Ҳар сол дар Тоҷикистон одамон аз бемориҳои сироятие, ки ба антибиотикҳо муқовимат доранд, мефавтанд, дар ҳоле ки муолиҷаи онҳо имконпазир аст. Бактерияҳо ба доруҳо устувор ва ё муқовиматнок мешаванд ва самаранокии онҳоро гум мекунанд.
Ин мушкил боз ҳам шиддат мегирад, зеро дорухонаҳо антибиотикҳоро бе дорухат мефурӯшанд ва баъзе табибон онҳоро бе зарурати тиббӣ таъйин мекунанд. Худи беморон низ ба худмуолиҷа машғул мешаванд ё курси табобатро нопурра мегузаранд, ки ин боиси пайдошавии бактерияҳои устувор мегардад.
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз рӯи сатҳи фавт аз сабаби бактерияҳои ба антибиотикҳо устувор дар ҷои дуюм қарор дорад. Дар соли 2021, тақрибан 1200 нафар аз чунин сироятҳо бевосита фавтиданд ва боз тақрибан 4700 ҳолати марг бо сабаби мураккабшавии бемориҳо бинобар самаранок набудани антибиотикҳо ба қайд гирифта шуд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷиддияти вазъро эътироф мекунад, аммо тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки чораҳои андешидашуда барои муқобила бо ин хатари афзоянда ҳоло кифоя нестанд. Дар Тоҷикистон, имрӯз одамон аз бемориҳое, ки ба антибиотикҳои одӣ устуворанд, нисбат ба бемориҳои шуш ё ҳатто диабет бештар мефавтанд.
Тибқи пешгӯӣ, то соли 2050, муқовимати бактерияҳо ба антибиотикҳо метавонад сабаби марги ду миллион нафар дар як сол дар саросари ҷаҳон гардад.
“Агар ман реҷаи қабули антибиотикро вайрон кунам, ба фарзандон, наздикон ва тамоми атрофиёнам мушкил мешавад”
Муқовимати микробҳо ба антибиотикҳо ин қобилияти бактерияҳо ба доруҳое, ки қаблан онҳоро нобуд мекарданд. Ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки бактерияҳо бо гузашти вақт тағйир меёбанд ва ба доруҳо одат мекунанд. Дар натиҷа, табобати сироят мушкилтар мешавад ва истифодаи доруҳои пуриқтидортар зарур мегардад. Дар ҳолатҳои вазнин, бактерияҳо метавонанд ба тамоми намудҳои антибиотикҳо устувор шаванд. Дар чунин ҳолат, муолиҷаи бемор хеле душвор мешавад ва беморӣ метавонад ба оқибатҳои ҷиддии саломатӣ ё ҳатто марг оварда расонад.
“Ин мушкилест, ки ҳар як шахс бояд онро дарк кунад. Муқовимат ба антибиотик мушкили шахсии ман нест, ин мушкили умумист, – мегӯяд дар мусоҳиба бо Your.tj духтури неонатолог Фаррух Бақоев. – Агар ман парҳезро риоя накунам, гирифтори фарбеҳӣ ё диабет мешавам, аммо агар реҷаи қабули антибиотикро вайрон кунам, мушкил на танҳо ба ман, балки ба фарзандон, хешовандон ва тамоми атрофиёнам таъсир мерасонад. Бисёре аз беморон курси табобатро то охир намегузаронанд, бактерия пурра нобуд намешавад ва устувор мегардад. Яъне, духтур метавонад антибиотики дуруст таъин кунад, аммо бемор онро нодуруст истифода мекунад».
Бино ба маълумоти Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC), тақрибан сеяки ҳолатҳои истифодаи антибиотикҳо дар одамон бе зарурати воқеӣ сурат мегирад ва ба стандартҳои тиббӣ мутобиқ нест.
Антибиотикҳо танҳо дар мубориза бо бемориҳои бактериявӣ самара доранд ва бар зидди сироятҳои вирусӣ умуман бефоидаанд. Масалан, ангинаи стрептококкӣ, ки бактериявӣ аст, ба антибиотикҳо ниёз дорад. Аммо дар аксарияти ҳолатҳо, дарди гулӯ аз вирусҳо пайдо мешавад ва табобат бо антибиотикҳо зарурат надорад.
Баъзе сироятҳои вирусии маъмуле, ки антибиотикҳо бар зидди онҳо самара надоранд:
- Зуком одӣ ё шамолхӯрӣ;
- Зуком;
- Бронхит;
- Аксар навъҳои сулфа;
- Баъзе бемориҳои сирояти гӯш;
- Баъзе намуди синусит;
- Сироятҳои рӯда;
- Коронавирус (COVID-19).
Истифодаи антибиотикҳо ҳангоми сирояти вирусӣ бемориро муолиҷа намекунад, паҳншавии инфексияро ба дигарон пешгирӣ намекунад, аломатҳоро сабук намесозад, метавонад таъсири номатлуб ва зараровар гузорад ва ба рушди муқовимати бактерияҳо ба антибиотикҳо мусоидат мекунад.
Масъала то чӣ андоза ҷиддӣ аст?
Мувофиқи маълумоти соли 2019 (таҳқиқоти навтар то имрӯз гузаронида нашудааст), дар Тоҷикистон бояд ба панҷ навъи бактерия таваҷҷуҳи махсус дода шавад, зеро онҳо бинобар муқовимати васеъ ба антибиотикҳо хатари ҷиддӣ доранд.
Ин бактерияҳо аксар вақт боиси бемориҳои музмини роҳҳои нафас, системаи пешобу таносул, системаи ҳозима, пардаҳои мағзи сар, сироятёбии захмҳо ва хун (сепсис) мешаванд.
Инфографикаи боло – маълумоти моделсозишуда мебошад ва табибон ба дақиқии ин маълумот шубҳа доранд.
“Ман дар ягон ҷо надидаам, ки табибон сабаби маргро айнан антибиотикорезистентӣ (муқовимат ба антибиотик) қайд кунанд. Маълумоти дақиқ қариб нест. Ҳадди ақал, мо чунин чизеро надидаем. Одатан, марг аз сабаби бемории асосӣ сурат мегирад ва дар таърихи беморӣ ишора намешавад, ки сабабаш устуворӣ ба антибиотик аст”, – мегӯяд Фаррух Бақоев.
Ҷамъоварии маълумоти дақиқ дар саросари кишвар оид ба чунин мушкилоти мураккаб, ба монанди сабаби марг, бисёр душвор аст. Дар чунин ҳолатҳо, муҳаққиқон тамоми маълумоти дастрас, масалан, аз баъзе беморхонаҳо, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, омори маргро ҷамъоварӣ карда, бо истифода аз алгоритмҳои махсус (моделҳо) таҳлил мекунанд. Ин моделҳо маълумоти мавҷударо таҳлил карда, қонуниятҳоро муайян менамоянд ва бар асоси онҳо тасвири эҳтимолии шумори фавт аз баъзе сироятҳои муайянро дар Тоҷикистон ҳисоб мекунанд.
Камбуди омори умумимиллӣ ва муосир дар бораи он низ мушоҳида мешавад, ки табибон сари чанд вақт ва чӣ гуна антибиотик таъйин мекунанд. Охирин маълумоти дастрас таҳқиқоти соли 2016 дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд ва онҳо низ нишон медиҳанд, ки масъала он вақт ҳам ташвишовар буд.
Ҳадди ақал ба 16% беморон табибон дар як вақт истифодаи аз 5 то 8 доруро таъйин мекарданд. Таъйин намудани миқдори зиёди доруҳоро дар тиб “полифрагмазия” меноманд, ки он хатарнок аст, зеро хавфи таъсири манфии доруҳо ба бемор зиёд мешавад. Дар 53% ҳолатҳо ба беморон антибиотик таъйин мешуд. Хусусан, антибиотикҳо бештар ҳангоми бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ, системаи пешобу таносул ва осебҳо тавсия мешуданд.
Дар Қонуни “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” зикр нашудааст, ки чанд дору метавонад ба бемор таъйин гардад, аммо дар сӯҳбатҳо бо табибон маълум шуд, ки тибқи протоколҳо дорухат бояд дар варақаи расмии давлатӣ навишта шуда, на зиёда аз 3 доруро дар бар гирад. Ғайр аз ин, табибон ҳуқуқ надоранд, ки номи тиҷоратии доруро нависанд (банди 2 моддаи 25 ҳамин қонун).
Дар дорухона, дорусоз (провизор) бояд ба бемор маҳсулоти ширкатҳои гуногунро пешниҳод кунад, масалан, истеҳсоли Олмон, Ҳинд ё Русия ва интихоб ҳамеша бояд ба дӯши худи бемор бошад.
“Аммо, мутаассифона, на ҳамаи дорусозҳои мо сатҳи зарурии тахассус доранд, то ба бемор ширкатҳои беҳтарини доруро пешниҳод кунанд. Аз ин рӯ, табибон номи тиҷоратии доруро менависанд, бо такя ба таҷриба, эътимод ба маҳсулот, бренд ё ширкат, ки то ҷое ман медонам, ин амал ба қонун мухолифат мекунад”, – шарҳ медиҳад табиб Фаррух Бақоев.
Тибқи маълумоти СММ, дар Тоҷикистон аз соли 2016 то 2021 истеъмоли антибиотикҳо якбора афзоиш ёфтааст. Хусусан, истифодаи антибиотикҳои ба ном “захиравӣ”, ки одатан танҳо дар ҳолатҳои фавқулода, вақте дигар доруҳо кӯмак намекунанд, истифода мешаванд, ба маротиб зиёд шудааст.
“Яке аз сабабҳо шояд он бошад, ки табибон мехоҳанд, бемор фавран таъсири табобатро эҳсос кунад, бинобар ин антибиотикҳои қавиро таъин мекунанд”, – мегӯяд Фаррух Бақоев.
Маълумоти боз ҳам нигаронкунанда дар таҳқиқоти соли 2022 дар бораи бистаришавии беасос ва полифармакотерапия (истеъмоли якбораи доруҳои зиёд) оварда шудааст. Таҳқиқот нишон дод, ки дар байни кӯдакони бистаришуда 92% ҳадди ақал як антибиотик гирифтаанд, ва 86% кӯдакони гирифтори дарунравӣ бидуни нишондиҳандаҳои тиббӣ антибиотик қабул кардаанд. Дар байни занҳои ҳомила 29% антибиотик гирифтаанд, аксаран барои ташхисҳое, ки тасдиқи қатъӣ надоранд, ба монанди пиелонефрити музмин (илтиҳоби сироятии гурда) ё бемориҳои роҳи нафас.
“Албатта, таъйиноти беасос низ вуҷуд дорад, – мегӯяд неонатолог Фаррух Бақоев. – Шояд иттилоот дар бораи истифодаи оқилонаи антибиотикҳо то ба табибон ва беморон намерасад. Ва шояд як сабаби дигар – дастрасии осони антибиотикҳост. Онҳоро дар ҳама дорухона бидуни дорухат харидан мумкин аст”.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат, мушкили истифодаи худсаронаи антибиотикҳо аз ҷониби беморон вуҷуд дорад. Дар соли 2021 олимон дар муддати 4 моҳ дохили доруқуттии 552 сокини шаҳрҳои Душанбе ва Бохтарро омӯхта, пурсидаанд, ки онҳо дар кадом ҳолатҳо дору истеъмол мекунанд.
Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар Тоҷикистон ҳар дуюм антибиотик аз ҷониби беморон худсарона, бидуни тавсияи табиб, истифода мешавад. Одатан, антибиотикҳоро дар вақти таб ва бемориҳои шамолхӯрдагӣ истифода мебаранд. Ғайр аз ин, аксари беморон пас аз эҳсоси беҳбудии аввал, қабулт доруро қатъ мекунанд ва то охир намерасонанд.
Таҳқиқоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ки соли 2021 гузаронида шуд, нишон дод, ки бисёре аз антибиотикҳо, ҳатто онҳое ки бояд бо эҳтиёт истифода шаванд (ба ном гурӯҳи “назорат”), тақрибан дар ҳар як дорухонаи Тоҷикистон дастрасанд.
Масалан, антибиотикҳое ба мисли фторхинолонҳо ва сефалоспоринҳои насли 3-юм дар 96–97% дорухонаҳои мавриди таҳқиқ мавҷуд буданд. Тааҷҷубовар он аст, ки антибиотикҳои “қавӣ” ҳатто нисбат ба баъзе доруҳои асосие, ки бояд дар табобат аввал истифода шаванд (гурӯҳи “дастрас”), бештар дастрасанд.
Ин гуна дастрасии осон, махсусан дар шароите ки 77% фурӯши антибиотикҳо дар кишвар бе дорухат сурат мегирад, заминаи комил барои худтабобаткунӣ ва истифодаи нодурусти доруҳоро муҳайё месозад. Одамон метавонанд антибиотикҳоро ҳангоми сироятҳои вирусӣ истифода кунанд ё курси табобатро пеш аз вақт қатъ намоянд, ки дар чунин ҳолатҳо онҳо бефоидаанд.
Ҳамаи ин ба таври мустақим ба афзоиши муқовиматнокии бактерияҳо оварда мерасонад ва доруҳое, ки қаблан муассир буданд, ба ҳабҳои бесамар табдил ёфта, буҳрони устувории микробҳо ба доруҳоро дар кишвар боз ҳам шадидтар мекунад.
Мушкили ҷиддии сироятҳои дохилибемористонӣ дар Тоҷикистон
Соли 2021, олимони Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон бактерияҳоро дар зоишгоҳҳо таҳлил карданд ва муайян намуданд, ки 6 навъи антибиотик алайҳи онҳо дигар самаранок нестанд: Клафоран, Невиграмон, Пенитсиллин, Сумамед, Эритромитсин ва Тетратсиклин.
Барои ин таҳқиқ, онҳо 126 намуна гирифтанд: шустаҳо аз рӯйи сатҳҳои гуногун (дастаи дар, ҷумаки об ва ғ.), намунаҳои ҳаво дар утоқҳои таваллуд ва шифохонаҳо, инчунин олудаҳо аз кормандони тиб, занони таваллудкунанда ва навзодон (аз ҳалқ, бинӣ ва пӯсти даст). Бактерияҳои ёфташударо олимон ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим карданд – флораи коккӣ (стафилококкҳо, стрептококкҳо) ва энтеробактерияҳо (ба монанди чӯбчамикроби рӯда ва клебсиелла) ва вокуниши онҳоро ба 12 намуди антибиотик санҷиданд.
То анҷоми безараргардонӣ (дезинфексия), тақрибан нисфи ҳамаи намунаҳо бактерия доштанд. Бештар эпидермалӣ ва стафилококки тиллоӣ (золотистый стафилококк) пайдо мешуданд. Пештар ҳам зикр шуда буд, ки то соли 2019, дар Тоҷикистон аз стафилококки тиллоӣ, камаш 535 нафар фавтидаанд. Илова бар ин, дар намунаҳо чӯбчамикроби рӯда (кишечная палочка), синегнойная палочка ва замбурӯғҳои хамиртурш низ ошкор шудаанд. Бештари бактерияҳо дар бахши қабули беморон, утоқи таваллуд ва утоқи амалиётӣ ёфт шудаанд.
Табиби бемориҳои сироятӣ, Мурод Гадойбоев, тасдиқ мекунад, ки дар Тоҷикистон мушкили сироятҳои дохилибемористонӣ воқеан вуҷуд дорад:
“Дар Тоҷикистон, мисли дигар ҷойҳо, ин мушкил мавҷуд аст. Сироятҳои дохилибемористонӣ қариб дар ҳама ҷо якхелаанд – бештар стафилококки тиллоӣ ва синегнойная палочка паҳн мешаванд. Муолиҷаи ин бактерияҳо на танҳо дар мо, балки дар тамоми ҷаҳон душвор аст”, – мегӯяд Гадойбоев.
Пас аз безараргардонӣ, шумораи микроорганизмҳо дар зоишгоҳ аз 50% то 20% коҳиш ёфт. Ҳузури ин микроорганизмҳо, хусусан навъҳои устувор, дар сатҳҳо ва дар бадани одамон дар беморхона хатари баланди сироятҳои дохилибемористониро ба вуҷуд меорад.
Мушкили асосии сироятҳои дохилибемористонӣ дар чист? Ин сироятҳо аз навъҳои махсуси бактерияҳое пайдо мешаванд, ки дар бемористон “зиндагӣ мекунанд”. Аз сабаби тамоси доимӣ бо антибиотикҳо ва маводи дезинфексиявӣ, онҳо мутатсия мекунанд ва ба бисёр доруҳо муқовимат пайдо менамоянд. Масалан, илтиҳоби шуш (пневмония), ки аз чунин навъи бемористонӣ ба вуҷуд меояд, ба маротиб хатарноктар аз илтиҳобест, ки дар кӯча мегирем, чунки табобати он душвортар аст.
“Агар сирояти дохилибемористонӣ ошкор шавад, бемор бояд фавран дар утоқи алоҳида (бокс) изолятсия шавад. Ман бовар дорам, ки дар ҳар беморхона протоколҳои мушаххас вуҷуд доранд, ки чӣ гуна ба чунин ҳолатҳо зуд вокуниш намоянд”, – мегӯяд Даврон Муҳаммадиев, мушовири калони Департаменти тандурустӣ ва нигоҳубини Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.
Чӣ гуна ин бактерияҳои хатарнок метавонанд ба бемор интиқол ёбанд? Неонатолог Фаррух Бакоев ба нақши калидии гигиенаи кормандон ишора мекунад:
“Мушкили асосӣ, ҳадди ақал дар соҳаи ман – неонатология, ин дастони чиркини табибон аст. Табиб баъд аз ҳар муоинаи кӯдак бояд дастҳояшро бишӯяд, аз салфеткаҳои якдафъаина ё дастмолҳои махсуси безараргардонидашуда истифода барад. Эҳтимол, дар клиникаҳои махсуси шаҳрӣ ин қоидаҳо риоя мешаванд. Аммо дар минтақаҳо назорат сусттар аст. Аксаран табибон метавонанд худ сироятро аз як бемор ба бемори дигар тавассути дасти олуда интиқол диҳанд”.
Дар дохили бадан бактерияҳо метавонанд ба антибиотикҳо муқовимат дошта бошанд, аммо берун аз он – бо маводи оддии дезинфексиявӣ осон нобуд мешаванд. Аз ин рӯ, тавре ки Даврон Муҳаммадиев мегӯяд, дезинфексияи мунтазам бояд дар беморхонаҳо дар мадди аввал бошад:
“Сирояти дохилибемористонӣ ба ду омил вобаста аст. Якум – таъйини дуруст ва зери назорат будани истифодаи антибиотикҳо. Дуюм – муайянсозии саривақтии сирояти дохилибемористонӣ, ҷудо кардани бемор, дезинфексияи доимӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ. Масалан, зоишгоҳҳо, ҳадди ақал, ҳар 3–6 моҳ барои дезинфексия баста мешаванд, чунки инфексияҳо барои занони таваллудкунанда бисёр хатарноканд”.
Тоҷикистон чӣ гуна бо устувории бактерияҳо мубориза мебарад
Соли 2020 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беш аз 500 табибони клиникаҳо ва ҳамшираҳои калони тибб дар калонтарин бемористонҳои кишвар омӯзишҳо баргузор кард, то истифодаи оқилонаи антибиотикҳоро, хусусан дар муолиҷаи сироятҳои вирусӣ, ки онҳо дар чунин ҳолатҳо самарабахш нестанд, тарғиб намоянд.
Соли 2023, 17 мутахассис аз Тоҷикистон дар Эрон омӯзиши истифодаи протоколи Tricycle-ро гузаштанд. Ин протокол барои таҳқиқи робитаи байни генҳои инсон, ҳайвонот, муҳити зист ва устуворӣ ба антибиотикҳо истифода мешавад ва геноми бактерияи E. coli-ро таҳлил мекунад.
E. coli, ё Escherichia coli, як навъи бактерияест, ки одатан дар рӯдаи инсон ва ҳайвонот зиндагӣ мекунад. Аксари намудҳои E. coli безиёнанд ва қисми муҳими микрофлораи солими рӯдаро ташкил медиҳанд, ки дар ҳазми ғизо кӯмак мекунанд. Аммо баъзе навъҳои E. coli метавонанд патогенӣ (бемориовар) бошанд ва боиси бемориҳои рӯда ё роҳҳои пешоб гарданд. Дар ҳолатҳои нодир E. coli метавонад менингит ё сепсис (заҳролудшавии хун)-ро ба вуҷуд орад.
Соли 2018 Тоҷикистон Нақшаи миллии амал оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ (УЗД) барои солҳои 2018–2022-ро қабул кард. Вазифаи аввалиндараҷаи он то охири соли 2022 “баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи мушкили устувории антибактериалӣ” буд.
Бар асоси гузориши TrACSS барои соли 2022, ки дар он кишварҳо пешрафти худро дар мубориза бо УЗД худбаҳодиҳӣ мекунанд, Тоҷикистон маъракаҳои иттилоотии умумиҷумҳуриявӣ дар бораи ин мушкилро анҷом надодааст. Ҳамзамон, гузориш нишон медиҳад, ки кишвар Нақшаи амалкунандаи миллии мубориза бо УЗД-ро амалӣ накардааст, вале нақшаи навро барои солҳои 2023–2026 таҳия намудааст. Мавҷудияти чунин нақшаи миллӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон мушкилро эътироф мекунад ва мубориза бо он барои кишвар як афзалият ба ҳисоб меравад.
“Имрӯз мо бо бузургтарин таҳдиди глобалӣ ба соҳаи тандурустӣ – устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ рӯ ба рӯ ҳастем”, – изҳор дошт вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода моҳи сентябри соли 2024.
Аммо мо натавонистем нусхаи ин Нақшаи миллиро дар манбаъҳои кушода пайдо кунем.
Ҳисоботи TrACSS барои соли 2023 нишон медиҳад, ки Тоҷикистон татбиқи стратегияи нави мубориза бо УЗД-ро оғоз кардааст, вале, мисли пештара, маъракаҳои иттилоотии фарогир барои баланд бардоштани огоҳии мардум гузаронида намешаванд.
СУТ бар он аст, ки Тоҷикистон дар рушди низоми назорати эпидемиологӣ нисбат ба УЗД “пешрафти назаррас” кардааст. Юдит Спрункен, корманди техникӣ дар дафтари СУТ дар Тоҷикистон, аз дастовардҳои асосӣ таъсиси Лабораторияи миллии референсӣ ва ҷорӣ кардани тартиботи стандартии амалиётӣ барои мониторинги УЗД-ро ном бурд.
Дар Тоҷикистон аз соли 2017 Лабораторияи миллии референсӣ (ЛМР) фаъолият мекунад, ки яке аз самтҳои таҳқиқотии он “ҳассосият ба антибиотикҳо” мебошад. Аммо далеле мавҷуд нест, ки ин лаборатория барои ҳамаи патогенҳои афзалиятноки марбут ба устувории антибактериалӣ таҳлил мегузаронад – натиҷаҳои фаъолияти он барои ҷомеа дастрас нестанд.
Ба савол дар бораи он ки системаи назорати эпидемиологӣ вуҷуд дорад ё не ва вазъи УЗД дар лабораторияи референсӣ чӣ гуна аст, посух дода нашуд. Дар ҷавоб ба дархости расмӣ ба мо танҳо мавҷудияти стратегияи миллиро то соли 2026 таъкид карданд ва гуфтанд, ки кор дар самти муқовимат ба доруҳои зиддимикробӣ фаъолона идома дорад:
“Лабораторияи миллии референсӣ дорои мутахассисони баландихтисос буда, таҳқиқоти босифатро оид ба патогенҳои афзалиятнок анҷом медиҳад, лаборатория бо таҷҳизоти муосир ва реактивҳо таъмин аст”, – навиштааст Барно Баротова, мутахассиси пешбари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон оид ба хизматрасониҳои лабораторӣ дар ҷавоб ба дархости рӯзноманигор.
Дар мавриди “дигар саволҳои мавриди таваҷҷуҳ” моро ба Вазорати тандурустӣ равона карданд. Дархост ба он ҷо қабул шуд, вале баъдан посух дода нашуд. Наргис Абдураҳмонова, мутахассиси Вазорати тандурустӣ, ки ҳамоҳангсози мубориза бо муқовимат ба доруҳои зиддимикробӣ дар Тоҷикистон аст, аз мусоҳиба даст кашид.
Мо инчунин ба озмоишгоҳи хусусии тиббии “Диамед” муроҷиат кардем, то рӯйхати антибиотикҳое, ки дар баданҳои беморон муқовимат ба онҳо муайян шудааст ва шумораи ҳолатҳои муқовимат ба ҳар кадомро дарёфт намоем. Дархост қабул шуд, вале то лаҳзаи нашри мавод ба он посух дода нашудааст.
Чӣ гуна метавон афзоиши фавтро аз бемориҳои ба антибиотикҳо устувор боздошт?
Муқовимат ба антибиотикҳо барои Тоҷикистон мушкили нав нест. Дар соли 1998 дар кишвар эпидемияи салмонеллёз паҳн шуда буд – бемории шадиди рӯда аст, ки ба антибиотики “ципрофлоксацин” муқовимат нишон дод.
Тибқи ҳисобҳои охирин, дар Тоҷикистон ҳар сол тақрибан 1200 нафар бевосита аз сабаби самаранок набудани антибиотикҳо мефавтанд. Зиёда аз 4700 нафар ба сабаби мураккаб шудани ҷараёни бемориҳо бар асари муқовимати бактерияҳо ба антибиотикҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.
Ба гурӯҳи хатари фавт одамоне шомиланд, ки ба бемориҳое чун сил, бронхит, илтиҳоби шуш, менингит ва дигар бемориҳое, ки тавассути сироятҳои роҳҳои поёнии нафас, хун ва роҳҳои пешобгузар ба вуҷуд меоянд, гирифторанд.
“Хушбахтона, муқовимат ба антибиотикҳои захиравӣ чун меропенем, линезолид, моксифлоксатсин ва ванкомитсин хеле кам мушоҳида мешавад, –мегӯяд Мурод Гадойбоев, ёвари кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. – Муқовимат ба тақрибан ҳамаи антибиотикҳо танҳо дар бемороне мушоҳида мешавад, ки сирояти шадидро аз сар гузаронидаанд”.
Бояд ба назар гирифт, ки бе табобат бо антибиотикҳои шумори фавт байни чунин беморон ба таври назаррас баландтар шуда метавонад, қайд менамояд Мурод Гадойбоев.
“Албатта, муолиҷаи минбаъдаи ин гуна беморон кори хеле душвор аст. Дар ихтиёри мо тамоми доруҳои гурӯҳи захиравӣ, ки дар кишварҳои пешрафта истифода мешаванд, нестанд, бинобар ин мо маҷбур мешавем онҳоро фармоиш диҳем”, – мегӯяд Гадойбоев.
Мутахассисони тибб мутмаинанд, ки сабаби асосии зиёдшавии муқовимати бактерияҳо – ин муолиҷаи худсаронаи сироятҳо ва таъйини худсаронаи антибиотикҳо аз ҷониби беморон аст.
Даврон Муҳаммадиев пешниҳод мекунад, ки фурӯши антибиотикҳо бояд мисли доруҳои психотропӣ зери назорати шадид қарор гирад, то истифодаи худсаронаи онҳо пешгирӣ шавад:
“Имрӯз дар ҳар дорухона ҷевонҳои махсус барои доруҳои психотропӣ вуҷуд доранд ва шумо наметавонед бе дорухат онҳоро харед, зеро дорухонаҳо ҷавобгар ҳастанд ва барои фурӯши бидуни дорухат метавонанд ҷаримаи калон супоранд. Шояд чунин як низомро пешниҳод кунем, то ҳамаи иштирокчиёни раванди табобат масъулияти на танҳо ҳуқуқӣ, балки молиявӣ низ эҳсос кунанд”, – мегӯяд Муҳаммадиев.
Масъалаи назорати фурӯши антибиотикҳо инчунин бо рақамикунонии низоми тандурустӣ дар кишвар алоқаманд аст. Даврон Муҳаммадиев мегӯяд, ки дар кишварҳои зиёд табибон дорухатҳои электрониро менависанд, ки он фавран ба пойгоҳи додаҳо ворид мешавад ва бемор метавонад доруро дар ҳар дорухона бе пешниҳоди дорухати коғазӣ харидорӣ кунад.
“Ман фикр намекунам, ки ин мушкили бузург бошад. Агар кишвар хоҳиш дошта бошад, мутмаинам, ки созмонҳои байналмилалӣ, мисли Бонки осиёии рушд ё Бонки ҷаҳонӣ маблағ ҷудо мекунанд. Албатта, муҳокимаҳои ҷиддӣ ва нақшаи хуб лозим аст, аммо ман бовар надорам, ки касе кӯмакро рад кунад”, – мегӯяд Муҳаммадиев.
Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) қайд мекунад, ки мубориза бо устувории бактерияҳо ба антибиотикҳо дар саросари ҷаҳон душвор мегузарад. Барои коҳиши таъсири зараровари муқовимат ба маводи зиддимикробӣ дар Тоҷикистон, СУТ тавсия медиҳад:
- беҳтар кардани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, беҳдошт ва гигиена;
- тақвияти чораҳои пешгирӣ ва назорати инфексияҳо;
- таъмини аҳолӣ бо ваксинаҳои босифат, ташхис ва доруҳои дастрас;
- баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи истифодаи дурусти антибиотикҳо;
- назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ.
Хулосаҳо
Сарфи назар аз он ки Вазорати тандурустӣ ҷиддияти вазъиятро эътироф мекунад ва Нақшаи миллии амалро қабул намудааст, чораҳои амалигардида то ҳол барои муқовимати самаранок ба хатарҳои рӯзафзуни муқовимати антибиотикҳо дар Тоҷикистон басанда нестанд.
Фурӯши бемаҳдуди доруҳо, таъйиноти беасоси онҳо, огоҳии ками мардум, мушкилоти сироятҳои дохилибемористонӣ ва назорати сусти эпидемиологӣ аз афзоиши ин мушкилот дар кишвар шаҳодат медиҳанд. Агар Тоҷикистон имрӯз назоратро шадид накунад, фардо шояд доруе боқӣ намонад, ки моро аз бемориҳо наҷот диҳад.
Маводи аввал аз силсилаи “Тибби собитшуда” (“Доказательная медицина”)-ро дар ин пайванд хонед.
Ин матлаб бо кӯмаки Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории аудитория тавассути қиссаҳои муътамад” (CARAVAN), ки аз ҷониби Internews амалӣ мешавад, ба нашр расид. Масъулияти он пурра ба дӯши муаллиф аст ва нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупо ва Internews-ро инъикос намекунад.