fbpx

10 зани тоҷик, ки хушунати хонаводагӣ ва нобаробариҳои гендериро паси сар карданд

Аксари мардон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо занҳо ҳамчун “оҷизаи фармонбардор” муносибат мекунанд. Ҳатто дар байни халқу миллатҳои ин минтақа мақолу зарбулмасалҳое нисбати занон ҳастанд, ки қадру манзалати занро дар назди ҷомеа паст мезанад.


6
6 points
Хушунати оилавӣ имрӯз ба дарди ҷомеа табдил ёфтааст.
Акс аз сомонаи tribunapracy.by

Хушунати оилавӣ дар ҷомеаи имрӯза ба дарде табдил ёфтааст, ки сабабгори пошхӯрии оилаҳо, ҷанҷолу хархаша ва ҳатто дар баъзе мавридҳо худкушӣ ҳам мегардад. Хушунат ҳам аз ҷониби зан ва ҳам мард ба амал меояд. Вале дар оилаҳои суннатии халқҳои Осиёи Марказӣ асосан занҳо гирифтори хушунат мешаванд.

Муаллифи Your.tj дар доираи Маъракаи иттилоотии “16 рӯзи мубориза бо хушунати хонаводагӣ” маводеро гирд овард, ки дар бораи 10 зани муборизи тоҷик бо ин падидаи номатлуб қисса мекунад.

Стереотипҳо. Занҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чаро бештар бо хушунат дучор мешаванд?

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи хушунат аз ҷониби мардон нисбати занҳо зиёд аст.
Халқу миллатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақолу зарбулмасалҳое нисбати занон доранд, ки қадру манзалати занро дар назди ҷомеа паст мезанад.

Аксари мардон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо занҳо ҳамчун “оҷизаи фармонбардор” муносибат мекунанд. Ҳатто дар байни халқу миллатҳои ин минтақа мақолу зарбулмасалҳое нисбати занон ҳастанд, ки қадру манзалати занро дар назди ҷомеа паст мезанад:

“Занро зан, намурад бо табар зан”, “Зан, ки 30 сола шуд, зинда ба гӯраш кун”, “Қурбоқа шӯ дорад, обрӯ дорад”, “Мӯдарози ақлкӯтоҳ” ва ғ.

Дар қонунгузориҳои дохилию байналмилалӣ ба ҳамаи намуди хушунат ҷазо пешбинӣ шудааст.

Тибқи омори соли 2022 занону духтарон 49.5% аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд. Ин нишондо нисбат ба шумораи мардон 0,5% кам аст. Вале қисми зиёди занон дар тамоми ҷаҳон ба хушунати мардон дучор мешаванд, ки ҳатто бархе ин масъаларо ҳамчун ҳодисаи муқаррарӣ қабул кардаанд.

Зани тоҷик низ аз ин қабил мустасно нест. Нисбати онҳо одатан хушунат аз хонаи волидон, бо муштзӯрии падару бародарон сар мешавад. Занон бо сабабҳои бепуштӣ, камбудиҳои ҷисмонӣ, тарзи либоспӯшӣ, сарватманд набудани волидон ё танҳо барои “зан” будан аз ҷониби шавҳар ва ё хонаводаи ӯ зери мушту лагад мемонанд ё ҷароҳати рӯҳонӣ мебардоранд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳастанд заноне, ки дубора зиндагии худро ба роҳ мемонанд. Мо дар зер мухтасаран қиссаи 10 зане, ки аз анбӯҳи зӯроварӣ ва нобаробарии ҷинсӣ қаҳрамонона сар боло кардаанд, пешниҳод мекунем. Рӯзгори онҳо метавонад барои дигар занон таконбахш бошад.

Занони қавииродае, ки қиссаашон таконбахш аст

Ӯ тариқи видеоҳои интернетӣ дӯхтани либосҳои замонавиро аз худ намуд.
Тазкира баъи марги шавҳар ҳунари дӯзандагӣ омӯхт ва корхонаи худро ташкил дод.

Муваффақият бидуни маълумоти олӣ

Тазкира Шокирова зани танҳо аст. Ӯ дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҳайси роҳбари сехи занонаи дӯзандагӣ фаъолият мебарад. Ҳамсари ин бону, баъд аз якчанд моҳи хонадоршавӣ ба таври фоҷиавӣ аз олам гузашт. Ӯ зиндагиашро дар хонаи бародаронаш бо писари ягонааш, ки маъюб аст, идома дод. Сипас фаҳмид, ки бояд сари кореро бигирад ва бори рӯзгорашро ба гардани бародаронаш нагузорад.

Ӯ тариқи видеоҳои интернетӣ дӯхтани либосҳои замонавиро аз худ намуд. Ба оҳистагӣ, мизоҷони зиёд пайдо кард. Инчунин дар семинару тренингҳои созмонҳо ширкат варзида, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа муайн намуд. Ҳамин тавр, аввалин лоиҳаи худро ба яке аз озмунҳои USAID дар Тоҷикистон пешниҳод карда, соҳиби гранти хурд барои таъсиси коргоҳи дӯзандагии шахсӣ дониста шуд ва бо таъсиси сех 25 нафар зану духтарони хонашинро бо кори доимӣ таъмин намуд.

Тазкира исбот кард, ки занон дар ҳолати надоштани маълумоти олӣ ё надоштани ҳунар низ, метавонанд бидуни сарпарастии мардон соҳиби ҳунар гардида, бо ин васила зиндагии худ ва фарзандонашонро пеш баранд.

Сафаргул Саидвалиева бошад, соли 2013 бо ҳукми додгоҳ барои қаллобӣ аз озодӣ маҳрум гардида буд.
Ӯ дар маҳбаси занона ҳунари дарздӯзӣ омӯхтааст.

 

Муваффақияти зане, ки садоқаташ аз ҷониби шавҳараш қадр нашуд

Сафаргул Саидвалиева бошад, соли 2013 бо ҳукми додгоҳ барои қаллобӣ аз озодӣ маҳрум гардида буд. Ӯ бо мақсади кӯмак намудан ба корҳои тиҷоратии шавҳараш, аз дӯсту наздикони худ маблағи калонро ба қарз гирифт. Шавҳараш низ аз якчанд нафар шиносҳои худ қарздор шуд. Мутаассифона онҳо қарзро баргардонида натавонистанд ва ҳарду бо айбномаи қаллобӣ ба муддати тӯлонӣ: мард 9 сол ва зан 8 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Сафаргул дар маҳбаси занона бо омӯзиши ҳунари дарздӯзӣ машғул гардид. Соли 2018 ба хотири рафтори намунавиаш тибқи қонуни авф дубора ба озодӣ баромад. Шавҳараш бошад, баъди озод шудан бо зани дигар хонадор шуд. Сафаргул дарк кард, ки беҳуда худро дар ҷомеа аз барои ин мард шармсор сохтааст.

Ӯ нишон дода тавонист, ки оҷиза нест ва бидуни шавҳараш низ метавонад дар ҷомеа мавқеи худро устувор созад ва дигар занонро низ барои зиндагии шоиста рӯҳбаланд кунад.

Ӯ тӯли 24 сол аст, ки крани борбардорро идора мекунад.
Қубия бо музди ронандаи кран фарзандонашро ба воя расонида, хонадор кардааст.

Қиссаи зане, ки крани борбардорро идора мекунад

Қубия Наимова қиссаи аҷиби зиндагӣ дорад. Ӯ тӯли 24 сол аст, ки крани борбардорро дар ҶСК “Ширкати алюминийи Тоҷик” – и шаҳри Турсунзода идора мекунад. Соли 1993 ҳамсарашро дар ҷанги шаҳрвандӣ куштанд. Бо 4 фарзанд ва волидони солхӯрдаи ҳамсари марҳумаш танҳо монд. Касе набуд, ки пешбарии рӯзгори хонаводаро ба уҳда гирад. Дар деҳае, ки ӯ зиндагӣ мекард, нисбати занони коргару таҳсилдида суханони ношоиста мегуфтанд. Новобаста аз гапи мардум, ба ҳайси фаррош дар заводи алюминий ба кор шуруъ намуд.

Ҳар гоҳ, ки дар сехи рехтагарӣ занони идоракунандаи кранро медид, ҳавасаш меомад. Аввал фикр мекард, ки зани тоҷик набояд бо шуғли мардона машғул шавад, кори занон фақат рӯбучин аст. Сипас боварӣ ҳосил кард, ки занон низ метавонанд ҳар коре, ки мардон мекунад, иҷро намоянд.

Ҳамин тавр, Қубия дар шуъбаи омодасозии ҳайати кормандони завод таҳсил гирифта, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуд. Сипас аз пушти маоши ронандаи кран фарзандонашро ба воя расонида, хонадор кард.   Қубия бо ин васила ба атрофиёнаш исбот намуд, ки занон низ метавонанд соҳиби маълумоту касб гардида, дар байни ҷомеа муваффақ шаванд. Гапу калочаи мардум ҳеҷ гоҳ садди роҳи комёбии бонувон буда наметавонад.

Зане, ки дуредгарӣ пеша кардааст

Зани дигаре бо номи Қутбинисо Пӯлодова бо дуредгарӣ машғул буда, сокини шаҳри Истаравшан аст. Ӯ овони хурдсолӣ дар устухонаи падараш, нозукиҳои ин касбро омӯхтааст. Қутбинисо ақида дорад, ки ҳунар хоҳ мардона бошад ё занона, муҳим гап сари истеъдод аст.

Оилаи Қутбинисо дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ танҳо аз рӯйи фурӯши асбоби дуредгарӣ зиндагии худро пеш мебурданд. Ӯ ҳамроҳи хонаводааш то нисфи шаб маҳсулотҳои дуредгариро омода карда, ба бозор мебаровард. Одатан нафароне, ки Қутбинисоро бори аввал мебинанд, дар ҳайрат мемонанд.  Зеро ӯ аз камтарин занон дар Тоҷикистон аст, ки ба ҳадди ҳирфаӣ маҳсулоти дуредгарӣ омода мекунад.

Қутбинисо тавонист нишон диҳад, ки зани тоҷик имкон дорад, ки беҳтар аз мардон ҳунари онҳоро дар зиндагӣ ба кор барад.

Таманно Эргашева човандози маъруфи минтақаи Хатлон аст.
Таманно исбот кард, ки занон дар қувваи бозу метавонанд баробари мардон бошанд.

Зане, ки дар намуди варзишҳои мардона муваффақ аст

Инчунин, сокини шаҳри Кӯлоб, Таманно Эргашева човандози маъруфи минтақаи Хатлон аст. Ӯро дар ин ҷо бо тахаллуси “Тоха” ҳамагон мешиносанд. Таманно бо аспи худ “Урал”, чандин бор дар бозии миллии бузкашӣ иштирок карда, ғолиб омадааст. Ӯ чемпиони дукаратаи Тоҷикистон аз варзиши каратэ буда, дар сабқатҳои гӯштингирӣ низ дастболо шудааст.

Таманно исбот кард, ки занон дар қувваи бозу низ метавонанд бо мардон баробар бошанд.

Мартаба Усмонова муддати 30 сол аст, ки ҳамчун ронандаи такси кор мекунад.
Ӯ омода аст, ки барои зану духтарони бекор ҳунари худро бидуни музд ёд диҳад.

Зан – ронандаи такси

Бонуи меҳнатқарин Мартаба Усмонова муддати 30 сол аст, ки ҳамчун ронандаи нақлиёти сабукрав ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ хизмат мерасонад. Ӯ зани танҳо аст. Мошини тамғаи “Opel” дорад. Дар байни мардони ронандаи ин маҳал, ягона зани таксирон аст. Мардони ронанда ва маҳалла Мартабаро ҳурмат мекунанд.

Ӯ инчунин бо ҳунарҳои миллии мардумии занона низ машғул аст, ки барои дарёфти маблағи иловагӣ кумак мерасонад. Мартаба омода аст, ки барои зану духтарони бекор ҳунари худро бидуни музд ёд диҳад.

Мартаба собит сохт, ки занони танҳо бо шуғли мардона низ метавонанд сазовори эҳтироми атрофиён бошанд. Муҳимаш рафтору гуфтори намунавӣ аст.

Парвариши занбурӯғ дар шароити хона
Орзугул исбот намуд, ки занони тоҷик ҳатто метавонанд мардонро дастгирӣ кунанд.

Зане, ки ба ҷойи шавҳар зиндагиро пеш мебарад

Орзугул Яъқубова бошад, яке аз аввалин занони замбурӯғпарвари ноҳияи Дӯстӣ аст, ки бо дастгирии лоиҳаи замбурӯғпарварии USAID дар Тоҷикистон, бо ин фаъолият машғул гардид. Ӯ замбурӯғҳои парвардаи худро ба марказҳои бузурги фурӯшии шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар равон мекунад, ки як килограми он 30 сомонӣ арзиш дорад.

Оилаи Орзугул камбизоат аст. Ҳамсараш маъюб ва ду духтари муҷаррад дорад.

Ӯ бо ин васила исбот намуд, ки занони тоҷик ҳатто метавонанд мардонро дастгирӣ кунанд ва ба шавҳарони худ вафодоранд. Ин ҷумла метавонад ба он ишора бошад, ки бештари мардон бо зани маъюб зиндагиашонро идома намедиҳанд.

Зане, ки баъди хушунати шавҳар худро сохтан мехоҳад

Муниса Абдураҳмонова зани 30 солаест, ки дар яке аз марказҳои забономӯзии шаҳри Турсунзода, бо омӯзиши забони англисӣ машғул аст. Ӯ рӯзгори талхро аз сар гузаронидааст.

Муниса муддати солҳои тӯлонӣ бо таънаю шиканҷаҳои шавҳару хешовандонаш зиндагӣ кард. Дар натиҷаи зӯровариҳои ҷисмонию рӯҳонӣ ба саломатии ӯ зарари ҷиддӣ расид ва 3 маротиба тифлашро беҷон ба дунё овард. Муниса охирин ҷасорати худро ҷамъ карда, аз ҳамсаараш талоқ пурсид ва аз ӯ расман ҷудо шуд.

Ӯ хост, ки дар ҷомеа ҳамчун зани комилҳуқуқ ҷойгоҳи худро ишғол намояд. Муниса мехоҳад, ки соли оянда ба ихтисоси забони англисии яке аз донишгоҳҳои кишвар дохил гардида, соҳибмаълумот шавад ва ба мактаббачагон дарс диҳад.

Зане, ки баъди зулми падар ва латукӯби шавҳар соҳибмаълумот гардид

Зани танҳо Зулола Ҳайдарова, сокини 32 солаи ноҳияи Шаҳринав буда, (ном, насаб ва ҷойи истиқомат бо хоҳиши мусоҳиб иваз шудааст) дар мактаби миёна аз фанни забони русӣ дарс медиҳад. Зиндагии ӯ талхтар аз зиндагии Муниса аст.

Ӯ баъд аз хатми синфи 9 бо фармони падар таҳсилашро дар мактаб қатъ кард. Баъди 18 сола шудан, бо маҷбурияти падар ба шавҳар баромад. Пас аз зиндагии бебарори думоҳа ва латукӯби ваҳшиёнаи шавҳар, бо ихтиёри хонаводаи ҳамсараш ҷудо шуд.

Зулола тасмим гирифт, ки бе дахолати падар ояндаро бо дастони худаш созад. Бо ин мақсад, сараввал дар Коллеҷи омӯзгорӣ таҳсил гирифт, сипас ба шуъбаи идомаи таҳсили ДДОТ дохил шуда, соҳиби диплом гардид.

Ӯ исбот кард, ки новобаста ба зӯроварии ҷисмонию рӯҳӣ занон имкон доранд, худро дубора дар зиндагӣ устувор намоянд ва сафи назар аз калонсолӣ маълумоти олӣ гирифта, ба зани зиёӣ мубаддал шаванд.

Зарина Умарова баъди латукӯби шавҳараш аз пойи равон маҳрум мондааст.
Чанд вақт пеш шавҳари як дугонааш ба ӯ аробачаи маъюбӣ тақдим намудааст.

Зане, ки аз зарбаҳои шавҳар аз пойи равон маҳрум шуд, вале иродааш нашикаст   

Ҳамчунин, бонуе аз шаҳри Бӯстон, бо номи Зарина Умарова новобаста ба дар ҳолати фалаҷ қарор доштани пойҳояш, бо бофтани ҷӯроби дастӣ аз пашми буз машғул аст. Ин шуғл метавонад барои то қадре ба даст овардани маблағи иловагӣ кумак кунад, зеро ӯ ҳамагӣ 370 сомонӣ нафақа мегирад.

Зарина, 16 сол қабл бо сабаби латукӯби ҳамсараш қобилияти роҳ гаштанро гум кард. Баъди аз пой монданаш, шавҳараш дигар бо ӯ зиндагиро идома надод. Ӯ ҳоло бо писари 15 солаи худ дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад. Албатта, зиндагии фаровон надорад, танҳо мехоҳад намунае шавад барои занони маъюбиятдошта, ки баъди даст кашидани ҳамсаронашон худро яккаву танҳо эҳсос мекунанд. Зарина бо надоштани қобилияти роҳгардӣ низ ниёзманди ҳамсари собиқаш нест ва писараш ягона дастёри ӯст.

Маводи мазкур дар доираи Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бо хушунати хонаводагӣ» бо дастгирии сомонаи Your.tj омода гардид.

Нодира СОБИРЗОД


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

6
6 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
4
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend