Ба операторони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон барои сифати пасти алоқа ҷарима, ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маҳрум сохтан иҷозатномаи фаъолият таҳдид мекунад.
Дар ин бора сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур дар ҷаласаи кории намояндагони операторони алоқаи мобилӣ, КВД «Шаҳри доно» ва Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, гуфта мешавад дар сомонаи расмии ин ниҳод.
Ҷаласаро Хадамоти алоқа ташкил кард. Дар он масъалаҳои омодасозии ширкатҳои алоқаи мобилӣ ба зимистон, вазъи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар минтақаҳои кишвар, афзоиши муроҷиатҳо ва шикоятҳои муштариёни алоқаи мобилӣ бо наздикшавии сардиҳои зимистон, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба соҳа баррасӣ карда шуданд.
Бег Сабур афзоиши шикоятҳои сокинонро дар бораи сифати пасти алоқа дар минтақаҳои гуногуни кишвар ва натиҷаҳои мониторинги сифати алоқа дар минтақаҳое, ки кормандони соҳаи алоқа гузаронидаанд, қайд кард.
«Гарчанде ки ислоҳот ва навсозии соҳаи телекоммуникатсия дар тӯли чанд соли охир суръат гирифт, ширкатҳо то ҳол натавонистанд фарогирии дуруст ва сифати алоқаро таъмин кунанд.
Ҳатто санҷишҳои Хадамоти алоқа дар шаҳри Душанбе нишон доданд, ки сифати алоқа дар бисёр минтақаҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.
Ин вазъ моро водор месозад, ки назорати фаъолияти операторони алоқаи мобилиро пурзӯр намоем, инчунин таъмиру навсозии пойгоҳҳои базавии алоқаро зиёд намоем ва барои сатҳи номувофиқи хизматрасонӣ дар доираи қонунгузорӣ, бидуни истисно, аз ҷарима то ҷавобгарии ҷиноятӣ ва бозхонди иҷозатномаи фаъолият чораҳои иловагӣ андешем»,- гуфт роҳбари хадамоти алоқа.
Ин дар ҳолест, ки қариб ҳамарӯза сокинони гӯшаҳои гуногуни кишвар аз сифати пасти алоқаи мобилӣ шикоят мекунанд. Мақомот сабаби инро ба фарсуда ё сарбории таҷҳизоти мавҷрасон маънидод мекунанд.
Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба сатҳу сифати интернет ва нархи он борҳо танқид карда буд.