fbpx

Манъи дӯхтани либос ба мардон дар Афғонистон аз ҷониби Толибон*

Дар сурати нодида гирифтани дастури мазкур, дӯконҳои онҳо баста мешавад.


0
Мардони дӯзанда дар Афғонистон
Акс аз tolonews.com

Дар шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвон мардҳои дӯзанда аз ҷониби Толибон* дастур гирифтаанд, ки дигар либосҳои занона надӯзанд. Дар ин бора сомонаи телевизиони “Tolonews хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, масъулони Раёсати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон ин дастурро ба таври шифоҳӣ додаанд. Гуфта мешавад, дар сурати нодида гирифтани дастури мазкур, дӯконҳои онҳо баста мешавад.

Мухтор Сикандарӣ, як дӯзандаи либос гуфтааст, ки дар сурати риоя накардани дастури Толибон ва баста шудани дӯконашон ба мушкили молӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Масъулони Иттиҳодияи дӯзандаҳо дар Парвон зикр кардаанд, ки пас аз афзоиши маҳдудиятҳо ба кори мардҳои дӯзанда дар ин вилоят бештари онҳо корашонро аз даст дода, бархе ногузир ба тарки Афғонистон шудаанд.

“Тамоми мардҳои дӯзандае, ки либоси занона медӯхтанд бекор шуданд ва ҳатто баъзеяшон ба Эрон ҳиҷрат карданд”, – гуфтааст Имомуддин ном намояндаи умумии дӯзандагони Чорикор.

Муҳаммад Собир Қуддус, намояндаи дӯзандаҳои Парвон, низ таъкид кардааст, ки “дӯконҳо ҳамаашон рӯ ба муфлисӣ ҳастанд, зеро кор нест”.

Масъулони маҳаллии Парвон ин иддаоро рад карда, гуфтаанд, ки “ин дастури тавсиявӣ аст”

Ҳикматуллоҳ Шамим, сухангӯи волии Парвон, гуфтааст: “Иҷозаи дӯхтани либос аст. Ягон мамнуъият нест, лекин вақте инҳо андозаро мегиранд ва ё занон худашон барояшон муроҷиат мекунанд, инҳоро раёсати амр ба маъруф манъ кардааст”.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин маҳдудияти Толибон барои аҳолии кишвар нест. Қаблан онҳо ба мактаб рафтани духтарони боло аз синфи шаш, ба кор рафтани занон дар ташкилотҳои хориҷӣ, ба боғҳои фарҳангиву фароғати рафтани занон, ба донишгоҳ рафтани донишҷӯдухтаронро низ манъ карда буданд.

Ин иқдомоти Толибон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳон вокунишҳои шадидро ба миён оварда буд, аммо намояндагони ин гуруҳ аз идомаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо даст набардоштанд.

Толибон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон бо иҷро накардани пешартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби ягон давлат то ба имрӯз ба расмият шинохта нашудааст. Баръакс, ҳамвора мавриди интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳон қарор мегирад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend