fbpx

Мақомот то ҳол ба навори латукӯби сарбозон расман вокуниш накарданд

Замону макони ҳодиса дақиқ нест, вале аз рӯи либос ва гапзанияшон эҳтимол меравад онҳо сарбозони артиши Тоҷикистон бошанд.


3
3 points
Латукӯби сарбозон дар Тоҷикистон
Намогирифт аз навори латукӯби сарбозон

Навори латукӯб ва бадрафторӣ бо сарбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ  хашми корбаронро овард. Дар он дида мешавад, ки чӣ тавр наваскаронро қатор карда бо мушту лагад, шаппотӣ ва тахта ба қисмҳои гуногуни баданашон мезананд.

Навори мазкур ду рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад. Замону макони ҳодиса дақиқ нест.

Аз рӯи либос ва гапзанияшон эҳтимол меравад онҳо сарбозони артиши Тоҷикистон бошанд.

То ҳол мақомоти расмӣ ба навори мазкур вокуниши расмӣ надодаанд.

Қаблан мақомот маҷудияти “дедовшина”-ро дар артиши кишвар борҳо рад кардаанд. Ҳамасола дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон марг ё маъюб шудани сарбозон расонаӣ мешавад.

Бори охир Вазорати мудофиа ҷасади Ибодулло Додови 18-сола, сарбози ин вазоратро ба наздиконаш дар ноҳияи Восеъ супорида буд. Ӯ моҳи ноябри соли гузашта ба хизмат рафт ва ба гуфтаи наздиконаш, ҳангоми шустани ҷасад дидаанд, ки “аз пушти сараш зарб хӯрда буд”.

Бино ба гузориши ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, дар 3 сол (2019-2021) зиёда аз 100 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аксаран дар ҳолатҳои мармуз, ба ҳалокат расидаанд.

Сабаби марги аксари онҳо риоя нашудани оинномаи низомӣ, бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва суистифодаи афсарон аз мақомашон номбар шудааст.

Шурӯъ аз 1-уми апрел дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ идома дорад, ки охири моҳи май анҷом меёбад. Мақомот то ҳол аз иҷрои 40 фоизи нақшаи даъват иттилоъ додаанд. Ба гуфтаи онҳо даъватшавандагон бо хоҳиши худ ба хизмат мераванд. Даҳҳо далели мавҷудияти “облава”, шеваи маҷбурӣ бурдан ба хизмати ҳарбӣ рад карда мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
5
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend