fbpx

Эмомалӣ Раҳмон ба 23 тан рутбаи генералӣ ва ба 180 нафари дигар мукофотӣ давлатӣ дод

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-2
-2 points

Дар чемпионати каратэи ҷаҳон Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол кард

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ WKC, ки дар шаҳри Чебоксарии Русия доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқа байни дастаҳо медали нуқра ба даст овард, хабар медихад “Азия плюс”.

Мунтахаби Тоҷикистонро варзишгарон Бедил Қодирзода, Абдуллоҷон Гулов ва Абдулматини Ҳидоятулло намояндагӣ карданд.

Дар пойтахти Ҷумҳурии Чувашистон – Чебоксари рӯзҳои 19-22 август Чемпионати XIV байни кадетҳо, наврасон, калонсолон ва Ҷоми ҷаҳон миёни кӯдакони Конфедератсияи ҷаҳонии каратэ (WKC) баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба 23 тан рутбаи генералӣ ва ба 180 нафари дигар мукофотӣ давлатӣ дод

Эмомалӣ Раҳмон, ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба беш аз 180 роҳбару намояндаи мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар мукофоти давлатӣ ва ба 23 тан рутбаҳои генералӣ дод.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар бо нашри ин хабар гуфт, онҳо  барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок  ба чунин унвонҳо сазовор шуданд.

Мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии низмоӣ имрӯз, 30 август дар Қасри миллат дар фазои тантанавӣ ба онҳое, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд супорида шуд.

Буҷети давлатии Тоҷикистон 40 млн доллар барзиёд иҷро шуд

Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ зиёда аз 17,9 млрд сомонӣ (беш аз 1,7 млрд доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ, хабар медихад “Азия плюс”.

Ин нишондиҳанда ба андозаи 2,3% ё худ 411,4 млн сомонӣ (40 млн доллар) зиёдтар нисбат ба нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет аст.

Барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷет ба афзоиши даромад аз пардохти андозҳо рабт дода мешавад, ки ҳиссаи онҳо дар қисмати даромади буҷет 67,5%-ро ташкил додааст.

Болоравии нишондиҳандаҳои нақша дар навбати аввал, аз ҳисоби ААИ, аксиз ва андоз аз даромад (андоз аз даромад ва андоз аз фоидаи пешина) таъмин шуд.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли ҷорӣ Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифта, мувофиқи он, меъёрҳо аз рӯи баъзе андозҳо поин рафтанд.

Имсол беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи 1 мераванд

Тибқи маълумоти пешакӣ, имсол дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи 1 мераванд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад.
Соли 2021 дар кишвар 240 ҳазор нафар ба синфи 1 рафта буданд, менависад, “Азия плюс”.

Манбаъ мегӯяд, айни замон дар мамлакат 3 ҳазору 940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд ва ба онҳо 128 ҳазор 827 омӯзгор дарс медиҳанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 19 июли соли равон, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд, ки то 1 майи соли 2022 дар кишвар беш аз 3 ҳазору 400 нафар омӯзгор намерасад. Вале як моҳ нагузашта, вазорат рӯзи 8 август хабар дод, ки норасоии кадриро аз 3,4  ҳазор ба 544 нафар расониданд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи гузаронидани ситоди Вазорати маориф ва илм оид ба таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорон, ки 12 июл ба кор оғоз намуда буд, эҳтиёҷ ба омӯзгорон паст фароварда шуд.

Ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 113 омӯзгор, вилояти Хатлон 25, вилояти Суғд 60,  шаҳри Душанбе 35 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 311 омӯзгор намерасад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend