fbpx

Мавсими ниҳолшинонӣ. Чанд тавсия аз ниҳолпарвар барои сабзонидани дарахт

Чӣ тавр ниҳолро дуруст интихоб ва шинонидан лозим?


-1
-1 points

Баҳор ҳам фаро мерасад ва алакай дар минтақаҳои Тоҷикистон мавсими ниҳоншинонӣ оғоз ёфтааст. Дар асл боғдорӣ кори саҳл нест ва на ҳар кас аз уҳдаи он мебарояд.  Оиди тарзи нигоҳубин ва парвариши ниҳол боғбони собиқадор  Исматулло Ҳакимов нақл мекунад. Ӯ ҳар мавсим ниҳолҳои омадакардаашро аз Восеъ ба Душанбе барои фурӯш меорад.

Дар растаи муваққатии ниҳолфурӯшони бозори “Саховат” бо ниҳолпарвар Исматулло Ҳакимов шинос шудем. Онҳо ба мо тарзи дуруст шинондани ниҳол ва қоидаи  нигоҳубини онро шарҳ доданд.

Ӯ нисбат ба дигар фурӯшандаҳо шумораи зиёди ниҳол дошт. Аз ин хотир, пеши ӯ харидор зиёд буд. Вай 12 намуд ниҳол, аз ҷумла, 3 намуд себу 3 намуд хурмо ва зардолу, шафтолу, олу, гелос ва бодоми навъи пикасро дошт.

Ниҳолфурӯш ҳамаи  ниҳолҳоро ба хелҳо ҷудо карда, бастаҳои алоҳида сохтааст.  Решаи онҳоро  бо халтаҳои махсус печонидааст. Ин ниҳолфурӯш мувофиқи хоҳиши  мизоҷон ҳар бастаро кушода, ниҳолеро гирифта дар рӯйи замин мегузошт ва банди наверо месохт.

Мо  ҳам ба даври  ниҳолфурӯш ва харидорон  наздик шудему ба муомилаи онҳо зеҳн мондем. Мизоҷ ба якборагӣ 10 ниҳоли гуногун, аз ҷумла, ду намуд хурмо, себ, олу, гелос, олуча интихоб кард.  Онҳо бо ниҳолфурӯш даст дода, нархро мувофиқа карданд. Баъд аз он ниҳолфурӯш сари  ниҳолҳои интихобкардаи мизоҷро бо амбӯри боғбонӣ бурида як кунҷ гузошт ва бобати шинонидан ва нигоҳубини онҳо чанд тавсияе низ ба харидорон дод.

Мо низ фурсатро мувофиқ дониста,  бо ниҳолфурӯш  шинос шудем.

Исматулло Ҳакимов, сокини 42 солаи деҳаи Саричашмаи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ аст.  Боғбониву ниҳолпарварӣ ба қаҳрамони мо аз падараш, ки низ  ниҳолпарвари номӣ аст, мерос мондааст.

Интихоби ниҳол

Исматулло,  ҳанӯз аз 20 солагӣ ба нигоҳубин ва  пайванд кардани ниҳолҳо машғул аст. Ӯ ба мо оиди омода кардани ниҳол чунин гуфт:

“Мо дар деҳаи Саричашма 30 сотиқ замин дорем.  Он ҷо бо сарварии падар ниҳол мешинонем. Роҳи  корамон чунин аст: Аввал, заминро коркард мекунем, то замин бақувват бошад. Баъдан аз дарахтони 3 – 4 сола барои ниҳоли оянда қалмача (навда) мебурем.

Қаламчаҳоро дона – дона дар фосилаи муайян мешинонем. Аз моҳи август пайвандкуниро сар мекунем. Вақте муғчапайванд карда шудем, он  зиёда аз 20 рӯз меистад. Заминро бе назорат намемонем. Қалмачаи мо оҳиста –оҳиста  ба ниҳолча табдил меёбад. Барои  тайёр шудани як ниҳол 2 сол вақт сарф мешавад.

Ҳамаи ҳамин ниҳолҳои ба бозор овардаи мо 2  сол дорад. Як сол қаламчаҳо зери замин истода  реша  мегирад, соли дигар месабзанд. Вақте аз бозор ниҳол мехаред, аҳмамият диҳед, ки  ниҳол решачаҳои зиёд дорад, ё не. Агар бадани ниҳол ғафс бошад боз хубар аст”, – мегӯяд ниҳолпарвар – Исматулло.

Чӣ кор бояд кард, то ниҳоли шинонидаамон афзоиш ёбад?

Исматулло мегӯяд, ки бештари мизоҷон вақте ниҳолро мешинонанд, аксар вақт ба техникаи шинонадан ва нигоҳубини он дуруст аҳамият намедиҳанд. Ҷиҳати мунтазам азрӯйи меъёр додани об ва ғизоро ҳам чандон назорат намекунанд.  Ба гуфти вай барои шинонидани ниҳол вақти муаянеро интихоб кардан низ нақши муҳим мебозад.

 

Масалан дар баҳор шинонидани ниҳол хело қулай аст, чун боғбон ҳам рафти афзоиши ниҳолро назорат мекунад ва ҳам эҳтимоли сармохӯрии ниҳол дар ин мавсим хеле паст аст. Ӯ яке аз сабабҳои сабз нашудани ниҳолҳоро  чунин шарҳ дод:

“Агар хоҳед, ки аз ниҳол сабз шаваду аз он  ҳосил гиред, бояд дар вақти шинондан 40 см чуқур кобед, яъне ҷои шинонидани ниҳол бояд ду се маротиба аз худи решаи ниҳол васеъ бошад. Зарур аст, ки ҷойи пайванд дар даруни замин монад, чунки реша зери хок салқин меистад ва дар офтоби гарми тобистон қоқ  намешавад.

Баъзеҳо ниҳолро аз 40 – 50 см камтар зери замин мегузоранд, ки ин дуруст нест.  Барои ҳамаи намуди ниҳол 40 см  чуқурӣ бояд кофт.  Вақте реша ва ҷойи пайванд дар даруни чуқурии кофтаатон ҷо гирифт, як сатил об рехтан, кифоя аст. Вақти шинондан пошидани ягон хел пору ё хокистар лозим нест.

Дар авваали баҳор, ки намӣ баланад аст, об надиҳанд ҳам мешавад. Айни  тобистон  дар як ҳафта 1 маротиба об додан басанда аст. Соле як бор ба  ниҳолҳо доруҳои минералӣ; карбамид ва мачавин низ диҳанд, хуб аст”, – мефаҳмонад ниҳолпарвар.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
5
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend