fbpx

Раиси Суди Олӣ гуфт, нисбати Рухшона Ҳакимова “мавқуф гузоштани адои ҷазо” татбиқ намегардад

Ба гуфтаи Рустам Мирзозода, “ҷинояти содирнамуда"-и Рухшона Ҳакимова ба категорияи ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мешавад.


0
Рустам Мирзозода, раиси Суди Олӣ

Рустам Мирзозода, раиси Суди Олӣ гуфт, моддаи 78 (то ҳаштсола шудани кӯдаки ноболиғ ба мавқуф гузоштани адои ҷазо) нисбати Рухшона Ҳакимова “гарчанде кӯдакони хурдсол дошта бошад ҳам”, татбиқ намегардад.

Мирзозода дар нишасти матбуотии имрӯз, 13 феврал ба рӯзноманигорон гуфт, “ҷинояти содирнамудаи Ҳакимова Рухшона Зокировна тибқи талаботи моддаи 18-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба категорияи ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мешавад”.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

“Татбиқи моддаи 78-и Кодекси ҷиноятӣ (то ҳаштсола шудани кӯдаки ноболиғ ба мавқуф гузоштани адои ҷазо) танҳо нисбати ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин татбиқ карда мешавад”,- шарҳ дод раиси Суди Олӣ.

Ба гуфтаи ӯ, нисбати Рухшона Ҳакимова тибқи моддаи 61-и Кодекси ҷиноятӣ “дигар ҳолатҳои сабуккунанда” ба инобат гирифта шуда, дар доираи моддаи 305-и ин кодекс (хиёнат ба давлат) “ҷазои пасттар ба муҳлати 8 сол” таъйин гардидааст.

Рухшона Ҳакимова

Ёдовар мешавем, ки Суди Олӣ рӯзи 5 феврал Рухшона Ҳакимова, бонуи рӯзноманигори тоҷикро ба 8 соли зиндон маҳкум кард ва ӯро баъд аз эълони ҳукми суд ба ҳабс гирифтанд.

То он вақт бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол Ҳакимова дар озодӣ буд, аммо ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт ва ҳамаи аснодаш мусодира шуда буд.

Қаблан прокурор ба ин рӯзноманигор ҳабдаҳ соли зиндон талаб карда буд.

Нигоҳубини ду фарзанди хурдсоли Ҳакимова ба уҳдаи наздиконаш вогузор карда шудааст. Фарзанди калонии ин хабарнигор дуюнимсола ва хурдиаш даҳмоҳа аст.

Нисбати Рухшона Ҳакимова Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 бо иттиҳоми хиёнат ба давлат (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз карда буд. Худаш дар додгоҳ иттиҳомро рад кардааст.

Баррасии парвандаи ӯ махфӣ ва мурофиа паси дарҳои баста гузашт. Дар нишасти матбуотии Суди Олӣ низ ҷузъиёти онро ошкор накарданд ва гуфтанд ин маълумот “сирри давлатӣ аст ва ба амнияти давлат вобастагӣ дорад”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend