fbpx

Варзишгар, мураббӣ, ҳамшираи тиб. Кист чорумин варзишгари тоҷик, ки ба Бозиҳои олимпии Париж роҳхат ёфт

Мунира дар мусобиқаи интихобии олимпӣ бо шикаст додани намояндагони АМА ва Қазоқистон ба финал баромада, роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард.


0

Мунира Абдусаломова варзишгарбону аз Тоҷикистон аст, ки дар риштаи таэквандо баромад намуда, барои кишвар чаҳорумин роҳхати Бозиҳои олимпии тобистонаи 2024-ро, ки дар Париж баргузор мегардад, ба даст овард. Ӯ бо маҳорати хуби варзишиаш шинохта шуд, аммо қаҳрамони мо ҳамшираи тиб ва мураббии варзиш низ будааст ва ҳамарӯза дар се самт фаъолият мекардааст.

Мунира ба муаллифи Your.tj дар бораи роҳ ёфтан ба дунёи варзиш, таҳсил дар Колеҷи тиббӣ ва тарбияи насли наврас дар риштаи таэквандо гуфт.

“Шавқи зиёд нисбати варзиш маро ба ин роҳ бурд”

Мунираи 27-сола зодаи шаҳри Ваҳдат аст. Аз хурдсолӣ дунёи варзиш ӯро ба худ ҷалб карда буд. Ҳамеша худро дар оянда ҳамчун як варзишгар тасаввур мекард. Ин буд, ки дар айни камолот рӯ овард ба ҷодаи варзиш. Ӯ аз синни 15 солагӣ ба варзиши таэквандо оғоз кард. Дар ин роҳ бештар аз ҳама Мунираро волидайн ва устодон дастгирӣ мекарданд.

“Аз 15-солагӣ бо иҷозати падару модар ба машғулиятҳои варзишӣ оғоз кардам. Чун ин навъи варзиш бештар ба ман писанд буд, хостам дар оянда ҳамин роҳро идома диҳам”,- гуфт Мунира.

Вай фаъолияти варзишии худро аз мактабии варзишии зодгоҳаш, яъне шаҳри Ваҳдат оғоз кард. Нахуст зери роҳбарии мураббӣ Маҳмадисоев Абдуманнон тамрин мекард.

Гарчанде таэквандо риштаи варзиши серҳаракат ва душвор аст, аммо қаҳрамони мушкилиҳоро хуб паси сар мекард.

“Ин навъи варзиш барои дилхоҳ варзишгар, хоҳ мард, хоҳ зан зан мушкилу хатарнок аст. Аммо агар шавқу ҳавас бошад, душвории он ба чашм намерасад. Меҳри зиёди ман низ нисбати таэквандо боис гашт, то ин роҳро идома диҳам”, – афзуд варзишгар.

Ҷустуҷӯи “Ман”-и худ

Қариб ҳар як варзишгар пеш аз интихоби ин самт, барои худ ҳатман улгуе дорад. Онҳо бо дидани варзишгари дӯстдоштаи худ меҳри варзишро дар дил ҷой медиҳанд. Аммо Мунира дар ин бобат аз дигар варзишгарон тафовут дорад.

Ӯ дар ҷодаи интихобкардааш ба варзишгаре пайравӣ намекунад ва ба касе низ монанд будан намехоҳад. Вай танҳо кӯшиш мекунад номи худро ҳамчун варзишгар дар таърихи меҳан сабт намояд.

“Дар роҳи пешгирифтаи худ ба касе пайравӣ намекунам. Танҳо мехоҳам дар риштаи таэквандо “Ман”-и худро офарам. Мехоҳам, ки дар риштаи мазкур то ҷое метавонам, муваффақ гардам”, – афзуд қаҳрамони мо.

Мунира то роҳ ёфтан ба мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ дар чемпионатҳои дохилӣ баромад намуда, ҳудуди 15 медал ба даст овардааст.

Мушкилӣ дар ҷомеа

Ба гуфтаи ин варзишгарбонуи тоҷик то ҳол дар ҷомеа гурӯҳе ҳаст, ки нисбати занону духтарони варзишгар назари бад доранд ва борҳо аз атрофиёнаш чунин ақидаро таҳаммул кардааст. Аз нигоҳ онҳо ба варзиш машғул шудани духтарон “раво набудааст”.

“Чунин инсонҳо дар ҳаёти ман буданду ҳастанд. Аммо онҳоро ҳамеша сарфи назар мекунам ва ба роҳи худ идома медиҳам”, – гуфт варзишгар.

Дурӣ аз олами варзиш

Мунира дар соли 2018 оила барпо кард ва пас аз чанде соҳиби фарзанд гашт. Ин боис гардид, ки муддате аз олами варзиш дур монад.

“Баъди оиладоршавӣ ва таваллуди фарзанд чанд сол аз варзиш дур шудам. Ин сабаб шуд, ки ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквандо дер шомил гардам. Ахиран дар соли 2022 ба ин даста дохил шудам”, – афзуд Мунира.

Бозгашти дубора

Баъди бозгашт, варзишгар дигарбора бо нерӯву тавони бештар аз пештар ба ба тамринҳо оғоз кард. Ин буд, ки муваффақиятҳои тоза аз оғози нав ба ӯ ҳамроҳ шуданд.

Дар соли 2021 Мунира ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквандо WT “Namangan Open”, ки дар Узбакистон баргузор гашт, иштирок кард. Ӯ дар сабқатҳо бо варзишгарони соҳибтаҷриба рақобат намуда, бо талоши зиёд пирӯз шуд. Мунира дар вазни худ ба гирифтани мақоми дуюм даст ёфт ва ба Ватан бо медали нуқра баргашт.

Як соли баъд, дар соли 2022 мусобиқаи мазкур дубора баргузор гашт ва Мунира ин навбат низ дар он иштирок кард, аммо бо як фарқият. Ӯ аллакай таҷрибаи иштирок дар сабқати мазкурро дошт. Ин ба варзишгар имкон дод, ки беҳтар баромад кунад. Мунира аз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквандо WT “Namangan Open”  дар соли 2022 бо шикаст додани ҳамаи рақибонаш бо медали тило ба Ватан баргашт ва дили ҳазорон мухлисони варзиши меҳанро шод гардонид.

“Ду сол пайиҳам иштирокчӣ ва барандаи медал дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквандо WT “Namangan Open” гардидам, ки дар ҳамсоякишвари мо – Узбекистон баргузор гардид. Аз он ки ду сол пайиҳам дар “Namangan Open” ба гирифтани медал сазовор шудам, шодиву нишотамро ҳадду канор набуд. Зеро ин самара кӯшишҳои бепоёнам буданд”,  – нақл кард боя ҳаяҷон ҳамсуҳбати мо.

Мунира мегӯяд, вақте пирӯз мешавад ва бо ин ғалаба парчами кишварро баланд мебардорад, дар худ ғурури садчанди ватандӯстиро эҳсос мекунад.

“Мақсади ниҳоии ҳар як варзишгар бо ғалабааш парафшон кардани парчами кишвар дар толорҳои варзишии бузурги олам аст”, – мегӯяд Мунира.

Иштирок дар Бозиҳои осиёӣ

Ин варзишгарбонуи ҳамчунин дар соли 2022 иштирокчии Бозиҳои осиёии Ҳангжоу низ буд, ки дар кишвари Чин баргузор гардид. Аммо Мунира натавонист дар ин мусобиқа муваффақ гардад. Қаҳрамони мо сабаби ин шикастро дар камтаҷрибагии худ маънидод кард.

“Бозиҳои осиёии Ҳангжоу – 2022 бонуфузтарин мусобиқаи қора ба ҳисоб мерафт. Ин аввалин мусобиқаи бузурги қоравӣ буд, ки ман дар он иштирок кардам. Бинобар ин таҷрибаи кофӣ надоштам. Ҳамзамон рақибонам низ хеле варзишгарони пурқувват буданд. Ҳамин камтаҷрибагии ман ва қавӣ будани рақибон сабаб шуд, ки мусобиқаи мазкурро бе натиҷаи назаррас ҷамъбаст намоям”, – нақл кард Мунира.

Вале, бо вуҷуди шикаст, варзишгар таҷрибаи иштирок дар чунин мусобиқоти бузургро ба даст овард. Ин таҷриба барои ӯ лозим буд.

“Таҷрибаи гирифтаам он боис гашт, то бештар талош намуда, дар мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпӣ муваффақ гардам ва роҳхат ба ин мусобиқаи бошукӯҳи ҷаҳониро ба даст оварам”,- гуфт ӯ.

Роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ

Мунира иштирокчии мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таэквандо WT дар қораи Осиё гардид. Мусобиқаи мазкур 15-16-уми март дар Тайвани Чин баргузор гардид ва Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ карданд. Мунира дар ин сабқат аз худ маҳорати баланд нишон дод ва бо шикаст додани намояндагони АМА ва Қазоқистон ба финал баромада, роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард.

Ӯ мегӯяд, вақте роҳхатро ба даст овард, беихтиёр аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд.

“Вақте ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтам, хеле хушҳол шудам. Ҳатто дар он лаҳза беихтиёр аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд. Ин хеле воқеаи фарашбахш ва фаромӯшнашаванда дар корномаи варзишии ман буд”, – бо ҳаяҷон нақл кард қаҳрамони мо.

Пас аз бозгашт аз Чин бо роҳхати Бозиҳои олимпӣ Мунираро дар фурудгоҳи Душанбе мухлисону ҳаводорони зиёде бо шиору овеза ва гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.

Мунира Абдусаломова бонуи варзишгари тоҷик

“То аз фурудгоҳ берун шудан дидам, ки мухлисони зиёд барои пешвозам омадаанд. Аз ин вазъият хеле ба ҳаяҷон омадам. Бори дигар ба худ боварӣ пайдо кардам, ки ба роҳи дуруст рафта истодаам ва аз соҳаи интихобкардаам мутмаин шудам. Ҳамчунин шукрона аз он кардам, ки то андозае бошад ҳам дили мухлисони варзиши меҳанро шод гардонидаам”, – гуфт қаҳрамони мо.

Пешвозгирии варзишгарбонуи тоҷик дар фурудгоҳ

Пас аз Бозиҳои олимпии Лондон – 2012 дар риштаи таэквандо аз Тоҷикистон дигар касе барои ин сабқати ҷаҳонӣ роҳхат ба даст наоварда буд. Роҳхати Мунира барои ин навъи варзиш дар Тоҷикистон баъди ду Бозиҳои олимпӣ ба даст омад. Худи Мунира низ ин нуктаро ба хуби дарк кард, ки ин роҳхат бо чӣ талошҳое ба даст омадааст. Бинобар ин қаҳрамони мо мехоҳад ҳарчи хубтару беҳтар дар Бозиҳои олимпӣ баромад намуда, бо натиҷаи назаррас ба кишвар баргардад.

“Ҳадафи ман аз иштирок дар ин мусобиқаи бошукӯҳи ҷаҳонӣ овардани натиҷаи баланд ба кишвар аст. Барои расидан ба мақсади худ аз дилу ҷон саъю талош хоҳам кард”, – қавл дод варзишгар.

Модар, варзишгар, ҳамшира ва мураббӣ

Қаҳрамони мо ғайр аз варзишгар будан, ҳамчунин ба ҳайси ҳамшираи тиб ва мураббии таэквандо низ фаъолият мекунад. Ӯ чор сол дар Колеҷи тиббӣ таҳсил карда, айни замон дар бунгоҳи саломатии деҳааш ба кор мекунад.

Ҳамчунин дар Мактаби варзишии шаҳри Ваҳдат беш аз як сол боз ба ҳайси мураббии таэквандо ба насли наврас нозукиҳои ин варзишро ёд медиҳад.

“Соати 5-и субҳ барои тамрини худ ба шаҳри Душанбе меравам. Аз он ҷо соати 7 ба хона баргашта писарамро ба боғчаи кӯдакон мебарам ва ба толори варзишии зодгоҳам рафта, бо шогирдонам то соати 8:30 тамрин мекунам. Аз соати 8:30 то соати 14:30 дар бунгоҳи тиббӣ ба ҳайси ҳамшира машғули кор мешавам. Боз барои машқи бегоҳирӯзӣ ба пойтахт рафта, баъд аз анҷоми тамрин ба хона бармегардам. Ин раванд дар зимистон каме мушкил аст. Аммо дар ин фасли сол низ реҷаи ман чунин аст”, – шарҳ дод тартиби рӯзи худро бонуи варзишгар.

Ҳоло Мунира барои иштирок дар сабқатҳои навбатӣ омодагӣ мебинад. Ӯ бесаброна мунтазири мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ – Бозиҳои олимпӣ аст.

Ҳошим Раҳматуллоев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend