fbpx

Акнун дар мактабҳои Душанбе иҷораи китоб тариқи ғайринақдӣ сурат мегирад

Барои иҷрои пардохти ғайринақдии дигар хизматрасонии пулакии соҳаи маориф низ замимаву барномаҳои бонкӣ пешниҳод гардидаанд.


-1
-1 points
Иҷораи китобҳои мактабӣ дар Тоҷикистон ғайринақдӣ мешавад

Шуруъ аз 1-уми август дар тамоми мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе пардохти маблағи китобҳои дарсӣ аз тарафи падару модарон ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар доираи татбиқ ва иҷрои пардохти ғайринақдии тамоми хизматрасонии пулакии соҳаи маориф “Амонатбонк”, “Шаҳри ҳушманд” (Smart city), “Имон Интернешнл”, “Бонки Байналмилалии Тоҷикистон”, ТАҚҲ “Ҳумо”, “Душанбе сити Бонк”, “Бонки Эсхата” ва “Тавҳидбонк” замимаву барномаҳои худро пешниҳод намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 22 июни соли 2023 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”  шурӯъ аз 1-уми август тамоми пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон танҳо дар шакли ғайринақдӣ сурат мегирад.

Ин маънои онро дорад, ки пардохти ҳаққи хидматрасонии коммуналӣ, тамоми андозҳо, боҷи давлатӣ барои додани иҷозатнома ва литсензия, ҷарима ва дигар намудҳои хидматрасонии давлатӣ танҳо бо истифода аз кортҳои бонкӣ ё ҳамёнҳои мобилӣ сурат мегирад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend