Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар хусуси ҳамлае, ки моҳи сентябри соли гузашта нисбати ӯ сурат гирифта буд, гуфт, ҳоло суд идома дорад. Ба гуфтаи муфтӣ, ҷавони дастгиршуда “пушаймон шуда”, гуфтааст, ки ӯро “васвос карда” ба ин роҳ “таҳрик доданд”.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Давраи аввали суд даъват шуд. Ман ҳамон рӯзҳо банд будам ва намояндаи худро равон кардам”,- гуфт ӯ зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин рӯзи 31-уми январ.
Абдулқодирзода афзуд, ҷавони дастгиршуда узри худро расонидааст, вале гуфт то ба ҳол бо ӯ дидор надоштааст. Ба гуфтаи ӯ, дастгиршуда аз гурӯҳи ифротгароён аст.
Ба Саидмукаррам Абдулқодирзода шоми 11-уми сентябр, баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо корд ҳамла карда буд.