fbpx

Хадамоти алоқа: Дар Тоҷикистон нархи интернет 15% арзон шудааст

Вале сокинон аз сифату гаронии нарх ҳоло ҳам шикоят мекунанд.


0
Атоев хадамоти алоқа
Илҳомҷон Атоев муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 4,5 миллион нафар корбари фаъоли интернет ба ҳисоб мераванд.

Ин нуктаро Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа зимни нишасти хабарии ин ниҳод қайд намудааст, менависад Азия Плюс.

Илҳомҷон Атоев қайд намудааст, бо зиёд шудани тарофаҳо нархи интернет 15% арзон карда шудааст. Инчунин Хадамоти алоқа барои беҳтар кардани суръати интернет дар шаш моҳи соли равон 443 пойгоҳи 3G ва 4G насб кардааст.

Пештар президенти кишвар сифату гаронии нархи интернет дар Тоҷикистонро танқид намуда буд.

Ҳоло теъдоди муштариёни соҳаи алоқа бошад, 8,3 миллион нафарро ташкил менамояд.

Аз ин теъдод 5,6 миллион нафар корбари фаъол ба ҳисоб мераванд, ки назар ба соли гузашта 800 ҳазор кам мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 корхонаҳое, ки ба соҳаи алоқа марбутанд, беш аз 1,9 млрд сомонӣ даромад ба даст овардаанд.

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ин навбат низ дар нишати матбуотии ниҳоди зертобеи худ иштирок надоштааст. Илҳомҷон Атоев гуфтааст, ӯ барои ширкат ба ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон рафтааст.

Дар нишасти матбуотии гузашта низ Бег Сабур иштирок надошт ва гуфта шуда буд, ки бо сафари корӣ ба минтақаи Бадахшон сафар кардааст.

Чанде пеш рӯзноманигорон ва якчанд созмонҳои рӯзноманигорӣ ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва Прокуратураи генералӣ аз он шикоят карда буданд, солҳои охир баъзе роҳбарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ба нишастҳои матбуотӣ намеоянд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи раддабандии ҷаҳонӣ (Worldwide pricing data mobile) аз рӯи нархи интернет Тоҷикистон дар ҷои 131-ум қарор дорад.

Дар Тоҷикистон нархи миёна барои 1 ГБ 1,94 доллар мебошад. Ин рақам дар Қирғизистон ба 0,17 доллар, Ӯзбекистон ба 0,37 доллар ва Қазоқистон ба 0,37 доллар баробар аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend