4-уми май, соати 21:00 ба вақти Душанбе, натиҷаҳои Лотереяи Green Card-2024 (DV 2025), ки дархостҳо барои он тирамоҳи соли 2023 пешниҳод шуда буданд, эълон карда мешавад. Оё шумо ғолиб шудаед ё не ва чӣ тавр онро тафтиш кардан мумкин? Мо дар ин бора маълумоти муфассал гирд овардем.
Натиҷаҳои корти сабз кай кушода мешаванд
Иштирокчиёни Лотереяи Green Card 2024 (DV 2025) метавонанд дархости худро 4 майи соли 2024 соати 21:00 ба вақти Душанбе тафтиш кунанд ва аз натиҷааш бифаҳманд, ки оё дархосташон бурднок интихоб (selectees) шудааст ё не.
Чӣ тавр бурднок будан ё набудани дархостро тафтиш кардан мумкин
Натиҷаи дархости худро танҳо дар сомонаи расмии Лотереяи Green Card https://dvprogram.state.gov тафтиш кардан мумкин.
Барои тафтиш рақами тасдиқӣ (confirmation number)-ро шумо бояд дар вақти дархост қайд карда бошед.
Барои ин лозим аст:
- Ба сомонаи Департаменти давлатии ИМА дохил шавед (https://dvprogram.state.gov/).
- Дар поёни саҳифа ба линки “Check Satus” пахш кунед.
- Пас аз гузаштан ба саҳифаи навбатӣ “Continue”— ро пахш кунед.
Маълумоти ҳангоми пешниҳоди ариза захирашударо ворид кунед:
- Confirmation Number – рақами дархости шумо;
- Last/Family Name – Насаб;
- Year of Birth – соли таваллуд;
- Муҳофизат аз спам – Authentication – капча аз расм.
Дар натиҷа, ду ҷавоби имконпазир пайдо мешавад:
Шумо ин паёмро хоҳед дид – You have been randomly selected for further processing. Ин маънои онро дорад, ки шумо интихоб шудаед. Акнун имкони гирифтани раводиди муҳоҷирати DV ба Иёлоти Муттаҳида ва баъдтар шаҳрвандиро ба даст овардед.
Has not been selected или как сокращенно говорят — HNBS — 99% аз иштирокчиёни бозии лотереяи корти сабз айнан ин паёмро мебинанд. Шумо бурд накардед ва шояд соли оянда муваффақ шавед.
Сомона кор намекунад, чӣ бояд кард
Агар дар рӯзи аввали эълони натиҷа барои тафтиш ворид шудан хоҳед, бояд ба он омода бошед, ки дар кори сомона метавонад мушкилиҳо ба вуҷуд ояд.
Сабабаш дар он аст, ки шумораи зиёди одамон мехоҳанд ба он ворид шаванд, то натиҷаҳои худро тафтиш кунанд ва бифаҳманд, ки оё имкони тағйир додани ҳаёти худро ба даст овардаанд.
Нигарон набошед, натиҷаҳо чанд моҳи дигар дастрасанд.
Оё то замони эълони натиҷаҳо дархостро дубора тафтиш кардан лозим аст
Маслиҳат медиҳем, ки дар ҳар 4-6 моҳ як маротиба “ба ҳар сурат” дархости худро ба Лотереяи Green Card-ро дубора тафтиш кунед — баъзан иловаҳо барои дархостҳо пайдо мешаванд.
Агар шумо рақами тасдиқӣ (confirmation number)-ро фаромӯш ё гум карда бошед
Акнун метавонед аз гум кардани confirmation number (рақами тасдиқӣ) дар ташвиш набошед. Зеро дар сомонаи расмӣ тартиби барқароркунӣ пешбинӣ шудааст.
Бояд маълумоти дақиқи дар дархост нишондодашударо бидонед — Насаб, Ном, Номи падар, Санаи таваллуд ва почтаи электронии ҳангоми бақайдгирии дархост барои корти сабз нишон дода шуда.
Агар шумо дастрасӣ ба почтаи электронии ҳангоми дархост ба корти сабз нишон додашударо аз даст дода бошед, барқарор кардани рақами тасдиқӣ қариб ғайриимкон аст.
Иштирокчиёни DV-2025 рақами тасдиқии худро бояд то 30-юми сентябри соли 2024 нигоҳ доранд.
Агар дар тафтиши дархост мушкилӣ пайдо шавад
Ҳангоми санҷиши дархости шумо барои иштирок дар Лотереяи Green Card, шумо метавонед чунин паёмро бинед — Warning:The information entered is not valid (маълумоти воридшуда дуруст нест).
Ин метавонад якчанд сабаб дошта бошад:
- Дархости шумо бекор карда шудааст — аксар вақт бо сабаби акс дар ариза, ки ба қоидаҳои Лотереяи Green Card мувофиқат намекунад.
- Ҳангоми ворид кардани маълумоти худ ба ягон хатои техникӣ роҳ додед. Боз бодиққат тафтиш кунед. Мумкин аст фосилаҳои иловагӣ вуҷуд дошта бошанд. Ҳарфи O ҳамчун рақами 0 ё баръакс навишта шудааст ва ғайра.
Рақами тасдиқӣ (confirmation number)-ро бодиққат тафтиш кунед. Кӯшиш кунед, ки онро барқарор созед ва бо он чизе, ки ворид мекунед, муқоиса намоед.
Дар ин ҷо шумо метавонед дар бораи чӣ тавр дар ИМА хона харидан маълумот бигиред, агар шумо аллакай ғолиби Green Card ҳастед ва ҳоло мехоҳед ба Иёлоти Муттаҳида равед, мо ҳама маслиҳатҳоро гирд овардем.