Ҳалокати 15 нафар, аз ҷумла 6 кӯдак дар садамаҳои нақлиётии охир дар Тоҷикистон, ихроҷи беш аз аз 500 муҳоҷир аз Хабаровски Русия дар давоми як сол ва сафари Си Ҷинпин, раиси Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон.
Ин ва дигар хабару рӯйдодҳои муҳимтарини ҳафтаи охир дар нашри навбатии барномаи “Навиди ҳафт рӯз” аз Your.tj.
Сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Си Ҷинпин шоми 4-уми июл ба Тоҷикистон омад. Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар фурудгоҳи Душанбе бо шукӯҳ пешвоз гирифт.
Дар доираи сафари Си Ҷинпин мулоқотҳои расмӣ миёни ҳайъатҳои Тоҷикистону Чин баргузор мегардад. Инчунин, биноҳои нави Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин шоми имрӯз 5-уми июл кушода мешавад.
Биноҳои нави Ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон бо маблағгузории Чин бо маблағи 1,5 миллиард юан ё тақрибан 200 миллион доллар сохта шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин маблағҳо кӯмаки бебозгашти Чин барои Тоҷикистон аст.
Се садама ва 15 қурбонӣ. 6 нафари онҳо кӯдакон ҳастанд
Давоми ҳафтаи гузашта дар кишвар чанд садамаи нақлиётии мудҳиш рух дод.
Аз ҷумла 7 нафар дар пайи як садамаи нақлиётии рӯзи 27-уми июн дар шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расиданд, ки чор нафари онҳо, аз ҷумла се кӯдак аъзои як оила буданд.
Дар ду садамаи маргбори нақлиётии рӯзи 2-юми июл 8 нафар ба ҳалокат расиданд.
Садамаи якум нисфирӯзии 2-юми июл дар километри 50-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод
Дар натиҷа се шаҳрванди Узбекистон (ду мард ва як зан) дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Садамаи фоҷеабори дуюм дар қаламрави ноҳияи Айнӣ пас аз нисфирӯзии ҳамон рӯз дар роҳи Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар наздикии деҳаи Шавадки Поён рух дод.
Дар натиҷаи он ронанда, ҳамсари ӯ ва се фарзанди 2, 5 ва 7-солаи онҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Сӯхтор дар бозори Ҷайҳун
Шаби 1-уми июл дар бозори ноҳияи Ҷайҳун тақрибан соати 22:40 сӯхтор сар зад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхторро расиши ноқилҳо шарҳ дод.
Ба иттилои ин ниҳод ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ надид ва талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта нашуд. Ҳаҷми зарар бошад, муайян карда мешавад.
Расонаҳо навиштанд, ки барои хомӯш кардани оташ 18 мошини сӯхторхомӯшкунӣ сафарбар гардид. Гуфта мешавад, онҳо давоми бештар аз ду соат сӯхторро хомӯш кард.
Рейдҳо алайҳи муҳоҷирон ва ихроҷи 500 нафар аз минтақаи Хабаровски Русия
Давоми соли равон аз минтақаи Хабаровск 512 муҳоҷир бо гумони будубоши ғайриқонунӣ, вайрон намудани қонунҳои муҳоҷират аз Русия ихроҷ шудаанд. Маълум нест, ки миёни ихроҷшудагон чанд нафарашон аз Тоҷикистонанд.
Дар Русия рейдҳо, таъқибу боздошт ва дастгирукунии муҳоҷирон идома дорад.
Вақтҳои охир муҳоҷирони тоҷик аз тафтиши дурудароз дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ шикоят мекунанд.
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маош то 40% зиёд шуд
Дар Тоҷикистон шуруъ аз 1-уми июл маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо аз 30% то 40% баланд бардошта шуд.
Дар ин бора фармони презиендт 9-уми январ ба имзо расида буд.
Тибқи ин фармон маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони онҳо аз 1-уми январ зиёд шуда буд.
Акнун аз 1-уми июл маоши кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ ва стипендия ба андозаи 40% ва нафақаҳои суғуртавӣ, иҷтимоӣ ва меҳнатӣ ба андозаи 30% зиёд карда мешавад.
Инчунин маоши ҳадди ақал 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад, ки то ин вақт 600 сомонӣ буд.
Ҳукумати Тоҷикистон чанд соли охир маоши кормандони соҳаҳои буҷетиро баланд мебардоранд, вале сокинони кишвар мегӯянд, ки дар баробари баланд шудани нархи маҳсулотҳои ниёзи аввалия ва дигар ашёҳои зарурӣ, баланд шудани маошро эҳсос намекунанд.