Чор медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки дар Туркия ҷараён дорад, варзишгарони Тоҷикистон 4 медал – 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук – мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ – бо натиҷаи 7.86 метр сазовори медали нуқра шуд.
Варзишгари тоҷик Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд сазовори медали нуқра шуд.
Мусобиқаи пара-тенниси рӯи миз (класси 9) ба таври даврӣ сурат гирифт. Дар мусобиқа 4 варзишгар ширкат карданд. Екатерина дар ду давр бар варзишгарони Эрон Пагоҳ Кулоҳрудӣ ва Сумайя Мустафовижафарухӣ ғалаба карда, аз варзишгари мизбон Неслихон Каваш мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.
Дар гӯштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг сазовори ду медали биринҷӣ шуданд.
Гуфта мешавад, бозиҳо то 18 август идома меёбад. Варзишгарони мо дар намудҳои камонварӣ, ҷудо ва каратэ мусобиқаҳоро идома медиҳанд.
Пас аз натиҷагирии шаш рӯзи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 177 медал (63 тилло, 63 нуқра, 51 биринҷӣ) гардидаанд. Эрон бо 28 медали тилло, 23 нуқра, 27 биринҷӣ (78 медал) дар ҷои дуюм, Узбекистон бо 21 медали тилло, 18 нуқра, 26 биринҷӣ (35 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Тоҷикистон бо 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.
“Нон, кор, озодӣ.” Толибон бо тирандозӣ занонро пароканда карданд
Ҷангҷӯёни Толибон тазоҳуроти осоиштаи занонро дар Кобул, ки бо шиори “нон, кор, озодӣ” ба хиёбон баромада буданд, бо тирандозӣ ба ҳаво ва латукӯби эътирозгарон пароканда карданд.
Ҳудуди 40 зан рӯзи 13-уми август дар назди бинои Вазорати маорифи Афғонистон раҳпаймоӣ карданд.
Дар аксу наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ҷангҷӯёни Толибон тир мепарронанд ва ба занон ҳамла мекунанд. Ҳангоми фирор Толибон занонро думболагирӣ кардаанд ва бархеро бо дастаи автомат латукӯб кардаанд.
Анҷумани рӯзноманигорони мустақили Афғонистон хабар дод, ки Толибон се хабарнигори хориҷӣ ва як хабарнигори маҳалиро барои пӯшиши тазоҳурот боздошт кардаанд. Ду хабарнигори дигари маҳаллӣ аз зарби Толибон захмӣ шудаанд.
Ҳуҷатуллоҳ Муҷадидӣ, як узви Анҷумани рӯзноманигорон дар Кобул ба хабаргузориҳои хориҷӣ гуфтааст, ки хабарнигорони хориҷии боздоштшуда аз Олмон, Дания ва Норвегия будаанд.
Созмони Афви Байналмилал аз гузоришҳо дар бораи истифодаи “нирӯи аз ҳад зиёд”-и Толибон барои пароканда кардани эътирози занон нигаронӣ кард. Ин созмон дар Твиттер навиштааст, ки занҳо “ба таври осоишта эътироз карда, ҳуқуқи инсонии худро талаб мекарданд.”
Дар наворе, ки гуфта мешавад аз ин раҳпаймоӣ гирифта шудааст, дида мешавад, занон бо талаби ҳуқуқи кор ва ҳузури сиёсӣ доштан дар ҷомеа шиор медиҳанд ва раҳпаймоӣ мекунанд.
Аксари эътирозгарон он либосе, ки Толибон аз занон мехоҳанд бипӯшанд, надоштанд.
Дар яке аз шиори дасти занон навишта шудааст, ки “15-уми август рӯзи сиёҳ аст.” Дар ин рӯз, як сол пеш, Толибон Афғонистонро тасарруф крада буданд.
Ҳукумати Толибон ҳуқуқи занон ба кору таҳсилро маҳдуд намуда, ба духтарон иҷозаи таҳсил дар мактабҳоро намедиҳанд. Занон низ ҳақ надоранд, ки кор кунанд. Ҳамзамон, бар асоси қонунҳои ҳукумати Толибон, занон бояд чеҳраи худро комилан пушонанд ва бе ҳамроҳии мард ҳақи ба хиёбон баромадан надоранд.
Ҷабҳаи Муқовимат эълон кард, ки мубориза бо Толибонро идома медиҳад
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо нашри эъломияе мавқеи аслиашро дар баробари ҳукумати Толибон эълон кард.
Ин Ҷабҳа дар эъломияи худ гуфтааст, ки бо чунин шеваи ҳукмронӣ Толибонро қабул надорад ва мубориза дар баробари онро идома хоҳад дод.
Толибон соле пеш дар ҳамин рӯз, 15-уми август, Афғонистонро тасарруф карданд ва Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, ягона нерӯи зиддитолибонӣ буд, ки дар дохили Афғонистон боқӣ монд.
Дар эъломияи ин Ҷабҳа аз Толибон “боғиён ва ғосибони қудрат” ном бурда шудааст, ҳарфҳое, ки Толибон онро нисбат ба мухолифони худ истифода мебаранд.
Ҷабҳаи муқовимат гуфтааст, бо Толибон танҳо бо дар назар гирифтани фикри ҳама қавмҳои Афғонистон дар якҷоягӣ бояд мубориза кард.
Толибон ба эъломияи ин Ҷабҳа вокуниш накарданд, вале пештар Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ гуфта буд, ки дар Афғонистон ҳеҷ муқовимати мусаллаҳонае вуҷуд надорад.
Дар бахшҳое аз эъломияи Ҷабҳаи муқовимат гуфта мешавад, ки онҳо танҳо аз ҳукумате ҳимоят хоҳанд кард, ки онро мардум интихоб карда бошад. Толибон интихоботро қабул надоранд ва бо шеваи худ ҳукумат эълон кардаанд.
Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон дар ҳоле хатти асосии фаъолияти худро эълон кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқодҳо нисбати раҳбарони он афзоиш ёфтааст. Корбарон наивштаанд, ки ин Ҷабҳа вобасати як гурӯҳи хурд аст ва наметавонад чизеро тағйир диҳад.
Ин интиқодҳо пас аз он пайдо шуданд, ки Аҳмад Валӣ Масъуд, амаки Аҳмад Масъуд, ба унвони раиси иҷроияи Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ дар расонаҳо матраҳ шуд.
Медали нуқраи ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров дар Қазоқистон
Гӯштингири тоҷик Абӯбакр Шеров дар мусобиқоти Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) оид ба ҷудо ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид.
Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мусобиқа рӯзҳои 13-14 август дар шаҳри Актауи Қазоқистон баҳри гиромидошти хотираи Турар Жолдибаев баргузор шуд.
Гуфта мешавад, Абӯбакр нерусанҷиро аз даври дуюм оғоз карда, бар варзишгари мизбон Азамат Зулжалелов ва дар чорякниҳоӣ бар ҷудокори дигари мизбон Болат Билол дастболо шуд.
“Дар қувваозмоии нифмифиналӣл бар сеюм ҷудокори мизбон Алмас Галимов пирӯз шуда, вале дар финал аз ҷудокори пуртаҷрибаи мизбон Сунгат Жубаткан бо дарёфти се «шидо» мағлуб ва барандаи медали нуқра гардид”, – омадааст дар хабари Кумита.
Ба иттилои манбаъ, намояндаи дигари Тоҷикистон Наврӯз Каримзод дар вазни -73кг ҷои ҳафтумро гирифт.
Зикр мегардад, ки дар мусобиқа 154 варзишгар аз шаш давлат ширкат карданд. Тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон иборат аз 8 нафар дар ин мусобиқа иштирок карда, танҳо як нафар – Абӯбакр Шеров дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра даст ёфт.