fbpx

“Аз аввал ифшо намекардем”. Директори Агентии омор гуфт, пули муҳоҷиронро Бонки миллӣ ҳисоб мекунад

Ҳатто 5 соли охир ҳам шакли алоҳидаи омории воридоти маблағ “чи аз муҳоҷир бошад, чи аз дигар нафарон чунин ҳисобот бурда намешавад”.


0
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омор Акс: Your.tj

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омор дар бораи ҳаҷми маблағи ба Тоҷикистон фиристодаи муҳоҷирон гуфт, “аз аввал ифшо намекардем”.

“Ин як чизи давлати аст. Дар мақомоти омор мо ягон шакли алоҳидаи ҳисоботи инро надорем”,- гуфт ӯ дар нишасти хабарӣ рӯзи 12 феврал ба хабарнигорон.

Ба гуфтаи ӯ, Агентии омор 232 шакли ҳисоботи электронӣ мегузаронад ва ҳатто 5 соли охир ҳам шакли алоҳидаи омории воридоти маблағ “чи аз муҳоҷир бошад, чи аз дигар нафарон чунин ҳисобот бурда намешавад”.

 “Ин ҳисоботро Бонки миллӣ мебарад, омори алоҳида доранд. Мо надорем, чунки агар аз Бонки миллӣ талаб кунем, ба мо намедиҳанд. Барои он ки тартиби худашро дорад. Бар хилофи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ талаб карда наметавонам”,- шарҳ дод Нурмаҳмадзода.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Тибқи маълумоти расмии охирин дар бораи интиқоли маблағи муҳоҷирон, ки соли 2021 нашр шуда буд, ҳаҷми умумии интиқоли пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2020 беш аз 1,8 миллиард долларро ташкил додааст.

Пас аз оғози ҷанги Русия бар зидди Украина гирифтани ин маълумот ҳам номумкин шуд.

22-уми ноябри соли гузашта як корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни як нишаст гуфт, “дар таърихи навини Тоҷикистон ягон соҳаи хоҷагии халқ ба мисли муҳоҷирати корӣ имкон надорад, ки ҷамъияту давлатро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ намояд”.

Анвар Бобозода дар як пажӯҳишаш муайян кардааст, ки муҳоҷирони тоҷик соли 2022 ба Тоҷикистон зиёда аз 5 миллиарду 220 миллион доллар фиристодаанд, ки 49,2 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад.

Дар як нишасти хабарӣ дар соли 2013 собиқ раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов гуфта буд, ки сохторҳои расмии Тоҷикистон дигар ҳаҷми интиқоли муҳоҷирони кории кишварро нашр намекунанд.

Вай ин тасмимро ба қавле асоснок карда, гуфта буд, “ин масъала метавонад тобиши сиёсӣ пайдо кунад”. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз шарҳи он, ки бар асоси кадом санадҳои қонунгузорӣ чунин тасмим гирифта мешавад, худдорӣ карда буд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси дигари собиқи БМТ дар соли 2019 аз рӯзноманигорон даъват карда буд, ки ба пули муҳоҷирон тамаркуз накунанд.

“Биёед ба пули муҳоҷирон таваҷҷуҳ накунем. Чӣ, магар иқтисоди мо ба ҷуз пули муҳоҷирон чизе надорад?”,- гуфта буд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши худ аввалҳои моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, ки вуруди пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар соли 2022 қариб 3,2 миллиард долларро ташкил дод.

Мутахассисони Бонки АвруОсиёи рушд дар гузориши худ моҳи ноябри соли 2022 динамикаи мусбати интиқоли пулро ба омилҳои асосии рушди босуръати иқтисодии имсол рабт доданд.

Илова бар ин, дар охири моҳи декабр РБК бо истинод ба манобеи худ аз афзоиши интиқоли пул ба Тоҷикистон “на камтар аз 50%” хабар дод.

Афзоиши солонаи интиқоли пул дар ин сатҳ маънои афзоиши ҳаҷми ин воридот аз Русия то 2,7 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ба 31 дарсади ММД-и соли гузаштаи Тоҷикистон баробар аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend