифтихор ин филмро ба тамошобин пешкаш мекунем. Ин филм, ки барои кӯдакон офарида шудааст, метавонад барои волидайн низ муфид бошад. Мо аз падару модарон даъват мекунем, ки бо фарзандонашон якҷо ба тамошо биёянд, то бо ҳам лаҳзаҳои хуш бигзаронанд ва барои сӯҳбатҳое, ки онҳоро ба ҳам наздик мекунад, заминае пайдо намоянд”,- изҳор медорад коргардон.
Мушкилоти филмбардорӣ ва роҳи халос аз онҳо
Тавре созандагони филм мегӯянд, расо як сол қабл сабти филми “Паканаи айнакдор” ҷараён дошт, ҳоло сохтани эффектҳои визуаливу оҳангу садо дар арафаи анҷомёбист. Кор бо гурӯҳи кӯдакони нозанину соҳибистеъдод, ҳунармандони зарифу пурҳунар ва тими гулчиншудаи филмсозони кишвар хеле гуворову хотирмон буд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Фазои эҷодӣ дар тимамон воқеан беназир буд. Дар соли сипарӣ дар минтақаи Ҳафткӯл сардии ҳаво аз ҳарсола барвақттар омад. Хатар буд, ки сабт ҳатто ба баҳори соли дигар гузошта шавад. Ин мушкилиҳои зиёд эҷод мекард, аз ҷумла кӯдакон, ки зуд калон мешаванд, шояд симои баъзеашон тағйир ёфта, идомаи саҳнаро бардоштан номумкин мешуд. Моҳи майи ҳамин сол пас аз танзим хостам, ки як саҳнаи иловагӣ бардорам, аммо имкон набуд. Аллакай, чеҳраи қаҳрамонони хурдсоли мо дигар шуда буд”, – гуфт Фарҳод Ғаффорпур.
Гурӯҳи эҷодӣ барои тамом кардани сабт то расидани сардӣ фурсати кам доштанд. Фазои номусоиди кӯҳистон ва обу ҳавои зуд тағйирёбанда ҳамеша сабтро ба таъхир меандохт. Масъулиятшиносӣ, садоқат ва худқурбонкунии аҳли тим буд, ки филмбардориро имконпазир кард.
“Ин ҳамаи моро ба ҳам наздиктар кард. Мо дар симои ҳамдигар нафарони ба худ наздикро кашф кардем. Ба андешаи ман, ин аз арзишмандтарин чизҳое буд, ки филм барои мо овард”, – хулоса кард коргардони филм.
Кӯдакон аз филми “Паканаи айнакдор” чӣ сабақ гирифта метавонанд?
Ҳунарманд Ромиши Яздон дар филм нақши милисаро иҷро кард. Ҳарчанд, ки нақш калон набуд, аммо барояш бозидани он хотирмону ҷолиб афтод. Қаҳрамони ӯ шахси масъулиятшиносест, ки пайдо кардани гурӯҳи кӯдакони ба Ҳафткӯл сафаркардаро супориш мегирад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Ҳангоми пайдо кардан кӯдакон гумон мекунанд, ки милиса мехоҳад онҳоро дастгир кунад ва аз ӯ мегурезанд. Аз ҳамин ҷо саргузашти хандаовару пур аз ҳолатҳои ғайриинтизор оғоз меёбад. Милиса пайваста онҳоро дунбол мекунад, аммо ҳар бор монеаҳо пеш меояд. Кӯдакон чанд бор аз дасташ раҳо мешаванд.
Дар охир ба ӯ муяссар мешавад, ки онҳоро дастгир намояд. Дастгир кардани милиса на барои ҷазо, балки барои кӯмак ва роҳнамоӣ аст. Ин саҳнаҳо бо услуби ҳаҷвӣ таҳия шуда, тамошобинро аз як тараф механдонад ва аз ҷониби дигар тарбия”, – андеша дорад ҳунарманд.
Ба назари ӯ, тамошои ин филм ба кӯдакону наврасон аз чанд ҷиҳат таъсири мусбат мерасонад. Он мавзӯи буллинг дар миёни хонандагонро ба миён мегузорад. Қаҳрамони асосӣ Сиёвуш аз ҳамсинфонаш қади пасттар ва камнурии чашм дорад. Аз ин рӯ, ҳамсинфон вайро “Паканаи айнакдор” -гуфта, масхара мекунанд.
“Ин ҳолат на танҳо дар филм, балки дар зиндагии воқеӣ низ зиёд дида мешавад. Тамошобинони наврас ҳангоми дидани филм мефаҳманд, ки масхара кардан, ҳақорат додан ва паст задани дигарон метавонад ба эҳсосу рӯҳи инсон осеб расонад.
Бо таъсири нарми синамо кӯдакону наврасон бо ҳамдигар меҳрубонтар шуда метавонанд. Онҳо дарк хоҳанд кард, ки дӯстӣ дар баробари дигар чизҳо хеле муҳим мебошад”, – шарҳ додо Ромиш Яздонӣ.
Ёдовар мешавем, ки киностудияи “Суғдсинамо” соли 2015 ифтитоҳ ёфт. Ин муассисаи эҷодӣ то имрӯз 15 филми гуногунжанрро ба навор гирифта, пешкаши тамошобин гардонид. “Паканаи айнакдор” 16-умин филми киностудия гардид.
Файзуллохон Обидов, Your.tj