fbpx

Дар Кӯлоб ба ронандагони худравҳояшон дар садама зарардида мошинҳои нав додаанд

Ба зарардидагон навъи мошинҳое дода шудааст, ки пеш аз садама доштанд.


0
Садамаи мудҳиш дар шаҳри Кӯлоб
Акс аз КҲФ.

Ба нафароне, ки мошинҳояшон дар натиҷаи як садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб зарар дид, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мошинҳои нав ҳадя гардидааст.

Дар ин бора аз ҳукумати шаҳр Кӯлоб хабар доданд.

Имрӯз, 9-уми август пеш аз нисфирӯзӣ 7 нафар аз зарардидагон соҳиби мошин нави гардидаанд.

Гуфта мешавад ба зарардидагон навъи мошинҳое дода шудааст, ки пеш аз садама доштанд.

Мақомот гуфтанд, сохтмони хонаҳои зарардидаро низ рӯзҳои наздик оғоз мекардаанд.

Дар натиҷаи садамаи мудҳише, ки шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб садамаи нақлиётӣ рух дод, 23 нафар куштаву захмӣ шуданд.

Мошини боркаши тамғаи “Дулан” ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ш.Шоҳин бо сабаби аз кор мондани “тормоз”-аш бо суръати баланд бо 7 худрави назди бозори “Сомонӣ”-и Кӯлоб бархӯрд ва 3 хонаро тахриб кард.

Ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар ин ҳодиса 10 нафар фавтида, 13 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend