Махфират зиёда аз 20 сол аст, ки бо ВНМО зиндагӣ дорад. Ӯ 42 – сола буда, дар шаҳри Хуҷанд иқомат мекунад. Вақте бори аввал оиди бемориаш огаҳӣ пайдо намуд, ӯ ҳанӯз 19 сола буд.
Ӯ ба муаллифи Your.tj нақл кард, ки чӣ тавр роҳи мубориза бо ин бемориро пеш гирифт ва ҳоло ба дигарон кӯмак мерасонад.
“Айби падарам аст”
Ҷавонии ӯ дар деҳа гузашт. Махфират баъди мактаби миёна таҳсилро идома надод.
“Духтари қишлоқ будам, ғайр аз гову молу ҳол дигар коре надоштам. 11 сол дар мактаби миёна таҳсил кардам. Оиди ин вирус тамоман маълумоте надоштам. Дар хона бобати ин масъала гапу гузор ҳам намекардем. Он замон интернет ҳам набуд”, – мегӯяд Махфират.
Ӯ нақл кард, ки барои ба ВНМО гирифтор шуданаш шавҳараш сабабгор шуд. Падараш Махфиратро бо ҷияни худаш хонадор кардааст. Имрӯз ӯ барои ин бемориаш аз падар домангир аст.
“Соли 2000 – ум ман бо амри падар ба писари аммаам ба шавҳар баромадам. Баъди тӯй фаҳмидам, ки ӯ нашъаманд будааст. Бехабар ҳомиладор ҳам шудам ва назди духтури занона рафтам. Аз рӯи ҷавоби таҳлили хун маълум шуд, ки ман вируси норасоии масунияти одам( ВНМО) дорам”, – ғамгинона нақл кар ҳамсуҳбати мо.
Тавре мутахассисони соҳа мегӯянд, ВНМО бо роҳҳои алоқаи ҷинсӣ, хун ва шири модар сироят меёбад. Ба гурӯҳҳои осебпазир нашъамандони тариқӣ ва занони расонандаи хизмати шаҳвонӣ дохил мешаванд.
Роҳи мушкили тақдир
Аз соли 2016 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои никоҳшавандагон гузаштан аз назорати духтурон ва таҳлилҳои ВНМО/БПНМ ва гепатит ҳатмӣ шуд. То он вақт танҳо аз муоинаи тиббӣ гузаштан буду халос.
Махфират ҳам бидуни таҳлилу ташхисҳо оила барпо карда буд. Кӯдакаш солим ба дунё меояд, вале тақдир санҷишҳои навро пешорӯи ӯ мегузорад.
“Хушбахтона кӯдакамро солим ба дунё овардам, аммо умраш кӯтоҳ будаст. Бо амри тақдир соли 2003 шавҳарам аз бемории СПИД вафот кард. Худи ҳамон сол кӯдакам низ ба дарёи назди хонаи модарам аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд”, – ашк рехт ӯ.
Бино ба омори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ вилояти Суғд аз рӯзи ба қайдгирӣ то ин дам 990 нафарони бо ВНМО/БПНМ зиндагӣ дошта фавтидаанд. Ба гуфти мутахассион нафарони бо ин беморӣ зиндагӣ дошта агар сари вақт ва бе таътил ба табобати зиддивирусӣ фаро гирифта шаванд , метавонанд солҳо зиндагии орому осуда баранд. Доруворӣ пурра ройгон буда, аз тарафи Фонди глобалӣ дастрас карда мешавад.
Маслиҳат аз таҷрибаҳо
Қаҳрамони мо 10 сол мешавад, ки дар маркази мазкур чун машваратчии “баробар бо баробар” фаъолият дорад. Ӯ ҳар рӯз аз субҳ то шом дар утоқи корӣ бо ҳар як нафари нави гирифтори ин вирус суҳбат мекунад. Кормандони марказ мегӯянд, ки баъди сӯҳбати Махфират, нафарони бо ВНМО зиндагӣ дошта дубора ба ҳаёт дилгарм мешаванд.
“Албатта бо нафароне, ки дар ҳолати шоки қарор доранд сӯҳбат кардан осон нест. Ман аз ҳаёти худам мисол оварда, ба онҳо умед мебахшам ва барои гирифтани табобат омода мекунам. Доруворӣ ба организми инсон ҳар хел таъсир мекунад, барои ҳамин даъват ба амал меорам, ки сабуриро пеша карда бо ин вирус мубориза баранд”, – мегӯяд Махфират.
Тибқи омори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ вилояти Суғд аз оғози таъсиси ин марказ то имрӯз дар миқёси вилояти Суғд 3410 шахсони бо ВНМО /БПНМ зиндагӣ дошта ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 2133 нафар мардн, 1277 нафар занон мебошанд. Дар айни замон 2420 нафари онҳо дар қайди ҳаёт ҳастанд.
Оилаи дуюм ва мушкилиҳои нав
Махфират баъди марги шавҳару писар дубора оиладор шуд. Ӯро як марди солим ба зани гирифт ва аз зиндагии якчоя соҳиби ду фарзанди солим гаштанд . Мутахассисон мегӯянд нафари бо ВНМО зиндагӣ дошта метавонад оилаи солиму фарзандони солим дошта бошад, чунки ин вирус ба кӯдаку ҳамсар дар ҳолати табобат таъсир намекунад.
“Ҳоло писаронам яке 14 ва дигаре 16 сол даранд. Дар мактаб таҳсил мекунанд. Аммо ман баъди 10 соли хонадорӣ бо розигии тарафайн аз сабаби бемориам аз шавҳарам ҷудо шуда, ба хонаи падар баргаштам. Шавҳарам барои ману фарзандонам ягон чӣ надод», – нақл кард ӯ.
Дар хонаи падару модар бо додару зани додар зиндагӣ кардан барои Махфират ва фарзандонаш бисёр душвор аст ва ягона орзуи ӯ соҳиби хонаи шахсӣ шудан мебошад.
“Барои ҷудо кардани қитъаи замин ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат кардам. Хушбахтона соли 2017 ба ман аз шаҳраки Сайҳун замин ҷудо карданд. Аммо аз сабаби давоми 5 сол дар он сохтмон накарданам маро дирӯз ба маблағи 260 сомонӣ ҷарима карданд. Аз ҳама бадаш дар назар аст, ки заминро гашта гиранд», – маҳзунона афзуд ҳамсуҳбати мо.
Умед ба дастгирӣ
Махфират 800 сомонӣ маош мегирад ва дар таьминоташ ду кӯдаки ноболиғ дорад. То ин дам боре ҳам барои кӯмак дари ягон мақомотро накӯфтааст. Умедаш танҳо ба кӯмаку дастгирии онҳост.
“Дар дастам ариза аризаи кӯмак ба сохтмони хонаи истиқоматӣ дар қитъаи замин дорам, лекин то ҳол насупоридаам. Дудила шудаам, ки оё дастгирӣ меёбам ё на», – мегӯяд ӯ.
Темур Шарипов, муовини сардори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ вилояти Суғд дар суҳбат бо мо қайд кард, ки саҳми Махфират дар пешбурди кори марказ назаррас аст. Ӯ ба ҳар муроҷиаткунанда дар бораи пешгирӣ ва табобати ВНМО аз таҷрибаҳои хеш маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Мадина ПОЧОЕВА