Наворе, ки дар он пешхизмати Маҷмааи миллии “Маркази оши палав” воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба ҷавони дорои ниёзи махсус ош мехӯронад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи зиёд пайдо кард. Корбарон амали неки пешхизматро ба ҷавонмардиву инсондӯстии ӯ рабт дода, тавсиф карданд. Ин ҷавон кист?
Ӯ Кароматулло Содиқзодаи 21-сола мебошад, ки феълан дар соли чоруми ихтисоси идораи давлатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ҳамзамон, дар “Маркази оши палав” – и шаҳри Хуҷанд ҳамчун пешхизмат фаъолият дорад.
Муаллифи Your.tj бо ӯ вохӯрд ва дар бораи он ки чаро ба ҷавони дорои ниёзи махсус барои тановули оши палав кӯмак кард, ҳаёти донишҷӯӣ, саҳми оила дар камолёбии шахс ва нақшаҳои оянда суҳбат кард.
Кароматулло Содиқзода 25-уми феврали соли 2003 дар ноҳияи Рудакӣ ба дунё омадааст. Ӯ мактаби миёнаи умумии №51-и ноҳияи Рӯдакиро хатм карда, тариқи ММТ ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуд.
Даврони донишҷӯияш дар шаҳри Хуҷанд хуб сипарӣ гардида истодааст. Вай дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат дорад. Аз моҳи июни соли 2024 то инҷониб пас аз дарсҳо барои кор ба “Маркази оши палав” меравад.
Амали неки пешхизмат дар сари мизи № 25 чӣ гуна расонаӣ шуд?
13-уми январи соли равон кори Кароматулло чун ҳаррӯза шурӯъ ёфт. Ӯ барои мизоҷони “Маркази оши палав” хизмат мерасонид. Ногаҳон мизоҷи деринаш, ки ҷавони дорои маъюбият аст, меҳмони марказ шуд. Вай дар мизи 25-ум нишаста, мунтазири Кароматулло монд.
Пешхизмат лаҳзае пас назди ин мизоҷ омад ва чун ҳарвақта ба ӯ оши палавро хӯронид. Тасодуфан Аъзамхон Акбаров, директори ширкати симо ва садои “Азия”, ки дар мизи рӯ ба рӯ менишаст, шоҳиди ин манзараи ибратомӯз гардид. Ӯ ба ҳаяҷон омада, ин лаҳзаро сабт кард. Баъдан бо гирифтани иҷозаи пешхизмат наворро бо чунин матн дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Имрӯз бо дӯстон дар “Маркази оши палав” ош мехӯрдем. Тасодуфан шоҳиди лаҳзаи ибратбахше шудем. Ба толор як ҷавонмарди бемор ворид шуда, дар як мизи поёнтар аз назди мо нишаст.
Пешхизмат ба назди ӯ бо як табақ палав омад. Қошуқ ба даст гирифта, ба мизоҷ ошро хӯрондан гирифт. Оё ин амали нек нест? Номи ин ҷавон Кароматулло аст. Барои дили поку хулқи некат ташаккур мегӯям. Худо хоҳад, ҳаёти хуберо соҳиб мешавӣ”,- бо самимият навиштааст Аъзамхон Акбаров.
Чаро пешхизмат ба мизоҷ палав хӯронид?
Ҷавони маъюбиятдошта баъзан ҳар рӯз ва гоҳе дар 2-3 рӯз як бор меҳмони ин ошхона мешудааст. Аксар вақт Кароматулло барояш дар хӯрдани хӯрок ёрӣ медодааст. Рӯзе мизоҷ ба ошхона омад, вале қаҳрамони моро, ки бо сабабе ба кор омада натавонист, наёфт.
“Он рӯз ба ин ҷавон касе аз пешхизматҳо ёрӣ надодааст. Бечора дар ҳолати ногувор мондааст. Аз дасташ қошуқу чангакро афтонидааст. Аз ин рӯ, ҳар боре, ки омад, дар хӯронидани хӯрок кӯмак мекунам. Ӯ шахси хеле ором аст, вақте хӯрда шуд, худаш аз паси корҳояш меравад”,- нақл кард қаҳрамони мо.
Барои қаҳрамони мо он ҷавони малӯл шинос ё хешу табор нест. Беш аз 4 моҳ аст, ки вай меҳмони “Маркази оши палав” мешавад.
Вақте ӯ Кароматуллоро бори аввал дид, барояш гуфт, ки қобилияти мустақилона хӯрдани таомро надорад. Аз ин рӯ, хост, ки ҳар вақте ба ин ҷо ояд, дар хӯрдан кӯмакаш расонад. Пешхизмат розӣ шуд.
“Бо ин мизоҷи маъюбиятдошта аз наздик шинос нестам. Касе аз хешовандонашро низ намешиносам. Ош хӯронидани ман амале нест, ки каси дигар иҷро карда натавонад.
Барои чашми бино ва ақли расо, ки Худованд бароямон лоиқ донистааст, шукр мегӯям. Вақте шахс ба бемор ёрӣ медиҳад, бо ин кор чӣ гуна одам будани худро нишон хоҳад дод. Худо метавонист, ки моро ҳам чунин офарад”,- илова кард пешхизмат.
Баъд аз нашри навор чанд мизоҷ омада, пурсидаанд, ки Кароматулло дар куҷост. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба ӯ раҳмат гуфта, амали некшаро ситоиш кардаанд.
Ӯ мегӯяд, ки чун пештара ҳар мизоҷро бо як чашм мебинад. Кӯшиш мекунад, ки ҳамагон аз кораш розӣ бошанд.
Чӣ гуна Кароматулло гирандаи стипендияи раиси вилояти Суғд шуд?
Қаҳрамони мо донишҷӯи фаъол мебошад. Ӯ гирандаи идрорпулии раиси вилояти Суғд аст. Барои ба он соҳиб шудан аз фанҳои ихтисосӣ, забонҳои англисиву русӣ имтиҳон супорида, ба саволҳои сиёсӣ посух гардонид.
Ӯ шабона пас аз кор ба хондан машғул мешуд, то имтиҳоноти озмун барои гирандагони стипендияро хуб супорад.
“Вақте ки аз маросими супоридани стипендияи раиси вилояти Суғд баргаштам, мехостам, ки гули бароям тақдимшударо ба модарам туҳфа фиристам. Азбаски роҳ миёни Хуҷанд ва ноҳияи Рӯдакӣ дароз аст, гулҳоро ба куратори гурӯҳамон Шоҳида Негматова ҳадя кардам.
Он кас хеле хурсанд шуда, чун модар ба оғӯш гирифтанд. Хеле хушбахтам, ки маҳз дар кафедраи менеҷмент таҳсил мекунам. Мо устодони хуб дорем”,- гуфт ҷавон.
Саҳми оила дар ташаккули шахс
Кароматулло бар ин назар аст, ки вақт хеле тез мегузаштааст. Имрӯз, ӯ донишҷӯи соли чорум аст. Ҳаргиз фаромӯш намекунад, ки то 5-солагӣ дар тарбияи холааш (равонашон шод бод) буд.
“Холаам фарзанд надошт, маро калон кард. Равоншод мегуфт, ки “бачаам хон, одами бузург шав!”. Пас аз даргузашти ӯ бобову бибиям хостанд, ки нигоҳубинам кунанд. Аммо ман хостам, ки бо падар ва бародару хоҳаронам зиндагӣ кунам. Падарам такси меронад. Ӯ низ доимо мегӯяд, ки “хуб хон, ба ягон кори бад нарав.
Муаллими синфи ибитидоии мо Амриддин Холов ва пас аз синфи 5-ум роҳбарии синфамонро муаллима Раҷабгул Саидова бар уҳда доштанд. Онҳо низ барои таълиму тарбияи ману ҳамсабақонам заҳмати зиёд кашидаанд”,- нақл кард ӯ.
Дар оила онҳо 5 фарзанд – 3 писару 2 духтар ҳастанд. Хоҳарбузургаш барои Кароматулло чун модар аст. Маҳз ӯ додаракашро дар рӯзи аввали ба синфи 1-ум рафтан ҳамроҳӣ кард.
Ба Кароматулло ҳарфҳои алифборо ёд дод. Падарашон, ки серкор буд, барои бо кӯдакон машғул шудан вақт пайдо карда наметавонист. Бародару апаҳояш дар зиндагии вай нақши бузурге доранд.
Умеду нақшаҳои нек барои оянда
Кароматулло ният дорад, ки пас аз хатми бомуваффақияти донишгоҳ ба хизмати Ватан-модар равад.
“Пас аз адои хизмат ният дорам, ки дар зодгоҳи худ аз рӯи ихтисос ба фаъолият шурӯъ кунам. Яъне, дар хидмати мардуми Тоҷикистон бошам”,- хулоса кард ӯ.
Файзуллохон Обидов