fbpx

Наздикони Манора, ки ҷасадашро бо 26 зарби корд ёфта буданд аз болои муфаттиш шикоят бурданд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Манора духтаре, ки аз фишори хушдоман худкушӣ кардааст

Вазорати нақлиёт гуфтааст, ки аз Қирғизистон дархости кушодани роҳро накардаанд

Дар вокуниш ба як хабари Радиои Озодӣ, ки гӯё Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо фиристодани номае ба ҳамтоёни қирғизистонии худ хоҳони азсаргирии ҳамкориҳо шудааст, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор дошт, ки он ҳеч гуна номае ба Қирғизистон нафиристодааст.

Дар тасҳеҳномае, ки Хандонгул Доробова ба Радиои Озодӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фиристодааст, ин нақли қавл аз ӯ дар гузориши «Бе нишонаи беҳбуд. Робитаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоно сард мемонанд» рад карда мешавад: “номаи расмӣ фиристода, хоҳони кушодани марз барои равоуи мошинҳо шудем, вале ҷавоб нагирифтем. Ба ҳар сурат, Тоҷикистон омода аст, ки ҳаракати озоди мошинҳои ду кишварро таъмин кунад.”

Хандонгул Доробова, ки хабарнигори Радиои Озодӣ барои таҳияи гузориши мазкур бо ӯ ҳамсуҳбат шуда буд, дар он мусоҳиба зикр кардааст, ки аз тарафи Тоҷикистон барои ҳаракати мошинҳо аз Қирғизистон ба Тоҷикистон монеа вуҷуд надорад, вале тарафи Қирғизистон марзҳояшро барои Тоҷикистон бастааст.

Наздикони Манора, ҷасадашро бо 26 зарби корд ёфта буданд аз болои муфаттиш шикоят кардаанд

Наздикони Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли равон дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо шуд, аз болои муфаттиши парванда ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон шикоят бурда, хостаанд ки нисбати ӯ чораандешӣ шавад. Онҳо мегӯянд, муфаттиш аз гунаҳкорон пора гирифта, намегузорад парванда мунсифона баррасӣ шавад.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манораи Абдуфаттоҳ гуфтааст, ки хулосаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ, ки гуфтааст, худи ӯ 26 кордро ба баданаш задааст, бо таъсиррасонии муфаттиш дода шудааст ва бо айби ӯ нисбати гунаҳкорони асосӣ то ҳол парванда боз нашудааст.

Ӯ мегӯяд, ки муфаттиш дар шарҳи ҳодиса даъво кардааст, ки шояд Манора ҷин дошт ва аз ҳамин сабаб худкушӣ кард.

Аз прокуратураи ноҳияи Файзобод вобаста ба ҳодисаи мазкур касе ҳозир нашуд, ки масъаларо шарҳ диҳад.

Баъди он ки Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд дар хонааш дар ноҳияи Файзобод дарёфт карданд, таҳқиқи ҳодисаро додситонӣ ва ШКД дар ноҳияи Файзобод гузаронд. Бо гузашти беш аз се моҳ то ҳол мақомот расман ҳодисаро шарҳ надоданд ва нагуфтанд, ки бар кадом асос Манора бо 26 зарби корд худкушӣ кардааст.

Ду ташхис сабаби марги Манораро худкушӣ эълон кардааст. Вале наздикони зан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ӯро куштаанд.

Худкушӣ эълон шудани марги ин зан норозигии пайвандони ӯро ба бор овардааст. Онҳо дар номае, ки ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон супурданд, хостори тафтиши одилонаи ҳодиса шудаанд.

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар номаи ҷавобӣ аз Додситонии кулл хостааст, ки ҳодисаи мазкурро таҳқиқ намоянд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаанд, намояндаи онҳо дар ҳамкорӣ бо Додситонии ноҳияи Файзобод далелҳои пешниҳодкардаи пайвандони Манораи Абдуфаттоҳро меомӯзанд.

Ду маҳаллаи шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин шуд

Дар доираи амалишавии ин лоиҳа 240 оила аз ду маҳаллаи шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба ВМКБ дар шаҳри Хоруғ сокинони ду маҳалларо бо оби ошомиданӣ таъмин намуд.

Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, ҳамакнун сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ дастрасӣ ба оби ошомиданиро пайдо намуданд. “Об аз ҷуқурии 20 метр бароварда шуда, дар масофаи 1100 метр, то маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ дастрас карда шудааст”, – омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, татбиқи лоиҳаи навсозии хатти лӯлаи оби нӯшокӣ барои сокинони ин ду маҳалла аз моҳи октябри соли 2019 оғоз гашта буд ва бо амалӣ шудани он 240 хонавода ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд.

Гуфта мешавад, ин лоиҳа бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ гардид, ки масрафи умумии он се миллион доллар арзёбӣ мешавад. Норасоии оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад.

Нақшаи ваксинагирӣ дар Душанбе пурра иҷро шуд

Феълан дар Тоҷикистон 2 398 703 нафар алайҳи бемории коронавирус ваксина гирифтанд.

Нақшаи ваксинагирӣ дар шаҳри Душанбе 100,4 дарсад иҷро шудааст, мегӯяд Вазорати тандурустии кишвар.

Вазорат ҳамзамон теъдоди умумии нафаронеро, ки дар кишвар ваксина гирифтаанд, 2 398 703 нафар гуфт. Ҳамчунин гуфта мешавад, 1 740 682 нафар аллакай вояи дуюми ваксина алайҳи ин вирусро гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза алайҳи бемории коронавирус дар Тоҷикистон, гирифтани ваксина барои шаҳрвандони бештар аз 18-сола ҳатмист.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend