fbpx

Зане, ки дар Дарвоз бо суханрониаш президентро мафтун кард кист?

Ба Фотима Сулаймонова пас аз суханронӣ ду гови ҷӯшо туҳфа кардаанд.


0
Акс аз хадамоти матбуоти президент

Суханронии самимонаи Фотима Сулаймоноваи 65 сола дар мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвозу Ванҷ, ҳозирин ва ҳатто президенти кишварро мафтун кард. Сипас навори суханронии ӯ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ки истифодабарандагон низ хуш пазируфтанд.

Муаллифи Your.tj Файзуллохон Обидов бо Фотима Сулаймонова ҳамсуҳбат шуд.

Фотима Сулаймонова сокини деҳаи Зинги ноҳияи Дарвоз аст. Ду сол пеш вақте ба пойтахт меояд, дар барномаи телевизонии “Муждаи дай” – и телевизиони Тоҷикистон иштирок карда, назарашро дар бораи дигаргуниҳои шаҳри Душанбе мегӯяд.

Акс аз хадамоти матбуоти президент

“Душанбе ранги Париж шиай”

Ӯ худро аз ноҳияи Дарвоз муаррифӣ карда, шӯхиомез “сохти Душанбе ранги Париж шиай” мегӯяд. Баъдан, ин синхрони холаи Фотима дар интернет паҳн мешавад. Чанде пеш аз маркази ноҳия холаи Фотимаро барои иштирок ва суханронӣ дар мулоқот бо Пешвои миллат суроғ мекунанд. Матни баромади ӯ қаблан омода нашуда буд ва холаи Фотима бадоҳатан сухан кард.

Холаи Фотима мегӯяд, ки ӯ чандин сол аст, ки мехост президентро аз наздик бубинад ва ба ӯ ташаккур бигӯяд. Ӯ дар вохӯрии гузашта соҳиби даъватнома шуда ба орзуяш расидаст.

Тавре холаи Фотима мегӯяд ба ӯ пас аз суханронӣ аз ҳукумати ноҳия ду гови ҷӯшо туҳфа кардаанд.

Ишқ болотар аз орзуи кӯдакӣ

Фотима Сулаймонова як зани одии хонашин мебошад. Ӯ боз хоҳари дугоник ҳам дорад, ки ҳарду эркаи падару модар буданд. Холаи Фотима аз овони мактабӣ хушчақчақу ширинсухан будааст. Ӯ орзу дошт, ки пас аз хатми мактаб ҳунарпешаи синамо шавад, аммо қаҳрамони мо ба хотири ишқ аз орзуи кӯдакӣ даст кашид.

“Ман дар мактби № 4-и ба номи Садриддин Айнии деҳаи Зинг таҳсил кардаам. Мехостам баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шавам. Орзуи ширини ман актриса шудан буд. Аз ҳамон айёми беғаши ҷавонӣ дар саҳнаҳои калон нақши модарро иҷро кардан орзуи ман буд. Ман ду роҳ доштам, ишқ ва хондан. Ман якумашро интихоб кардаму баъд аз хатми мактаб ба шавҳар баромадам”, – аз айёми ҷавонияш қисса кард Фотима Сулаймонова.

 

Ишқи муаллим ба шогирд

Холаи Фотима дар синфи 11-ум мехондааст, ки ба мактабашон муаллими ҷавон ба кор меояд. Муаллим зуд ба ин духтари шухтабиату зиндадил дил мебандад ва муҳаббаташ беҷавоб намемонад.

“Ман хатмкунанда будам. Шавҳарам – Талабшо Акобиров муаллими нав буд. Ӯ маро нағз дид ва ман низ нисбати ӯ беэътибор намондам. Ҳамин тавр, пас аз хатми мактаб моро падару модарамон оиладор карданд. Орзуи актриса шуданро барои муҳаббат шуда фаромӯш кардам. Аз ин пушаймон нестам. Чунки ҳамдигарро то ҳол дӯст медорем. Офаридани нақши модарро, ки орзуи ман буд, албатта, дар ҳаёт бо тарбия кардани 6 фарзанд ба сомон расонидам. Алабатта, рост гуфтаанд, ки Ишқ хушбахтӣ меорад”, – нақл мекунад, холаи Фотима.

Холаи Фотима баробари тарбия кардани 6 фарзанд дар Совхоз кор мекард. Алҳол бошад ҳамроҳи келинҳо ба молпарварӣ машғул асту боз тоқиҳои дарвозӣ низ медӯзад. Ба ин васила ӯ ба фарзандонаш, ки дар муҳоҷиратанд ёрӣ мерасонад. Шавҳараш бошад то ҳол дар мактаб муаллим аст.

 

Орзуи иштирок дар “Фурӯғи субҳи доноӣ

Холаи Фотима аз телевизион озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”- ро тамошо карда, азм мекунад, ки дар он иштирок кунад. Қонуну қоидаи онро аз ҳамсояи ҷавонаш – Шарафмо, ки дар мактаб кор мекунад, мепурсад. Бо ёрии ин бону холаи Фотима китобҳоро низ аз мактаби деҳа гирифта мехонад.

Фотима Сулаймонова аз даври ноҳиявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” гузашт. Ӯ осори адибони муосирро хонда истодааст.

 

“Асарҳои хондаам бештар аз 100 адад шуд. Осори Айнӣ, Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Мӯъмин Қаноат ва дигаронро бештар мехонам”, – мегӯяд, холаи Фотима.

Имрӯз холаи Фотима 22 набераю 3 абера дорад. Қаҳрамони мо хандаи беғаши набераву абераҳояшро аз оромиву сулҳ медонад. Ӯ қадру манзалати ин неъматҳоро баъди воқеаҳои охири Афғонистон нағзтар маърифат кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
7
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
8
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
3
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend