fbpx

Усули таҳқиқи ҳисоботи молиявии ширкатҳо ва омӯзиши маълумотномаи бақайдгирии онҳо


0

Агар шумо малакаҳои худро дар истифодаи маълумоти ширкатҳо барои гузоришгарӣ беҳтар созед, матлаби журналистии шумо дар ниҳоят боз ҳам пурқувваттар мегардад.

Муқаддима

Ҳисоботи молиявии ширкатҳо метавонанд манбаи олӣ барои рӯзноманигорон бошанд — хоҳ ба унвони баҳонаи хабарӣ барои гузориш, хоҳ ба ҳайси манбаи иттилоъ барои таҳқиқот – аммо, мутаассифона, ин гуна ҳуҷҷатҳо дар амал аз ҷониби журналистон хеле кам истифода мешаванд.

Дар матлаби мазкур мо ба шумо мефаҳмонем, ки ҳисоботи ширкатҳоро дар куҷо метавонед пайдо кунед, ба кадом бахшҳои ин ҳуҷҷатҳо аҳамият бояд диҳед ва кадом навъи маводро дар асоси маълумоти пайдошуда метавонед созед.

Ҳисоботи молиявии ширкатҳо барои таҳияи кадом навъи матлабҳо метавонанд кӯмак кунанд?

Ҳисоботҳои ширкатҳоро шумо, тавре қаблан зикр шуд, метавонед ҳамчун асоси хабарӣ истифода баред ва нақл кунед, ки дар ин ё он ширкат дақиқан чӣ рух медиҳад. Вале дар хотир доред, ки маълумоти дарёфтшударо мешавад ҳамчунин барои бэкграунди мавзӯи дигари таҳқиқшаванда истифода бурд ё барои муайянсозиву шиносоии шахсе ё маконе омӯхт.

Барои он ки ба ҳисоботи молиявии як ширкат дастрасӣ пайдо кунед, одатан лозим меояд, ки онро дар феҳристи ширкатҳо ҷустуҷӯ намоед, яъне дар ҷое, ки ширкат маълумоти худро сабт кардааст. Ин феҳрист метавонад дар кишвари шумо бошад, аммо эҳтимоли сабти он дар кишвари дигар ҳам ҳаст. Баъзе мамлакатҳо феҳристҳои хеле маҳдуд доранд, вале сомонаи OpenCorporates имкон медиҳад, ки маълумоти ширкатҳоро дар миёни даҳҳо феҳристи дигар ҷустуҷӯ намоед — ин манбаъ беш аз 140 феҳристро дар бар мегирад, аз Абу-Дабӣ сар карда, то иёлати Вайоминги ИМА.

Кадом навъи иттилоъро шумо метавонед аз маълумотномаи бақайдгирии ширкат пайдо кунед?

Миқдори маълумоте, ки шумо аз феҳристи давлатӣ дар бораи як ширкат пайдо мекунед, метавонад вобаста ба андозаи ширкат ва маҳали сабти ном фарқкунанда бошад. Хулласи калом, ҳар қадар ширкат бузург бошад, ҳамон қадар маълумоташ барои пешниҳод бештар аст. Бахусус, агар он ширкати саҳҳом бошад ва расман саҳҳомони худро мунташир карда бошад. Ширкатҳои хурдтар одатан танҳо маълумоти асосиро пешниҳод мекунанд, Вале агар ширкат дар як кишвари баставу махфӣ сабт шуда бошад, шояд шумо дар бораи он аслан ягон маълумот дарёфт карда натавонед.

Маълумоте, ки метавонед аз феҳристи ширкатҳо ва ҳисоботи солонаи онҳо бигиред, ба се гурӯҳи калон ҷудо мешавад:

  • маълумоти молиявӣ,
  • иттилооти матнӣ,
  • маълумот дар бораи иртибот ва равобит.

Агар шумо дар дарки рақамҳо ё фаҳмидани ҳисоботи молиявӣ таҷрибаи зиёд надошта бошед ҳам, аз шарҳу назарҳои мудирон ё муҳосибони ширкат дар саҳфаҳои шахсӣ/расмиашон ва ё аз иттилои нашршуда дар бораи ширкат оид ба иртиботу равобити он метавонед маълумот пайдо карда, матлаб созед.

Масалан бахши матнии ҳисоботи як ширкат мумкин аст:

  • нигарониҳоеро дар мавриди ҷалби кормандон ё қурби асъор эҷод кунад;
  • роҳбари ширкат метавонад изҳороте диҳад, ки бо гуфтаҳояш дар фазои оммавӣ мутобиқат накунад;
  • муҳосиби он метавонанд гӯяд, ширкат бо боварии комил таъйид карда наметавонад, ки дар давоми 12 моҳи оянда тамоми қарзҳояшро мепардозад ё не.

Маълумот оид ба моликият ва равобити як ширкат мумкин аст ба шумо дар гиреҳкушоии мавзӯъҳое кумак кунад, ки ба ягон шахсият ё гурӯҳҳои калидӣ дахл доранд. Ҳамзамон ин иттилоъ дар интихоби маконҳои хосе барои таҳияи гузориши таҳқиқотӣ метавонад мусоидат кунад.

Зиёда аз ин, маълумоти молиявӣ метавонад сатҳи фаъолияти ширкатҳоро аз зовияҳои гуногун нишон диҳад: ширкат чӣ қадар гардиши мол дорад, чӣ қадар фоида мебинад, чӣ миқдор андоз месупорад, чӣ қадар хароҷот дорад.

Бо ин навъи бархурд метавон 4 категорияи матлабҳоро таҳия кард:

  • Матлаб бо такя ба ҳаҷми пардохтҳо: ширкат соли гузашта чӣ қадар фоида дид? Чанд фоиз андоз супурд? Роҳбараш чӣ қадар маош гирифт? Барои пешгирӣ аз мурофиаи додгоҳӣ чӣ миқдор маблағ пардохт?
  • Матлаб бо такя ба тағйирот: оё маоши роҳбар боло рафт? Оё шумораи кормандон кам шуд? Ширкат рушд дорад ё вазъият бадтар мешавад?
  • Матлаб бо такя ба рейтинг: ин ё он ширкат дар ин ё он соҳа дар кадом зина ҷой гирифтааст?
  • Матлаб бо такя ба ихтилофот: дар ин ё он соҳа чӣ ҳолати ғайримуқаррарӣ рӯй медиҳад? Оё баъзе ширкатҳо ба хотири интиқоли маблағ ба ниҳодҳои болоӣ камтар андоз месупоранд?

Шумо метавонед маълумотҳои категорияҳои гуногунро ба ҳам омезед, дар гузоришҳои таҳлиливу таҳқиқотӣ якҷо истифода баред ва ба як соҳа/бахш аз чанд зовия назар кунед.

Чӣ гуна маълумотнома оид ба гардиши пули ширкатҳоро хондан лозим аст?

Яке аз бахшҳои муфиди ҳисоботи молиявии ширкат маълумотнома оид ба гардиши пул мебошад. На ҳамаи ҳисоботҳои солона ин санадро дар бар мегиранд — одатан воридсозии ин навъи маълумот ба уҳдадориҳои ширкат бастагӣ дорад.

Ин ҳуҷҷат нишон медиҳад, ки дар давоми як соли молиявӣ гардиши пул дар ширкат чӣ тавр сурат гирифтааст. Ин кор бо ифодаи “Гардиши молӣ” ё “Даромад” дар оғози санад зикр мешавад — дар он нишон дода мешавад, ки ширкат чӣ қадар оператсияҳоро анҷом додааст, новобаста аз он ки дар муҳлати зикршуда фоида дошт ё не. Баъдан хароҷот ва дигар манбаъҳои даромад ба ин ҳисоб илова ё кам карда мешаванд. Маблағи андози пардохтшуда (ё маблағи баргардонидашуда) низ алоҳида зикр мегардад ва дар интиҳо фоида ё зарари ширкат нишон дода мешавад.

Ин санад на ҳамавақт “маълумотномаи гардиши пул” ном дорад. Шояд онро “маълумотномаи даромад”, “ҳисоботи фоида ва зиён” ё “маълумотномаи натиҷаҳои молиявӣ” ҳам гӯянд, аммо дар ҳар сурат шумо бояд ҷадвалеро ҷустуҷӯ кунед, ки дар болоаш гардиш ё даромад зикр шудааст ва дар поён — фоида ё зарар.

Чӣ гуна маълумотномаи тавозуни молиявиро фаҳмидан мумкин аст?

Ҷадвали дигар бо арқоми муҳиме, ки дар ҳисоботи ширкат мавҷуд асту ба он бояд диққат диҳед, ин маълумотномаи тавозуни молиявӣ мебошад. Онро баъзан “маълумотномаи вазъи молиявӣ” низ меноманд. Дар ин ҷадвал одатан рақамҳо дар бораи дороӣ, қарзҳо, қарздиҳандагон, сармоя ва захираҳо ҷой дода мешаванд.

Маълумотномаи тавозун нисбат ба маълумотномаи гардиши пул иттилооти камтар медиҳад, аммо дар ҳар сурат аз он дар бораи ҳаҷми ширкат, миқдори дороӣ ва уҳдадориҳои он тасаввуроти умумӣ пайдо кардан мумкин аст (баъзе ширкатҳо танҳо ҳамин санадро дастраси омма мегардонанду халос).

Масалан, агар ширкат худро ҳамчун соҳиби амволи зиёд муаррифӣ кунад, маълумотномаи тавозуни он бояд арзиши амволеро, ки ба номи ширкат сабт шудааст, нишон диҳад.

Маълумотномаи тавозуни молиявиро мо ба хотири таҳқиқи масъалаи дигар низ меомӯзем – барои фаҳмидан, ки оё ширкат дар ояндаи наздик қарзҳояшро пардохт карда метавонад ё не. Ҳадафи асосии тавозун ҳам ҳамин аст: муқоисаи уҳдадориҳо аз лиҳози пардохт бо дороие, ки имкони рӯйпуш кардани қарзҳоро медиҳад.

Ба навъҳои гуногуни дороӣ аҳамият диҳед:

  • “Дороии асосӣ” — дороии воқеӣ/физикӣ барои истифодаи дарозмуддат, ба монанди амвол ва таҷҳизоте, ки одатан фурӯши онҳо вақти бештарро талаб мекунад.
  • “Дороии ҷорӣ” — дороии кӯтоҳмуддат, ба монанди коғазҳои қиматнок ё пул, ки фурӯши он одатан зуд сурат мегирад.
  • “Дороии ғайримоддӣ” — чизҳое, ки арзиш доранд, аммо физикӣ нестанд: ҳаққи муаллиф, домен, патентҳо ва созишномаҳои литсензионӣ. Арзёбии онҳо метавонад аз нархи воқеиашон болотар бошад.
  • “Эътибори тиҷоратӣ” (Goodwill) — бештар ғайримоддӣ аст: ба мисли обрӯи ин ё он бренд, экспертиза ва ё робитаҳои тиҷоратӣ. Ин навъи дороӣ ҳам метавонад аз меъёр зиёд нархгузорӣ шавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки фурӯхтани он ва ба даст овардани маблағ аз ин ҳисоб ғайриимкон аст.

Ба назар гиред, ки “қарздор” дар ҳисобот касест, ки ширкат ба ӯ пул қарз додааст ва маблағи пардохтшуда дар ин сурат ҳам гӯиё як навъ актив ба ҳисоб меравад. Аммо дар асл ширкате, ки қарздорони зиёд дорад, ширкати заъиф дониста мешавад. Ин ҳам бесабаб нест, чунки эҳтимолияти он, ки қарздор маблағи гирифтаашро барнамегардонад, ҳамеша зиёд аст.

Барои муқоиса “қарздиҳанда” нафарест, ки ширкат баръакс ба ӯ пул қарздор аст. Аҳамият диҳед, ки ширкатҳо аксаран ба ширкатҳои дигаре, ки дар як гурӯҳ ҳастанд, қарз медиҳанд ва аз онҳо қарз мегиранд. Ин намуди муомила бо фоизҳои дохилӣ метавонад воситаи интиқоли маблағ байни сохторҳои як гурӯҳ бошад.

Дар маълумотномаи тавозуни молиявӣ шумо ҳамчунин навъҳои гуногуни қарзҳоро хоҳед дид: фарқияти хоса миёни он навъи қарзҳое дида мешавад, ки пардохташон дар давоми як сол ва пас аз як сол бояд анҷом дода шавад.

Чӣ гуна бахшҳои матнии ҳисоботи молиявии ширкатро бояд хонд?

Бар замми ҷадвалҳои молиявӣ, ки дар ҳар як ҳисоботи ширкатҳо ҷой дода мешаванд, дар бисёр ҳолатҳо бахшҳои матнӣ низ барои рӯзноманигорон бисёр муҳим ва ҷолиб метавонанд бошанд.

Дар оғози ҳисобот гоҳо изҳороти роҳбари ширкат ҷой дода мешавад ва дар он раиси ширкат одатан на танҳо аз соли сипаришуда натиҷагирӣ мекунад, балки дурнамои соли ояндаро низ шарҳ медиҳад. Ширкатҳои саҳҳом одатан гузоришҳои солонаи серсаҳифа доранд ва дар он изҳорот ё шарҳ на танҳо аз номи раиси ширкат, балки аз номи мудири иҷроия, аз номи шӯрои директорон ва кумитаҳои марбут ба музди меҳнату таъйинот ва аз номи масъулони бахшҳои дигар низ ҷой дода мешавад. Ҳамаи ин матнҳо метавонанд манбаи арзишманд барои дарки фаъолият ва сиёсати ширкат бошанд. Дар чунин ҳолатҳо маълумоти молиявии аслӣ одатан дар охири санад ҷойгир мешавад.

Ҳамчунин дар дохили ҳисобот шумо шарҳҳои муҳосибон (ё аудиторҳо)-ро низ хоҳед ёфт. Ин порчаҳои матнӣ то ҷое метавонанд дилгиркунанда бошанд, чун қолабашон стандартист ва дар ҳар бахш такроран ҷой дода мешаванд, ба момнанди: маълумот оид ба он, ки ҳисобот мутобиқи кадом қонун ва меъёрҳо тартиб дода шудааст, масъулияти муҳосибон дар чист, санад кадом бахшҳоро фаро мегирад, аудит пурра анҷом дода шудааст ё не, кадом маълумот дақиқ аст ё тасдиқ нашудааст ва ғайра.

Аммо маҳз дар ҳамин бахш муҳосибон одатан нигаронии худро оид ба устувории молиявии ширкат баён мекунанд – масалан ин, ки оё ширкат дар давоми соли оянда имкони пардохти қарзҳояшро дорад ё не. Онҳо метавонанд ба хатарҳои молиявие, ки соли оянда метавонанд ба устувории ширкат таъсир расонанад, маҳз дар ҳамин бахш ишора кунанд. Онҳо ҳамчунин метавонанд дар ин ҷо “назари мутахассисона”-и худро баён кунанд ва аз эҳтимолиятҳое гӯянд, ки тасдиқи худро дар худи ширкат пайдо накардаанд.

Дар охири ҳуҷҷат шумо “Эзоҳҳо ба ҳисобот”-ро пайдо хоҳед кард. Ин бахшест, ки пас аз ҷадвали арқом меояд ва маълумоти иловагиро дар бораи онҳо пешниҳод мекунад. Дар ҳамин бахш ҳамчунин метавон тафсири хароҷот ва даромад, музди меҳнати мудирон, маблағи дивидендҳо, шарҳи андозҳо ва ғайраро пайдо кард.

Дар интиҳои эзоҳҳо бисёр вақт мешавад ҳамчунин маълумот дар бораи муомилаҳо ва қарзҳои муртабитро пайдо кард, ки барои шиносоии тазодди манофеъ ва равобити ғайриошкор муфид бошад. Дар баъзе кишварҳо ҳатто талаб мешавад, ки “молики ниҳоии ширкат” дар ҳамин бахш зикр гардад.

Чӣ гуна равобити ширкат ва шахсонро пайдо кардан мумкин аст?

Ҳисоботи молиявии ширкатҳо на танҳо барои фаҳмидани миқдори пулҳои воридшуда ва хориҷшуда муҳиманд. Ин навъи санадҳо ҳамчунин метавонанд барои мушаххастсозии нафароне, ки ба ин ё он ширкатҳо дахл дорвнд, кумак кунанд.

Дар ҳисоботи солонаи ширкатҳо одатан номи масъулон (директорон ва котибон) оварда мешавад. Аммо агар ин маълумот дар ҳисоботи солона оварда нашуда бошад ҳам, дар феҳристи бақайдгирии ширкат одатан зикр мешавад. Пасон шумо метавонед ин номҳоро дар сомонаҳое чун OpenCorporates ё BIFIDEX ҷустуҷӯ кунед ва бубинед, ки оё ин шахсиятҳо ба ширкатҳои дигар низ рабт дорад ё не. Аммо дар хотир дошта бошед, ки ҳар номи пайдошударо ҳатман бояд дубора санҷед, то хатое пеш наояд – масалан, ба ҷуз ном боз санаи таваллуд, суроға ё рамзи мушаххас (ID) ҳам бояд мутобиқат кунад.

Суроғаҳо низ метавонанд алоқамандиро ошкор созанд: дар OpenCorporates ва баъзе феҳристҳои дигар мумкин аст бо ворид кардани як суроға ҳамаи ширкатҳоеро, ки дар ин макон сабти ном шудаанд, пайдо кард. Албатта, ин худ далели робитаи расмӣ нест, аммо метавонад ҳамчун як сарнишона барои таҳқиқоти минбаъда хизмат кунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend