Имрӯз дар Тоҷикистон бештар ба идораи ЗАГС барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдакон, сабти никоҳ ва иваз кардани насаб муроҷиат мекунанд.
Инчунин, дар солҳои охир ҳолатҳои муроҷиат барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо бештар мушоҳида мешавад. Масалан, дар як ҳуҷҷат ном бо як ҳарфи «л», дар хуччати дигар бо ду «л» навишта мешавад. Мо аз тачрибаи кори шуъбаи САҲШ-и шаҳри Ҳисор вокеаҳои ҷолибро таҳлил кардем. Дар ин кор ба мо мудири САҲШ-и шаҳри Хисор Музафарӣ Нодираи Музафар кумак кард.
Подкаст ба ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Сари вақт гирифтани ҳуҷҷатҳо барои худ ва фарзандон то чӣ андоза мухим аст. Мо ин ва дигар масъалаҳоро дар подкастҳои худ баррасӣ хоҳем кард.
Силсила подкастҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ “Ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии Вазорати адлияи кишвар ва иштироки Маркази ҳуқуқи инсон омода шудааст.
Дар нашрҳои оянда мо бо мутахассисони САҲШ дар мавзӯи чӣ гуна иваз кардани насаб, сабти ақди никоҳ, ба фарзандхонӣ қабул намудан ва ва ғайраҳо сӯҳбат хоҳем кард.
Инчунин, шумо метавонед, ҳама маълумоти муфид дар бораи хизматрасониҳои САҲШ ва ҳуҷҷатгузориҳоро аз сомонаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон – http://rahsh-adliya.tj/ дастрас намоед.
Лоиҳаи ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.