Шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони “Пешниҳоди пора” дар Қирғизистон боздошт шуд
Расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони “Пешниҳоди пора” ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар боздошт кардаанд.
Хадамоти КДАМ-и Қирғизистон аз боздоштшуда Ч. М- и 28-сола ва сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ном бурдааст. Ин ҳодиса рӯзи 9-уми феврал рух додааст ва мақомоти тоҷик ҳанӯз ба он вокуниш накардаанд.
Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ин ҷавони тоҷик аз соли 2019 бе иҷозаи расмии кор дар Қирғизистон будааст, вале ҳангоми боздошт ӯ ба кормандони КДАМ пора пешниҳод кардааст.
Нисбат ба ӯ бо иттиҳоми “Пешниҳоди пора” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ин банди қонун ҷарима ё то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ин ҷавони тоҷик, ки дар маркази савдои “Мега центр” кор мекардааст, ҳоло дар боздошт қарор дорад.
Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои марзиро бе дахолати шахси сеюм ҳал мекунанд
Тоҷикистон ва Қирғизистон қасд доранд, масъалаи марзро бидуни ширкати ҷониби сеюм ҳал кунанд. Дар ин бора Оқилбек Ҷабборов, раиси Девони вазирони Қирғизистон дар нишасти матбуотияш изҳор дошт.
“Сарҳад танҳо вақте эътироф мешавад, ки ҳарду ҳамсоя розӣ бошанд. Дар ҷараёни сафар ба Пекин раисони ҷумҳури кишварҳои мо дастур доданд, ки дар ин замина музокирот оғоз шавад. Ҳарду президент ба мувофиқа расиданд, ки онҳо метавонанд дар бораи сарҳад бидуни ҷониби сеюм мувофиқат кунанд”,- гуфт сарвазири Қирғизистон.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳоло ройзаниҳоро оид ба аломатгузории қитъаи умумии марзро аз сар гирифтаанд.
Қаблан дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас таъкид карда буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон тавоноии зуд баррасии ҳаводис ва коҳиши таниш дар марзро нишон медиҳанд.
Ҳамчунин, Микоил Агасандян, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СПАД гуфтааст, ки ин созмон омода аст ба Бишкек ва Душанбе ҳар вақт кумак кунад, то дар миёни онҳо ҳодисаҳои нав рух надиҳад.
Сабаби ба худкушӣ даст задани раиси ҷамоат аз Шаҳритус маълум шуд
Ҷаббори Ғафор раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, дар нишасти хабарияш, имрӯз 15-феврали соли 2022, сабаби даст ба худкушӣ задани як раиси ҷамоат дар ин ноҳияро мушкилоти хонаводагӣ номид.
Ҷасади ин раиси ҷамоатро субҳи 11-уми феврал овехта пайдо карда буданд.
“Вобаста ба худкушии Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати Ҷӯра Назаров, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ санҷида истодаанд. Ман ҳаминашро медонам, ки сабаби даст ба худкуши заданаш мушкилоти оилавияш будааст. Дасхат навиштааст ва дар дасхат низ гуфтааст, сабаби худкушӣ карданаш мушкили оилавияш мебошад”,-гуфт раиси ноҳия.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси баъзе маълумоти таъйид нашуда, гӯё марҳум се рӯз қабл аз маргаш аз як бонк дар ноҳияи Шаҳритус 30 ҳазор сомонӣ қарз гирифта бошад.
Аммо раиси ноҳия гуфт, инҳо овоза ҳастанд ва асос надоранд. Раиси гуфт, ки ӯ дар кораш мушкиле надошт.
Ёдовар мешавем, ки шаби 11-уми феврали соли 2022, ҷасади раиси ҷамоат Хушқадам Нодиров дар манзили зисташ овехта пайдо карданд.
Хушқадам Нодирови 34-сола то вазифаи раиси ҷамоат, ба унвони нотариуси давлатӣ ва сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ҳамин ҷамоат кор карда буд.
Мусодираи 13 тонна китоби Қуръон дар Хатлон
Мақомоти гумрук дар вилояти Хатлон авоили соли ҷорӣ 13 тонна китоби “Қуръон”-ро мусодира кардаанд. Ба гуфтаи масъулин, ин китобҳо аз Афғонистон тариқи гузаргоҳи “Панҷи поён” ворид шуда, барои “бехатарӣ” мусодира шудаанд. Ҳамакнун бояд Кумитаи дини Тоҷикистон ин китобҳоро аз ташхис гузаронида, хулосаашоро пешниҳод намояд. Ин китобҳо ҳамакнун дар шаҳри Бохтар нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ин китобҳо бар асоси декларатсия ё расман вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, ба хотири санҷиши муҳтавояшон мусодира шудаанд. Номи соҳибкоре, ки ин китобҳоро ба Тоҷикистон ворид кардааст ба мақомот маълум аст, аммо онҳо аз ифшои исми ӯ худдорӣ шудааст.
Дар Раёсати гумруки вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир интизори иҷозаи КДАМ ҳастанд ва дар сурати мамнуъ будани фурӯши китобҳо, соҳибкорон онҳоро ба Афғонистон пас мегардонанд.
Мақомот шумораи китобҳоро эълон накарданд. Аммо ба гуфтаи масъулини Раёсати гумрук дар Хатлон, ин китобҳо бо як мошини боркаш ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд ва ҳар як нусхаи ин китоб 2,5 кило вазн дорад. Ин китоб аз арабӣ ба чанд забони дигар баргардон шудааст.
Аз Раёсати гумруки вилояти Хатлон ҳамзамон ба хабарнигорон гуфтанд, ки соли 2021 тариқи гузаргоҳи “Кокул”-и Фархор 27 ҳазор нусхаи “Қуръон” вориди Тоҷикистон шуда буд, ки ба Афғонистон бозпас гардонида шуд. Ин ниҳод мегӯяд, эҳтимол дорад китобҳое, ки дар аввали соли 2022 ворид шуданд, ҳамон китобҳое мебошанд, ки соли гузашта пас гардонида шуда буданд.