fbpx

Дар як маъракаи иттилоотӣ дар шаҳри Бохтар дар беш аз 70 нафар диабети қанд муайян карда шуд

Дар ҷануби Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи диабети қанд маъракаи иттилоотӣ баргузор гардид.


0

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (ДДТТ), дар шаҳри Бохтар бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд чорабинӣ баргузор намуд.

Маъракаи бузурги иттилоотӣ дар 3 нуқтаи шаҳри Бохтар: нуқтаҳои савдои “Фаровон” ва “Хоҷӣ Шариф”, инчунин дар маркази саломатии шаҳрӣ баргузор гардид.

Дар давоми рӯз ихтиёриён оид ба омилҳои хавф ва пешгирии ин беморӣ варақаҳои иттилоотиро тақсим намуда, оид ба хатарҳои дер ошкор шудани ин навъи беморӣ маълумот доданд.

Ихтиёриён ба ҳама тавсия доданд, ки суолномаро (анкета) пур кунанд ва сатҳи қандро дар хуни худ чен намоянд. Дар рафти ин маърака аз байни аҳолӣ 334 кас аз муоинаи тиббӣ гузаштанд.

Суолнома бо усули FINDRISK гузаронида шуда, ҳангоми муоина қаду вазнро чен карда сипас сатҳи қандро дар хун санҷиданд.

Дар Тоҷикистон ҳар сол шумораи беморони гирифтори диабети қанди навъи 2-юм меафзояд. Мувофиқи омори расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2021, 50 ҳазору 518 нафар мубталои бемории диабети қанди навъи 2-юм ба қайд гирифта шудааст.

Сабабҳои асосии пайдоиши бемории диабети қанд ин вазни зиёдатӣ, истеъмоли ғизои носолим, камҳаракатӣ, ирсият ва баъзе ҳолатҳои хоси тиббӣ ба ҳисоб мераванд. Дар марҳилаҳои ибтидоӣ, бемории диабети қанди навъи 2-юм дар бисёри мавридҳо бе аломатҳои аён мегузарад.

Ин сабаб мегардад, ки бемории болозикр дер ошкор мешавад. Синну соли муоинашудагон аз 18 то 72-соларо дар бар гирифт. Шумораи мардон 138 нафар ва занон 196 нафарро ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки дар байни аҳолӣ шахсоне, ки аз санҷиш гузашта буданд 50 нафарашон бо вайроншавии мубодилаи карбогидрат ва 71 нафари дигар бошанд ҳамчун гирифтори диабети қанд ба кайд гирифта шуданд. Илова бар ин, маълум гардид, ки 114 нафар (57 мард ва 57 зан) аз вазни зиёдатӣ ва 126 нафар (52 мард ва 74 зан) аз фарбеҳӣ азият мекашанд.

“Аз ин чорабинӣ дар назди бозори «Фаровон» ман хеле ҳайрон шудам ва мехостам бифаҳмам, ки оё дар ман ҳам нишонаҳои диабети қанд вуҷуд дорад ё на. Ихтиёриён пурсиш гузаронида, сатҳи қанди хуни маро чен карданд. Хушбахтона, ин беморӣ дар ман мушоҳида нашуд, ва ман комилан солим ҳастам”, – гуфт яке аз иштирокчиёни маъракаи иттилоотӣ.

Мавриди зикр аст, ки дар маркази саломатии шаҳри Бохтар барои табибони оилавӣ омӯзиш баргузор гардид. Дар рафти омӯзиш масъалаҳои этиология, патогенез, ташхис ва табобати оризаҳои шадиди ин бемориро баррасӣ намуданд. Дар анҷоми омӯзиш викторина баргузор гардид, ки ғолибони он бо глюкометрҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон дар аввали моҳи декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе омӯзиш ТоТ барои эндокринологҳо ва табибони оилавӣ оид ба ҷорӣ ва татбиқи дастури “Ташхиси саривақтӣ ва назорати беморони гирифтори диабети қанди навъи 2” ташкил карда шуд.

Дар омӯзиши мазкур иштирокчиён аз 4 минтақаи ҷумҳурӣ: ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар 2 даври омӯзишӣ ҳамагӣ 37 нафар мутахассисон омода карда шуданд. Дар фарҷоми ин омӯзишҳо ба иштирокчиён сертификатҳо супорида шуда, аз байнашон барои пешбурди кори минбаъда доир ба ҷорӣ ва татбиқи дастурҳои диабети қанд дар сатҳи минтақавӣ тренерон интихоб карда шуданд.

Маръакаи иттилоотӣ аз ҷониби лоиҳаи “Ташкили системаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ҳамгироишуда дар Тоҷикистон (BaSIC)», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби GIZ амалӣ мегардад, баргузор гардид.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend