Ҳуҷҷати иҷозаи зист ба хориҷиён ба ивази қарордод имзо кардан бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия дода мешавад.
Дар ин сурат хориҷиён бе гирифтани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) соҳиби Ҳуҷҷати иҷозаи зист мешаванд.
Ин талабот дар қонуни Русия “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия” илова шудааст.
Ҳуҷҷати иҷозаи зист бояд ба муҳлати як сол баста шавад. Ин ҳуҷҷатро ба таври соддатар он хориҷиёне гирифта метавонанд, ки ҳангоми ҷанг бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия қарордод мебанданд.
Ба ғайр аз нафаре, ки қарордодро имзо мекунад, барои оилаи ӯ ҳам сабуктар мешавад, ҳатто агар ӯ ба ҳалокат расад.
Хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи қарордод дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд ва хидматро натанҳо дар ҳудуди давлат адо мекунанд. Тағйирот ба он ишора мекунад, ки хориҷиёнро маҳз ба ҷанг мефиристанд.
Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов чанде пеш ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “ба эҳтимоли зиёд, то тирамоҳи соли ҷорӣ баталйони алоҳида созмон намеёбад, аммо теъдоди тоҷикон дар сафи артиши Русия ҳатман зиёд хоҳад шуд. Гумон аст, ки интихоби ҷойи хидмат ба шумо муяссар шавад ва ба эҳтимоли зиёд, шуморо ба Украина сафарбар мекунанд”.
Хидматчиёни ҳарбӣ баъди имзои қарордод барои давраи омодагӣ ба қисмҳои низомии таълимӣ фиристода мешаванд. Муҳлати ин давра ба ихтисоси ҳарбии доштаи хориҷиён вобаста аст, аммо дар маҷмӯъ он метавонад ҳамагӣ ду ҳафта бошад.
Пас аз ин онҳоро ба минтақаи амалиёти ҷангӣ фиристода метавонанд.
Ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишвари дигар (новобаста аз оне, ки аз тарафи Русия аст ё Украина) мувофиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ ҷазо пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он аз 10 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.