fbpx

“Аз пушти сараш зарб хӯрда буд”. Ҷасади як сарбози 18-солаи тоҷикро ба хонаводааш додаанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-2
-2 points
Қадамзании низомӣ
Акси марбута аз интернет

Иди Рамазон дар Тоҷикистон эҳтимол рӯзи 21-уми апрел таҷлил шавад

Иди Фитр дар Тоҷикистон эҳтимола на 22-юми апрел, балки 21-уми апрел таҷлил шавад. Дар Шӯрои уламо рӯзи 12-уми апрел гуфтаанд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ Рамазони имсола 29 рӯзро дарбар хоҳад гирифт.

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон

Интизор меравад, дар аввали ҳафтаи оянда Шӯрои уламо дар ҷаласае рӯзи дақиқи иди Фитрро эълон кунад.

Дар сурати тағйир наёфтани тасмими Шӯрои уламо, мусалмонони Тоҷикистон рӯзи 22-юми апрел иди Фитрро ҷашн мегиранд.

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон одатан 30 рӯзро ташкил медиҳад.

Бори охир соли 2015 Шӯрои уламо моҳи Рамазонро 29 рӯз эълон кард. Баъзе аз руҳониёни маъруф аз ҷумла Домулло Ҳикматулло он вақт гуфта буданд, “мардум бояд як рӯзи дигар рӯза гиранд.”

Тоҷикистону Эрон машқи ҳарбӣ гузаронидан мехоҳанд

Тоҷикистону Эрон ният доранд, ки машқи низомӣ гузаронанд. Дар ин бора расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд.

Сарбозони тоҷик
Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Ба гузориши “Садо ва симо”, масъалаи гузарондани размоиш ҳангоми сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Эрон баррасӣ шудааст.

Як ҳайат аз низомиёни тоҷик зери роҳбарии Шараф Эгамзод, муовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, дар Эрон ҳастанд.

Хабаргузории “Садо ва симо” аз қавли Эгамзод навиштааст, Тоҷикистон умед дорад, дар арсаҳои дифоӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо бо Эрон қадамҳои хубе бардорад.

Душанбе ва Теҳрон ва дар солҳои ахир робитаи печидае доштанд. Баъд соли 2015 мақомоти Тоҷикистон ҳукумати Эронро ба ҳимоят аз мухолифони исломӣ ва даст доштан дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон муттаҳам кард.

Мақомоти эронӣ ҳарчанд ба иттиҳомзании Тоҷикистон зиёд вокуниш намекарданд, дар суҳбатҳои алоҳида ҳарфҳои Душанберо рад карда буданд.

Аз соли 2020 ба ин тараф муносибати Тоҷикистон ва Эрон дубора беҳтар гардид.

“Аз пушти сараш зарб хӯрда буд”. Ҷасади як сарбози 18-солаи тоҷикро ба хонаводааш додаанд

Ҷасади Ибодулло Додови 18-сола, сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро ба наздиконаш дар ноҳияи Восеъ додаанд. Ӯ моҳи ноябри соли гузашта ба хизмат рафта буд.

Хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон
Акс аз сомонаи dom-mol.ru

Радиои Озодӣ” аз нақли падари сарбози марҳум Лоиқ Додов, менависад, сабаби марги писараш ба ӯ маълум нест. Мақомот низ то ин дам шарҳ надодаанд.

Падари сарбоз гуфтааст, бори охир рӯзи 9-уми апрели имсол бо писараш телефонӣ суҳбат доштааст. Даҳуми апрел бошад, ҷасадашро бурдаанд.

“Дар суҳбати телефонӣ мегуфт, ки вазъи саломатияш хуб аст”,– нақл мекунад ӯ.

Ибодулло Додов фарзанди севуми хонадон буд ва дар як қисми ҳарбии Вазорати дифоъ дар шаҳри Ваҳдат хидмат мекард.

Падараш барои дақиқ кардани марги Ибодулло Додов ба мақомот ариза навиштааст.

Ба гуфтаи яке аз наздикони Ибодулло, ки ҷасадро дидааст, “аз пушти сараш зарб хӯрда буд”. Лоиқ Додов ин мавридро рад накарда, гуфтааст, мунтазири хулосаи расмӣ мемонад.

Чанд моҳ пеш ҷасади Лутфуллои Давлатмаҳмади 26-соларо ба наздиконаш дар ноҳияи Восеъ супурда буданд.

Мақомот он замон гуфтанд, ки вай аз илтиҳоби шуш ҷон дод.

Бино ба гузориши ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милал, дар 3 сол (2019-2021) зиёда аз 100 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аксаран дар ҳолатҳои мармуз, ба ҳалокат расидаанд.

Сабаби марги аксари онҳо риоя нашудани оинномаи низомӣ, бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва суистифодаи афсарон аз мақомашон номбар шудааст.

Ба гуфтаи намояндагони ҳукумат, бо вуҷуди талошҳо барои решакан кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ зуҳуроти мазкур ва пинҳон кардани он аз тарафи афсарон ҳамчунон вуҷуд дорад.

Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аз тир захмӣ шудааст

Як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари муноқиша дар Маскави Нав (Новая Москва) захм бардошт. Дар шаҳри Шербинка шахси номаълуме тирпаронӣ карда, бо автомашинаи Porsche Cayenne аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тибқи маълумоти Telegram-канали 112, дар натиҷа бинокори 23-сола аз Тоҷикистон Алишер Холов аз пояш захм гирифта, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Боз 14 мард аз ҷойи ҳодиса ба шуъбаи пулис бурда шуда, айни замон бозпурсӣ мешаванд. Хабар дода нашудааст, ки инҳо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ё не.

Бино ба маълумоти канал, сабаби муноқиша бо тирпаронӣ пардохт нашудани музди меҳнат буда, коргарон бо бригадир муноқиша кардаанд.

Гуфта мешавад, бригадир пас аз ҷанҷол бо Porsche Cayenne аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, автомашина ба сокини 28-солаи Ингушетия Мусо Чахкиев тааллуқ доштааст, вале дар дохили мошин будани худи ӯ ҳоло маълум нест.

Соҳиби мошин дар ҷустуҷӯ қарор дошта, 16 ҷарима, 7 маҳдудият барои сабти ном ва ҳабси иҷрочиёни судӣ дорад.

Автомашина мавриди ҷустуҷӯи кормандони пулис қарор дошта, дар Маскав нақшаи “Боздошт” (Перехват) эълон шудааст.

Бори охир автомашинаро дар шоҳроҳи Варшава диданд. Ба ҳамаи кормандони пулис тавсия дода шудааст, ки ҳангоми кор либосҳои махсуси ҳимоя аз тир (бронежилет) дошта бошанд.

Зикр мешавад, ки дар дохили мошин 4 нафар қарор дошта, ҳамаашон бо худ силоҳ доранд.

Дар се моҳ ҳаҷми хисорот аз офатҳои табиӣ дар ВМКБ қариб ба 16 млн сомонӣ расидааст

Ҳаҷми хисороти офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар се моҳи соли ҷорӣ 15,8 миллион сомониро ташкил дод.

Оқибатҳои тарма дар Хоруғ
Акс аз КҲФ

Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар се моҳи соли 2023 ва супоришҳои нақшавӣ барои нимсолаи дуюм хабар дода шуд.

Танҳо дар се моҳи соли 2023 дар ВМКБ наздикӣ 260 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар натиҷа, дар вилоят 73 хона хароб шуда, аз ин шумора 16 хона пурра ва 19 хона қисман осеб диданд.

Зарари умумии расида 15,8 миллион сомониро ташкил додааст.

Ҳоло дар вилоят корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ дар ВМКБ бар асари тармафуроӣ 18 нафар (16 нафар дар Хоруғ ва 2 нафар дар Ванҷ) ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend