“Агар пахта начинед маош ҳам намешавад!”, “кӯмак ба марди деҳқон”, “30 рӯзи зарбдор” ё “ҳама ба пахтачинӣ!” – ин шиорҳои замони шӯравӣ не, балки даъвати омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯён ба пахтачинӣ дар минтақаҳои пахтакори Тоҷикистон имрӯз аст.
Дар ҳоле ки аллакай сардӣ фаро расидааст ва пахтачинӣ тибқи Қонун “Дар бораи маориф”, “аз иҷрои вазифаи асосӣ дур сохтани кормандони соҳаи омӯзгорӣ ҷалби таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ба корҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои ба таълиму тарбия новобаста манъ аст”, омӯзгорон ва донишҷӯён аз минтақаҳои кишвар аз маҷбуркунӣ ва шароити бади корӣ дар майдони пахта шикоят карданд.
Your.tj бо чанд омӯзгор ва донишҷӯ аз ноҳияҳои пахтакори Тоҷикистон ҳамсуҳбат шуда, дар бораи вазъи пахтачинии онҳо нақл кард.
“Пахтачинӣ бурданду пул надоданд”
Дар вилояти Суғд то ҳол гурӯҳ-гурӯҳ кормандону хонандагон ва донишҷӯён ба кӯмаки деҳқонон дар ҷамъоварии пахта фиристода мешаванд.
Як рӯзноманигор аз вилояти Суғд ба Your.tj гуфт, дар ин вилоят “хонандагон, донишҷӯёну устодон ва кормандони ташкилоту ҳизбҳоро бо шиори “кӯмак ба марди деҳқон”, асосан рӯзҳои истироҳатӣ ба шаҳру навоҳии пунбапарвар мебаранд”.
Рустам (ном иваз карда шудааст) яке аз онҳост. Ӯ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Зимни суҳбат ба Your.tj дар бораи ҷалб шудани донишҷӯён ба пахтачинӣ суҳбат кард.
Рустам мегӯяд, имсол гурӯҳи онҳоро барои кӯмак ба деҳқонон чанд маротиба ба ноҳияҳои Зафаробод ва Мастчоҳ ба пахтачинӣ фиристоданд.
Ӯ танҳо як маротиба миёнаҳои моҳи ноябр иштирок кардааст.
“Мо дар 5 нақлиёти мусофирбар ҷо гирифтем ва моро ба ноҳияи Мастчоҳ бурданд. Дар чанд хоҷагӣ тақсим карданд”,- нақл кард ӯ.
Чидани як килограм пахта дар хоҷагие, ки Рустам кор кард, 1,5 сомонӣ буд, вале маблағ нагирифтаанд.
“Қисми маблағро ба фикрам ба ронандаҳо доданд, боқимондаашро намедонам”,- гуфт ӯ.
“Донишҷӯи пахтачинро дастгирӣ мекунем”
Ба нақли Рустам, ҳар нафаре, ки мехост, ба пахтачинӣ хоҳишмандона мерафт.
“Пеш аз сафар ба пахтачинӣ декани мо даромада гуфт, шумо 20 килограммӣ “норма” доред. Баъзе омӯзгорон мегӯянд, нафароне, ки ба пахтачинӣ мераванд, ҳангоми рейтингу имтиҳон кӯмаку дастгирӣ меёбанд”,- гуфт ин донишҷӯ.
Донишҷӯи дигар аз ин донишгоҳ гуфт, ки онҳоро низ чанд маротиба ба ноҳияи Мастчоҳ пахтачинӣ бурданд.
“На қадри муаллим ҳасту на кӯдакон”
Як омӯзгор аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо шарти ифшо нашудани ному ҷойи кораш ба мо гуфт, ду ҳафтаи охир реҷаи пахтачинӣ сахттар шудааст ва акнун на фақат рӯзҳои истироҳат, балки ҳамарӯза зери роҳбарии ду-се омӯзгор хонандагонро ба пахтачинӣ мефиристанд.
“Ҳаво хунук шуду ин якшанбе нарафтем. Хайрият деҳаи мо аз заминҳои пахта дуртар аст, вагарна дар ҳамин сардӣ ҳам мебурданд. Пахта дар замин ҳоло мисле, ки чиниши якумаш аст сап-сафед. Фармон шудааст, ки то моҳи январ бояд нақшаро иҷро кунем”,- шарҳ дод ин омӯзгор.
Ҳамкори дигари ин муаллим афзуд, ки бар замми ин ки маҷбур мебаранд, шароити корӣ ҳам хуб нест ва бар ивази ин қадар заҳмат музди ночиз медиҳанд.
“Барои як килограмм 80 дирам-1 сомонӣ медиҳанд. Кӣ мехоҳад барои ин пули ночиз кор кунад? 6-8 сол пештар ҳамин нарх буд, ҳоло ҳама чиз қимат шудааст ва ин нархи онҳо хандаовар аст”,- гуфт ӯ бо шикоят.
Ин омӯзгор ҳамчунин аз муносибати дағалу хунукназарии роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор изҳори норозигӣ карда, гуфт, “дар назди онҳо на қадри муаллим ҳасту на кӯдакон”.
“Барои бурдани мардум ба пахтачинӣ аввал мошини боркаши “Портер” фиристоданд. Мо бо 2-3 муаллим норозигӣ кардем, ки ягон мошини дурусттар ташкил кунанд”,- нақл кард ӯ.
“Агар пахта начинед маош ҳам намешавад!”
Ба гуфтаи ин омӯзгорон, шахсоне, ки ба пахтачинӣ намераванд, дар маҷлисҳо танбеҳ дода мешаванд ва “шарманда” мекунанд. Боз таҳдиди буридани маош ё кам кардани соати дарсӣ барои омӯзгорон низ будааст.
“Дар маҷлисҳои калон мегӯянд, ки “пахта боигарии ноҳияи мост ва маоши шумо аз ҳамин ҳисоб аст, агар пахта начинед маош ҳам намешавад!”. Фақат омӯзгорон маош мегиранд ва пахта ба маоши муаллим чӣ рабт дорад? Инашро нафаҳмидам”,- гуфт бо тааҷҷуб ҳамсуҳбати мо.
“Метарсам аз маошам мебуранд”
Гулсанам (ном иваз шудааст) омӯзгори мактаби дигари ноҳияи Ашт аст. Дар деҳаи онҳо заминҳои калони кишти пахта ҳаст. Ӯ гуфт дар рӯзҳои сардӣ ҳам маҷбурӣ ба пахтачинӣ рафт.
“Наравӣ намешавад. Ҳамон камтар маоши мегирифтаам ақаллан каме ба зиндагӣ кӯмак мекунад. Ростӣ, дарди миён дорам, аммо метарсам, ки дарсамро кам кунанд ё аз маошам буранд”,- изҳори нигаронӣ кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, имсол бо сабаби маҳдудиятҳои интиқоли барқ обёрии киштзорҳо дер оғоз шуд ва пахтаро ҳам дер кишт карданд.
“Ҳоло пахта сап-сафед шукуфтагӣ. Мегӯянд, нақшаи ноҳия бояд то 20-25-уми декабр пур карда шавад”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
“Имсол як маротиба бурданд”
Дар баъзе деҳаҳои шаҳри Кӯлоб низ хонандагони мактабро ба пахтачинӣ мебаранд.
Писари Шабнам (ном иваз карда шудааст), ки дар яке аз деҳаҳои ин шаҳр зиндагӣ мекунад, низ дар мавсими имсола ҳамроҳи дигар хонандагони мактаби деҳа ба пахтачинӣ рафтааст. Ба пахтачинӣ асосан хонандаҳои синфҳои болоӣ ҷалб мешаванд. Писарак дар синфи 8-ум мехонад.
“Имсол назар ба солҳои гузашта камтар, танҳо як маротиба бурданд. Солҳои гузашта бисёр мерафтанд”, – гуфт ӯ.
Ба нақли модари ин хонанда, асосан хонандагони мактабро рӯзҳои истироҳатӣ ба пахтачинӣ барои “кӯмак ба деҳқонон” бурданд.
“Маблағ намедиҳанд. Писарам мегӯяд, пулаш барои таъмири мактаб истифода мешавад. Ба ҳадди тавонашон дар як рӯз 15-20 кг пахта чиданд”,- гуфт ин модар.
Ин зан нақл кард, ки чанд сол пеш ҷамъомадҳои пагоҳирӯзии мактаб эълон мекарданд, ки кадом хонанда чанд килограмм пахта чидааст ва онҳоеро, ки намерафтанд, сарзаниш мекарданд.
“Намехоҳам як рӯзи истироҳатиамро ба пахтачинӣ сарф кунам”
Гулбаҳор (ном иваз карда шудааст) дар яке аз мактабҳои ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён омӯзгор аст. Ба нақли ӯ дар ноҳияи онҳо имсол рӯзҳои истироҳатӣ омӯзгорон маҷбурӣ ба пахтачинӣ ҷалб шуданд.
“Имсол пахта бисёр, деҳқонон наметавонистанд сари вақт чинанд. Барои ҳамин омӯзгоронро ҷалб карданд. Намехоҳам равам, чунки худаш як рӯзи истироҳатӣ ҳаст”, – қисса намуд ӯ.
Тавре Гулбаҳор гуфт, дар назди мактаби деҳа ҷамъ мешуданд ва аз онҷо онҳоро ба заминҳо мебурданд.
Ба пахтачинӣ ҷалб кардани омӯзгорону хонандагон манъ аст!
Дар ҳамин ҳол, Хуршед Мавлонов сухангӯи Вазорати маориф ва илими Тоҷикистон гуфт, аз ҷониби вазорат вобаста ба ҷалби омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯён ба пахтачинӣ “ягон фармону супориш нашудааст”.
Ӯ афзуд, то ҳол ба унвонии вазорат вобаста ба пахтачинӣ ягон нафар шикоят накардааст. Вале гуфт, ҷалби кормандони соҳаи маориф ва хонандагон ба корҳои кишварзӣ тибқи Қонун “Дар бораи маориф” манъ аст ва мешавад мувофиқи он шикоят бурд.
“Тибқи Қонун “Дар бораи маориф”, боби 2, моддаи 25, банди 9 аз иҷрои вазифаи асосӣ дур сохтани кормандони соҳаи омӯзгорӣ ҷалби таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ба корҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои ба таълиму тарбия новобаста манъ аст”,- шарҳ дод Хуршед Мавлонов.
Ёде аз фоҷиаҳои пахтачинӣ
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15-уми ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асари садамаи як “Портер”, ки мактаббачагонро аз пахтачинӣ меовард, чанд толибилми мактаби рақами 48-и деҳаи Боғи Боло захм бардоштанд.
Тибқи иттилои манбаъҳо аз мақомот, се хонанда – ду духтар ва як писари то 15-сола дар ин ҳодиса ҷароҳати сахт бардоштанд.
Аммо сокинони деҳаи Боғи Боло гуфтанд, теъдоди наврасони осебдида бештар аст ва аксари онҳоро ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ карда шуданд.
Манбаъ аз мақомот гуфта буд, бар зидди ронанда барои риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ парванда боз мешавад.
Омӯзгорони мактаби рақами 48-и деҳаи Боғи Боло гуфта буданд, хонандагонро барои ёрӣ ба деҳқонон мебурданд, то ҳосили пахта дар сармо ҳайф нашавад. Ҳангоми бозгашт садама рух додааст.
Сокинони деҳа дар суҳбат ба Озодӣ гуфтанд, кӯдаконро чанд вақти охир ба пахтачинӣ мебаранд.
Се сол пеш, моҳи сентябр низ дар як фоҷиа дар киштзори пахта як хонандаи мактаб ба ҳалокат расид. Меҳронаи Фурузони 15-сола, хонандаи синфи 9-и мактаби рақами 2-и ноҳияи Зафаробод дар майдони пахта зери чархи трактор монда ҷон бохт.
Your.tj