fbpx

То 27 соли зиндон. Ҳукми гумонбарони парвандаи “табаддулот” эълон шуд

Қаблан, 8 январ прокурор аз Суди олии Тоҷикистон ба ин чеҳраҳо ҷазоҳои сангин – аз 23 то 30 сол зиндон талаб карда буд.


0

Суди олии Тоҷикистон имрӯз, 5 феврал ҳукми гумонбарони парвандаи “табаддулот”-ро эълон кард. Радиои Озодӣ менависад, Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 27 сол зиндон маҳкум шуда, бар асоси қарори суд амволи ӯ мусодира мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода, собиқ вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократ низ ба 27 сол зиндон маҳкум шуда, бар асоси ҳукм амволи ӯ мусодира карда мешавад.

Суд Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистонро низ ба 18 сол зиндон бо мусодираи як қисмати амвол маҳкум шудааст.

Инчунин, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Аҳмадшоҳ Комилзода, собиқ муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода, полковники бознишастаи амният 18 сол ва Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ 17 сол равонаи зиндон шуданд.

Рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро низ суд 8 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Дар ин хусус ҳоло маълумоти расмӣ набуда, вокуниши ин чеҳраҳо низ маълум нест.

Қаблан 8 январ прокурор аз Суди олии Тоҷикистон ба ин чеҳраҳо ҷазоҳои сангин – аз 23 то 30 сол зиндон талаб карда буд.

Боздошти ин чеҳраҳои шинохта аз моҳи июни соли равон пас аз дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз гардида буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend