fbpx

Вазири корҳои хориҷӣ: Амали мақомоти Русия нисбати муҳоҷирон фишороварӣ нест 

Вале Русия бояд ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро таъмин намояд.


0
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин

Ҷониби мо амалкарди мақомоти Русияро мавриди шубҳа қарор намедиҳад, гуфт Сироҷидин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ. Ӯ бовар ба он дорад, ки сатҳи баланди муносибатҳои бисёрсамтаи Тоҷикистону Русия намегузорад, то нисбати муҳоҷирони тоҷик фишороварӣ ҷой дошта бошад.

“Дар мавриди амалиёти мунтазами тафтишотии мақомоти қудратии Русия нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қайд кард, ки ҷониби мо дурустии амалкарди мақомоти он кишварро мавриди шубҳа қарор намедиҳад”,- изҳор дошт вазир.

Вале ӯ гуфт, Русия бояд ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро таъмин намояд.

“Зимни баргузории чунин чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ ҷиҳати ба танзим даровардани раванди муҳоҷират бояд ҷониби Русия ҳуқуқу озодиҳои заминавии тоҷикистониёни муқими ин кишварро ҳатман риоя намояд”,- таъкид кард мансабдори тоҷик.

Вазир ҳамчунин қайд намуд, ки дар ҳама сатҳҳо ин мавқеъро бо ҳамтоёни русиягии худ таъкид мекунад.

Қайд гардид, ки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия дар масъалаҳои марбут ба вазъи шаҳрвандони кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо мунтазам пайгирӣ менамоянд.

“Мо аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки зиндагӣ ва фаъолияти меҳнати худро дар ин кишвари иқомат ҳатман дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ монанд. Мақомоти Тоҷикистон дар Русия дар мавриди татбиқи созишномаҳои дахлдори соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандоин ҶТ ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ ва омода намудани онҳо пеш аз сафар тақвият медиҳанд”,- афзуд Сироҷиддин Муҳиддинзода.

Дар ҳамин ҳол, дар нишасти матбуотии мақомоти меҳнат ва муҳоҷират гуфта буданд, фишору азият дар Русия танҳо нисбати муҳоҷирони тоҷик сурат намегирад.

“Бояд қайд кард, ки ин тафтишоту фишорҳо болои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия моҳҳои май-июни соли ҷорӣ ба амал омаданд. Он дар доираи як амалиёти махсуси мақомоти интизомии Русия – “Нелегал” сурат гирифт, ки пештар ҳам гузаронида мешуд.

Шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон ва ҳатто шаҳрвандони худи Русия – ҷумҳуриҳои Чеченистон ва Тотористон низ мавриди тафтиш қарор гирифтанд”,- гуфта буд Шаҳноза Нодирӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Хайрулло Усмонзода директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар нишасти матбуотии ин марказ гуфт, ин пеш аз ҳама ба пешгирии муҳоҷирати ғайрирасмӣ дар кишвари мизбон вобаста аст.

“Ба ин масъалаҳо кӯшиши ҷанбаи сиёсӣ додан на он қадар дуруст аст. Ҳодисаҳое, ки мову шумо шоҳиди онем, пеш аз ҳама талошҳо барои пешгирии фаъолияти ғайрирасмии меҳнатӣ дар кишвари мизбони муҳоҷирони меҳнатии мост”,- шарҳ дод Усмонзода.

Ин дар ҳолест, ки тайи чанд моҳи ахир боздошту азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфтааст. Мақомоти Русия инро як санҷиши маъмулӣ унвон мекунанд, вале муҳоҷирон мегӯянд, бештар фишор сари муҳоҷирони тоҷик аст ва полиси рус бо онҳо бадрафторӣ мекунад.

Русия макони кори ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон аст. Садҳо донишҷӯйи тоҷик ҳам дар ин кишвар таҳсил мекунанд ва афзоиши рейду тафтишҳо зиндагии онҳоро мушкил кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend