fbpx

КҲФ ҷасади се нафарро дар дарёи Фон ҷустуҷӯ дорад

Наҷотдиҳандагон сабукрави тамғаи “Mercedes Benz”-ро аз дарё бароварданд, аммо дар дохили мошин на ронанда ва на ҳамроҳонаш набуданд.


1
1 point
Акс: КҲФ

Наҷотдиҳандагони КҲФ сабукрави тамғаи “Mercedes Benz” аз дарёи Фон берун оварданд. Аммо ронанда ва ду мусофири он дар дохили мошин набуданд.

Кумита менависад ин се нафар ғарқ шудаанд.

Гуфта мешавад, мошини сабукрави тамғаи “Mercedes Benz”, таҳти идораи Абдуфотил Гулов рӯзи 15-уми декабр, тахминан соати 15:30 ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Кумарғ ба самти шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ бо сабабҳои номаълум дучори садама шуда, аз баландии тақрибан 150-200 метр ба дарёи Фон сарозер шудааст.

Ғайр аз ронана дар дохили мошин ду нафари дигар, бонувони 66 ва 55-сола, сокинони деҳаи Куми ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ будаанд.

Ба иттилои КҲФ, рӯзи 17 декабр наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии Зарафшон аз соати 08:00 дақиқа то соати 16:30 дақиқа дар километри 124-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, корҳои кофтуковии рӯиобиро дар дарёи Фон ба роҳ мондаанд.

Наҷотдиҳандагон автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes Benz”-ро аз дарё бароварданд, аммо дар дохили мошин на ронанда ва на ҳамроҳонаш набуданд.

Гуфта мешавад, корҳои кофтуковӣ идома дошта, дар сурати пайдо шудани маълумоти иловагӣ хабар расонида мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point
Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend