fbpx

Нақшофарии ҳунарманди тоҷик дар филмҳои Русия. Парвиз Пӯлодӣ чӣ гуна ба синамои хориҷӣ роҳ ёфт?

Як сабаби дар филмҳои Русия нақш офаридани Парвиз Пӯлодӣ ин нишон додани паҳлӯҳои мусбати ҳаёти тоҷикон аст.


0

Парвиз Пӯлодӣ  ҳунарманди тоҷик, ки тайи чанд соли охир дар синамои Русия фаъолият дорад,  кӯшиш менамояд, ки дар нақшҳои офаридааш паҳлӯҳои мусбати ҳаёти тоҷиконро нишон диҳад ва исбот намояд, ки тоҷикон “Равшану Ҷамшуд” нестанд. Чанд рӯз пеш як филми дигари русӣ, ки Парвиз дар он нақши асосиро мебозад ба  намоиш гузошта шуд.

Парвиз Пӯлодӣ, дар бораи филми “Лена ва адолат” ва чӣ тавр ба синамои рус роҳ ёфтанаш нақл кард.

25 – уми август дар саросари кинотолорҳои Русия филми “Лена ва адолат” ба намоиш гузошта шуд, ки дар он нақши асосиро ҳунарманди тоҷик Парвиз Пӯлодӣ офаридааст. Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳунарнамоии Парвиз дар филмҳои Русия набуда, қаблан дар филмҳои “Ишқ ва сабзӣ – 4”, “Нереалити” (Ғайриодӣ) ва “Снерш: продолжение” (Тамасхур) – и коргардонҳои рус нақш офаридааст.

Нақши муҳоҷир

Қаҳрамоне, ки Парвиз Пӯлодӣ дар филми “Лена ва адолат” офаридааст, Мақсуд ном муҳоҷири меҳнатист, ки ба дасти роҳзанҳо меафтад ва онҳо шиносномаашро тасарруф мекунанд. Мақсуд баъди фирор аз дасти роҳзанҳо ба яке аз шаҳрҳои дурдасти Русия рафта, бо Лена ном зане ошно мешавад.

“Аслан Мақсуд соҳиби маълумоти олӣ ва омӯзгори донишгоҳ аст, аммо аз сабаби вазъи иҷтимоӣ ба муҳоҷират рӯ овардааст. Ӯ бо фирор аз дасти роҳзанҳо ба шаҳри дур рафта бо Лена шинос мешавад. Аз онҳо фарзанд ба дунё меояд, аммо аз сабаби набудани шиносномаи Мақсуд наметавонанд никоҳи худро ба расмият дароранд. Ин нақш бароям хеле писанд ва ҷолиб аст, дар он гоҳе маро таҳдид мекунанд ва гоҳе навозиш”-шарҳ медиҳад, Пӯлодӣ.

Тибқи сюжети филм, ин ҷуфт муддати даҳ сол зиндагӣ дошта, бо тарбияи фарзандон рӯзгори худро пеш мебаранд. Лена тӯйи афсонавиро орзу карда, лекин ба далели ҳуҷҷат надоштани интихобкардаи худ, онро гузаронида наметавонад. Ҳамчунин нигарон аст, ки Мақсудро метавонанд аз Русия хориҷ кунанд.

Ҳамсафари интихоб намудаи ӯ тасодуфан шиносномаи худро гум карда, ҳоло ба ҷойи идораи САҲШ (ЗАГС), тез-тез ба дасти кормандони пулис меафтад. Лена бошад Мақсудро аз шуъбаи пулис раҳо карда, ҳар бор ба шахсони анфиатдор ҳарчи бештар пул медиҳад.

Бояд қайд кард, ки ба ҷуз Парвиз Пӯлодӣ ҳунарманди дигари тоҷик Соро Сабзалиева низ дар ин филм нақш бозидааст.

Филми “Лена ва адолат” аз тарафи коргардони рус Екатерина Вешава ба навор гирифта шудааст. Парвиз ба ин филм аз тарафи устоди коргардон Андрей Кончеловский даъват шуд. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи театрии номи М. С. Шепкини шаҳри Маскав мебошад. Аз ҳамин сабаб бештар аз ҷониби ҳамсабақон ва дӯстонаш, ки ба кори филмофарӣ машғуланд, ба филмҳои русӣ даъват мешавад.

Лутфи ҳамватан

Барои қаҳрамони мо нақшофарӣ дар ин филм тамоман мушкил набуд, чун ӯ аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик хуб огаҳӣ дорард. Филми “Лена ва адолат” дар шаҳри Кашен ба навор гирифта шудааст. Ба нақли Парвиз ҳамррӯза мардум ҳангоми наворбардорӣ ба тамошо меомаданду ҳунарпешагонро бо кафкӯбиҳояшон дастгирӣ мекарданд.

Парвиз Пӯлодӣ мегӯяд, ки як пирамарди зодаи Тоҷикистон ҳар рӯз барояш хӯроки нисфирӯзӣ меовард, чун ӯ хӯрокҳои бо гӯшти хук омода шударо намехӯрд.

“Дар ҷараёни филмбардорӣ гурӯҳи зиёди сокинони шаҳр назди майдони навор ҷамъ омада, рафти сабти филмро тамошо мекарданд. Ҳар рӯз ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ ба гурӯҳи филмофарон хӯроки нисфирӯзӣ дода мешуд. Ман аз сабаби дар таркиби хӯрокҳо гӯшти хук будан аз онҳо истеъмол накарда, танҳо сабзавот мехӯрдам.

Ин ҳолатро як пирамарди тамошобин мушоҳида карда, рӯзе назди ман омада сабаби хӯроки гарм нахӯрданамро пурсид. Ман сабабро гуфтам. Ӯ гуфт, ки ман ҳам зодаи Душанбешаҳр ҳастам. Ту ҳамшаҳрии ман будаӣ. Агар зид набошӣ ман ҳар рӯз бароят моҳии бирён меорам.

Дар ҷавоби ин лутф ман дигар чизе гуфта натавонистам ва ҳамин тавр то анҷоми наворбардорӣ пирамард ҳар рӯз савори дучарха барои ман моҳии бирён меовард. Ҳамин гуна инсонҳои беҳтарин он ҷо зиндагӣ мекунанд”, – нақл мекунад, ҳамсӯҳбати мо.

Як сабаби дар филмҳои Русия нақш офаридани Парвиз Пӯлодӣ ин нишон додани паҳлӯҳои мусбати ҳаёти тоҷикон аст, ӯ мехоҳад ба тамошобин бирасонад, ки тоҷикон бузургу асилзода ҳастанд ва таъриху тамаддуни куҳан доранд.

“Дар ҳамаи нақшҳоям мехоҳам соҳиби фарҳангу таманддун будани тоҷиконро нишон диҳам. Чунки намехоҳам моро ҳамчун “Равшан ва Ҷамшуд”, балки чун асилзода, ашрофзода ва фарҳангӣ шиносанд.

Мо дар рафти филмофарӣ бо ҳунарманди машҳур Александр Обласов дӯстӣ пайдо кардем. Ба ман маълум шуд, ки бобои модарии ӯ низ тоҷик будааст ва ӯ аз ин ифтихор дорад. Пас чаро мо сарфароз набошем, ки дар ин сарзамин ба воя расидаем”, – бо ифтихор афзуд, қаҳрамони мо.

Зодаи деҳи куҳану шефтаи санъати асил

Парвиз Пӯлодӣ 12 декабри соли 1970 дар деҳаи Қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Аз замони наврасӣ ба санъати мусиқӣ ва овозхонӣ таваҷҷӯҳи беандоза дошт ва ҳатто дар ин ҷода устодони санъат – Аҳмад Зоҳир ва Кароматулло Қурбон барои худ идеал меҳисобид.

Аз ҳунармандони филмҳои машҳури ҳиндӣ, ки он солҳо тамошобини зиёд доштанд, нақшофарии Амитабх Баччан барояш намунаи ибрат буд.

“Деҳаи мо маконҳои таърихии зиёд дорад ва замони кӯдакии мо зуд – зуд он ҷо филмҳо ва барномаҳои консертӣ ба навор мегирифтанд. Ман аз дур ин гуна саҳнаҳоро тамошо мекардам. Ҳатто ҳангоми наворбардории филми “Ҷӯра шикорчӣ” дар яке аз саҳнаҳои умумӣ иштирок намуда будам. Фикр мекунам таъсири ҳамин омилҳо буд, ки ман роҳи санъатро пеша кардам”, – иброз дошт, Парвиз Пӯлодӣ.

Панди Кароматуллоҳ Қурбон

Дар айёми наврасӣ, рӯзе Парвизи кӯчакро садое ба самти худ мекашид, ки мегуфт: “Ай Худо модари ман боз ба ман деҳ”. Ӯ дунболи ин садо рафт ва худро дар майхонаи тарабхонаи Қалъаи Ҳисор дарёфт.

Замоне ба худ омад, ки майфурӯш ӯро берун карда мегуфт, ки эй кӯдак баро, ин ҷо ҷойи ту нест. Аз ҳамон замон садои Аҳмад Зоҳир дар дили қаҳрамони мо нишаст. Баъди муддате, соли 1983 дар ҳамон тарабхона дидори Парвиз Пӯлодӣ бо Кароматуллоҳ Курбон сурат гирифт. Дидоре, ки тақдири ин навраси шӯху беқарорро тағйир дод.

“Шунидем, ки дар тарабхонаи Қалъаи Ҳисор сабти барномаи консертии ансамбли “Суғдиён” баргузор мешавад. Бо ҷӯраҳо барои тамошо рафтем. Ҳангоме ки Кароматуллоҳ Қурбонро аз наздик дидем, хеле дар ҳаяҷон будем. Аз беқарорӣ чи кор карданамонро намедонистем. Гаштаю баргашта номи устодро садо мекардем. Чун ӯ ба мо нигоҳ мекард аз ҳаяҷон чизе нагуфта, хомӯш мемондем.

Ҳамин тавр ба раванди сабт халал расондем. Устод Кароматуллоҳ маро даъват карда, номамро пурсид. Ман гуфтам Парвиз. Ӯ гуфт: «- Бисёр номи зебо, лекин ин амалҳоят ба номат намезебад” ва ба ман ду дона қанд дод. Ин сухан барои ман ҳамчен панд шуд. Баъд аз он ҳамеша мекӯшам, ки ба номам арзанда бошам”, – ёд меорад, ҳамсӯҳбати мо.

Нахустқадамҳо дар ҷодаи санъат

Қаҳрамони мо пас аз ин вохӯрӣ шефтаи ҳунари Кароматуллоҳ Курбон шуда, ҳамеша дар пайравии ӯ сурудҳо замзама мекард. Шавқу завқи ӯро нисбати санъат падар мушоҳида карда, овони мактабхонӣ ба ӯ асбоби мусиқии аккардион харида медиҳад.

Парвиз бо ин асбоб дар тамоми чорабиниҳои мактаб фаъолона иштирок карда, ҳаводорони худро пайдо намуда буд.  Баъди хатми мактаб бо ҳидояти падар ба Донишкадаи театрии ба номи М. С. Шепкини шаҳри Маскав дохил шуд.

Соли 2010 бо даъвати ҳунарпешаи шинохта Муҳамадалӣ Маҳмадов ба “Қазоқфилм” роҳ ёфт. Дар аввал ӯ дар дубяжи филмҳо ба нақшҳое, ки бояд бо забони дарӣ ҳарф мезаданд, овоз медод. Сипас дар яке аз филмҳои онҳо нақши хурд офарид. Соли 2017 дар филмҳои “Амалиёти муҳаббат” – киностудияи “Star media” ва “Бародарӣ”-и “Мосфилм” нақш офарид.

“Бо дастгириҳои бешумори Муҳаммадалӣ Маҳмадов якбора ба синамои хориҷа роҳ пайдо кардан бароям дастоварди бузург буд. То ин вақт хаёли нақшофарӣ дар филмҳоро ҳам надоштам. Боиси ифтихор аст, ки бо ин ҳунарманди машҳури сатҳи байналмиллалӣ дар чандин филмҳо якҷоя нақш бозӣ кардам”, – афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Дилбохтаи санъати синамои миллӣ

Парвиз Пӯлодӣ нафарест, ки тамоми ҳастияшро ба санъат бахшида, ҳам дар оҳангсозӣ, ҳам сарояндагӣ ва ҳам актёрӣ муваффақ шудааст. Ӯ пас аз хатми донишкада ба Ватан баргашта, муддате дар театр ва сипас дар телевизион ба ҳайси коргардони барномаҳо фаъолият намудааст. Парвизро мухлисонаш ҳамчун оҳангсоз, сароянда ва ҳунарманд мешиносанд.

Нақшҳои ӯ натанҳо дар филмҳои хориҷӣ, балки дар “Тоҷикфилм” низ муассир ва назаррасанд. Охирин нақши офаридаи ӯ дар синамои тоҷик дар филми “Охирин сайди сайёд” – и коргардони муваффақ Муҳаммадрабии Исмоил буд. Парвиз дар он яке аз нақшҳои асосиро иҷро кард. Ӯ боз ба ду филми нави ватанӣ даъват шудааст, ки банаворгирии онҳо ба наздикӣ оғоз хоҳад ёфт.

       Ҷовидон РАҲМОНАЛИЕВ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend