fbpx

Мақомот хомӯш аст. Садҳо мусофир дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд банд мондаанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Боздошти шаш муҳоҷири тоҷик баъд аз занозании гурӯҳӣ дар Санкт-Петербург

Баъд аз занозании гурӯҳии эҳтимолан шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, нисбат ба 6 муҳоҷири тоҷик парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Ба қавли хабаргузориҳои русӣ, муноқиша шоми 14-уми май дар ноҳияи Приморск рух додааст, вале сабаби занозанӣ нашр намешавад. Гуфта мешавад, ки тақрибан сад нафар бо ҳам занозанӣ карда, баъзеи онҳо аз калтакҳои чӯбиву оҳанӣ истифода кардаанд. Матбуоти Русия навишт, ки 45 нафарро ба идораи полис бурдаанд.

Хабаргузории “Фонтанка” навори амалиётеро аз сохтмонҳои Санкт-Петербург нашр кард ва дар он дида мешавад, ки зоҳиран кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Росгвардия бо сагҳояшон ҷойи хоби муҳоҷиронро тафтиш мекунанд.

Мақомот гуфтанд, дар умум, ҳуҷҷатҳои 130 шаҳрванди хориҷӣ тафтиш шуда, нисбат ба яке аз онҳо барои қалбакӣ будани санадҳояш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Садҳо мусофир дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд дармондаанд

Садҳо мусофир дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд дармондаанд ва як ҳафта боз имкони парвоз ба Русияро надоранд. Онҳо барои парвоз ба шаҳрҳои гуногуни Русия аз ширкати ҳавопаймоии “Северный ветер” чипта харидаанд.

Мироҷ Азизов, раҳбари намояндагии “Северный ветер” дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми май гуфтааст, ки сабаби банд мондани мусофирон дар он аст, ки Оҷонсии авиатсияи назди ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати онҳо иҷозаи парвоз надодааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар фурудгоҳи Душанбе менависад, ки Оҷонсии авиатсияи гражданӣ ба ин ширкат иҷозат надод, ки бо ҳавопаймоҳои бузург мусофир баранд. Ин оҷонсӣ гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои ширкат ба талаботи бехатарии фурудгоҳҳои Тоҷикистон мувофиқ нестанд.

Мироҷ Азизов гуфтааст, ки ба онҳо бо чунин ҳавопаймо ду бор иҷозаи парвоз доданд, вале рӯзи 12-уми май иҷозатномаи онҳоро бекор карданд.

Масъули ширкат гуфтаанд, як талаби дигари Оҷонсии авиатсияи граждании назди ҳукумат арзон кардани нархи чипта буд, ки онҳо иҷро карданд.

Ба гуфтаи онҳо, “ҳоло арзонтарин чипта ба самти Русияро доранд ва вобаста ба шаҳрҳо аз 3 ҳазор сомонӣ то 8,5 ҳазор сомонӣ чиптаи парвози ширкати онҳо нарх дорад”.

Ин ширкат аз шаҳри Хуҷанд ба Қазон, Иркутск, Перм ва аз Душанбе ба Санкт-Петербург, Қазон, Маскав бояд парвоз анҷом диҳад.

Қурбоналӣ Беков, сокини шаҳри Норак, ки шаби 12-уми май бояд аз Душанбе ба Қазон мепарид, аз ҷумлаи мусофирони дармондааст. Ӯ гуфт, ки ҳамроҳи ҳамсараш як ҳафта боз дар фурудгоҳ қарор доранд. “Имрӯз парвоз мешавад, фардо парвоз мешавад гуфта, ваъда доданд. Мо ҳар маблағе доштем, хурок хурдем ва ду бор барои КОВИД-19 ташхис супоридем. Пули ҳама тамом шудааст.”,–гуфт ӯ.

То кунун Оҷонсии авиатсияи гражданӣ хабарҳои дар расонаҳо пайдо шударо расман шарҳ надодааст.

Шавкат Мирзиёев дар сафараш ба Тоҷикистон аз Хуҷанд боздид мекунад

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, рӯзи 10-уми июн ба Тоҷикистон сафар мекунад. Хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли манобеаш дар ҳукумат навишт, ки сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон то 12-уми июн идома хоҳад дошт.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, раиси ҷумҳури Узбекистон дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд меравад. Манбаъ мегӯяд, Шавкат Мирзиёевро дар Хуҷанд раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Дар назар аст, дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон чанд созишнома миёни Душанбе ва Тошканд имзо шавад. Ба ҳамин тартиб, дар давраи раёсатҷумҳурияш ин бори чаҳорум мешавад, ки президенти Узбекистон аз Тоҷикистон дидан мекунад.

Тоҷикистону Қирғизистон боздоштшудаҳоро табодул карданд

Субҳи имрӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷанҷоли нави марзӣ сар задааст, ки бар пайи он ҷонибҳо се нафарӣ шаҳрванди якдигарро боздошт ва баъдан табодул кардаанд. Дар ин бора Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи “Тоҷикон”-и ҷамоати Ворух хабар додааст.

Ин мақоми маҳаллӣ мегӯяд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз он ки ба асорат гирифта шаванд лату кӯб шудаанд. “Шаҳрвандони мо аз Ворух ба Исфара мерафтанд ва бо далелҳои инфиродӣ хостанд, ки дубора ба Ворух баргарданд ва дар деҳаи Оқ-Сойи Қирғизистон аз мусофирбар пойин фаромаданд. Онҳо ду нафар буданд. Дар ҳамин замон бошандагони Оқ-Сой онҳоро лату кӯб мекунанд. Инро сокини дигари Тоҷикистон, ки каме дуртар аз чорроҳа қарор доштааст мебинад ва мехоҳад, ки ёрӣ расонад. Дар натиҷа ба ҷойи ёрӣ, марзбонони қирғиз ҳамаро ба асорат мегиранд”,-хабар дод Ғафур Ҷӯраев.

Ба назари вай “ҷониби Қирғизистон ин корҳоро амдан мекунад, то музокиротро қатъ кунаду созишҳои ҳосилшударо риоя накунад”.

Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Бодканд Абдукарим Алимбоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ –  «Радио Азаттик» гуфтааст, ки имрӯз ҳамчунин шаҳрвандони Қирғизистон ҳам, вақте аз мавзеи Тамдик бармегаштанд, боздошт шудаанд.

Машварати мақомоти тоҷик ба муҳоҷироне, ки будубошашон дар Русия ғайриқонунист

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як эълон ба муҳоҷирони тоҷик гуфтааст, рӯйхати шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, дар ин ниҳод ва сохторҳои он мавҷуд аст.

“Барои дарёфти маълумот барои қонунӣ кардани ҳузури худ дар ин кишвар, хоҳишмандон метавонанд ба кормандони намояндагӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия муроҷиат намоянд”, — омадааст дар эълон. То анҷоми қарори президенти Русия Владимир Путин дар мавриди сабукӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити пандемия барои қонунӣ кардани будубошашон дар ин кишвар камтар аз як моҳи дигар мондааст.

Нишони нуқраи паҳлавони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо дар Қазоқистон

Суннатулло Лоиқов, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми Осиё миёни навҷавонон оид ба ҷудо (Junior Asian Judo Cup Almaty 2021), ки рӯзҳои 14-16-уми май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки дар Маҷмааи варзишии ба номи Балуан Шолак доир гардид, беш аз 150 варзишгар аз 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон – ширкат варзиданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар шомил буд: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Қурбоналӣ Бозоров (-73 кг), Ғаниҷон Ғаниев (-73 кг), Суннатулло Лоиқов (-81 кг), Ҳайдаралӣ Шоев (-90 кг) ва Эмомризо Анварзода (-100 кг).

Аз миёни онҳо танҳо Суннатулло Лоиқов медал ба даст овард.

Ин ҳафта дамои ҳаво аз 30 дараҷа поин намеравад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯйии обуҳаворо дар ҷумҳурӣ барои як ҳафтаи оянда нашр кард. Бино ба ин маълумот, нимаи аввали ҳафта қаламрави Тоҷикистон зери таъсири обуҳавои хеле гарм хоҳад буд, ки аз самти ҷануб меояд.

Қариб дар тамоми қаламрави кишвар обуҳавои хушку аксаран камабр дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ баъзан борон борида, раъду барқ пешбинӣ мешавад.

Ҳарорат рӯзона то 32-34 дараҷа ва дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ то 36 дараҷа гарм мешавад.

Дар робита ба баъзан боридани борон рӯзҳои 18-22 майи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин болоравии сатҳи об дар дарёҳо дар назар аст.

Дар Душанбе ин ҳафта обуҳавои абрноки тағйирёбанда ва бидуни боришоти назаррас пешгӯйӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона то 34 дараҷа гарм мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend