Тавзеҳ: Боҷи гумрукӣ барои воридоти смартфонҳо 20 евро муқаррар шудааст, на 20% тавре қаблан хабар дода мешуд.
Қаблан хабар дода шуд, ки аз 1-уми июл дар Тоҷикистон барои воридоти телефонҳои мобилӣ ва смартфонҳо боҷи гумрукӣ ба андозаи 20% ҷорӣ мешавад.
Ин маълумот ба ҳақиқат мувофиқат намекунад. Боҷи гумрукӣ новобаста ба арзиши таҷҳизоти воридшаванда 20 евро муқаррар шудааст.
Меъёри боҷи гумрукии воридотӣ бетағйир аст. Онро ҳатто дар ҳолати танҳо як телефон барои истифодаи шахсӣ ворид намудан ҳам бояд пардохт кард.
Қаблан, боҷи гумрукӣ барои смартфон ва дигар телефонҳо вуҷуд надошт.
Қоидаи нав ба дастгоҳҳое татбиқ мешавад, ки бо рамзҳои молии 8517130000 (телефонҳои мобилии одӣ) ва 8517140000 (смартфонҳо) ворид мешаванд. Пештар воридоти чунин дастгоҳҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ озод буд.
Ин меъёр тибқи Қарори Ҳукумат №346 аз 10 июн тасдиқ шудааст.
Ҳамин тариқ, барои смартфони воридшуда аз 1 июл дар ҳаҷми 20 евро боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда – 14% аз арзиши гумрукии мол ва маблағи хизматрасонии брокерӣ ситонида мешавад.
Танҳо баъд аз пардохти ҳамаи ин маблағҳо, мумкин аст IMEI (рамзи мушаххаси телефон)-и воридшуда, нав ё истифодашуда, ба қайд гирифта шавад. Айни ҳол, бақайдгирии IMEI пулакӣ нест ва ройгон боқӣ мемонад.
Барои маълумоти нодурусте, ки қаблан нашр шуда буд, узр мепурсем.