fbpx

Даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 200 захмӣ ва 20 кушта ба ҷой гузошт

Мухтасар дар бораи чӣ гуна оғоз ёфтан ва дар кадом вазъ қарор доштани муноқишаи наздисарҳадии тоҷику-қирғиз.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тайи ду рӯз аст, ки муноқишаҳои хунин идома дорад. Шаби гузашта ҷонибҳо бо нашри як изҳороти муштарак қарори оташбасро имзо карданд. Аммо расонаҳо мегӯянд, ки пас аз имзои созишномаи муштарак низ дар ҷо-ҷойи марз садои тир шунида мешавад.

Оғози муноқиша

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел  дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара оғоз шуд ва дар натиҷаи он даҳҳо нафар аз ду ҷониб бар асари тирборон захмӣ ва ҳалок шуданд. Сокинон ва мақомоти кишварҳо якдигарро ба сангандозӣ ва шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.

Зиёда аз 200 захмӣ ва 20 кушта

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи шумораи дақиқи захмиёну фавтидагони муноқишаи марзӣ ба таври расмӣ чизе нашр накардааст.

Дар ҳамин ҳол сомонаи “Азия-Плюс” дар такя ба манобеи худ дар шаҳрдории Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи зиёда аз 90 нафар осебдида ва ҳудуди 10 ҳалокшуда аз ҷониби Тоҷикистон хабар дод.

Субҳи имрӯз, 30 апрел раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо дастури перзидент аз Беморхонаи марказии Исфара боздид карда, аз ҳоли захмиёни даргириҳои рӯзи гузашта хабар гирифт.

Радиои “Озодӣ” бо такя ба манобеи худ дастикам шахсияти 8 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистонро муайян кардааст:

Салоҳиддин Гадоеваи 28-сола, майор фармондеҳи яке аз дидбонгоҳҳо;

Бахтовар Маҳмудов, ҷавони сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи Исфара;

Умедҷон Юсуфов, сокини 32-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

Нерӯз Ғафуров, сокини 28-солаи деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода;

Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳим Ҳошимзода, ҳар ду сокини 26-солаи ҷамоати Чоркуҳ;

Шералӣ Раҳматзода ва Сафар Набиев, ду сарбози қисми марзбонии Исфара;

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, то ин соат 134 нафар шаҳрванди ин кишвар захм бардошта, дар ҷараёни муноқишаҳо 13 нафар кушта шудаанд.

Кӯчонидани занону кӯдакони ҷонибҳо ба ҷойҳои бехавф

Расонаҳо дар такя ба манобеи худ хабар доданд, ки беш аз 70 зану кӯдаки ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфароро аз минтақаи осебпазир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар хобгоҳи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҷоба ҷо кардаанд. Аммо то кунун шумораи дақиқи мардуми кӯчонидашуда аз мавзеъҳои осебпазир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дақиқ нест.

Дар ҳамин ҳол ҷониби Қирғизистон аз кӯчонидани 9 ҳазору 706 шаҳрвандонаш ба ҷойҳои амнро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ хабар медиҳад.

Имзои созишномаи дуҷонибаи оташбас

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон шаби гузашта дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд музокирот намуда,  изҳороти муштарак  интишор намуданд ва дар он нияти қатъ кардани низои мусаллаҳонаро, ки 29 апрел дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифт, тасдиқ карданд.

Изҳоротро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон Омурбек Суваналиев имзо карданд.

Ҷонибҳо ба чунин тавофуқ расиданд:

– Фаъолиятҳои ҷангӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Ботканд аз соати 18.30-и 29 апрели соли равон бо вақти Душанбе (аз соати 19.30-и 29 апрел бо вақти Бишкек) қатъ карда шаванд.

– Қӯшунҳо ва техникаи ҳарбӣ аз минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд ба ҷойҳои доимияшон баргардонида шаванд.

– Раванди музокирот ҷиҳати ба субот овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд идома дода шавад.

Аз ҳисоби кормандони қӯшунҳои сарҳадӣ, мақомоти амният ва корҳои дохилии ҳарду давлат гурӯҳи корӣ оид ба назорати раванди татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшудаи дар ҳамин протокол дарҷшуда гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад.

Нигаронии кишварҳои сеюм ва аз муноқишаҳои марзӣ

Дар пайи муноқишаҳои марзӣ дар сарҳади тоҷику-қирғиз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Созмони миллали муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо аз вазъияти баамаломада изҳори нигаронӣ карда аз ҷонибҳо даъват карданд, то ба сари мизи гуфтушунид нишаста онро бо роҳи дипломатӣ ҳал намоянд.

Аз ҷумла Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст, ки омода аст барои ҳалли низоъи Тоҷикистону Қирғизистон миёнҷигарӣ кунад, хабар додааст Дмитрий Песков сухангӯйи Кремлин.

“Бидуни шак, бо дар назар гирифтани муштаракоти мо дар пойгоҳҳои гуногун, аз ҷумла  СПАД, албатта Путин ҳамеша омода аст барои ҳалли мушкилоди шадид, ки миёни кишварҳои узв сар мезанад, нақши миёнҷигариро иҷро кунад, гуфтааст Песков зимни посух ба суоли ин ки оё имкон ҳаст Путин дар ин қазия миёнрав шавад”,- гуфтааст Песков.

Мирзиёев бо Раҳмону Ҷабборов даргириҳои марзро баррасӣ кардааст

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Эмомалӣ Раҳмон  президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон бар сари даргириҳои ахири марзӣ гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора торнамои расмии Президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Дар хабарномаи дафтари матбуоти президенти кишвари ҳамсоя гуфта шудааст, ки сарони давлатҳо  вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Президенти Узбекистон аз созишномаҳои ҳосилшудаи ҷонибҳои тоҷику қирғизро, ки ба  ҳалли ҳарчи зудтари вазъи кунунӣ ва пешгирии авҷгирии он равона шудаанд, дастгирӣ пуштибонӣ кардааст.

Аҳамияти ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷуда танҳо тавассути гуфтушуниду машваратҳо дар руҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикӣ таъкид карда шуд.

Шавкат Мирзиёев бо Содир Ҷабборов низ вазъи марзро баррасӣ кардаву роҳҳои ҳарчи зудтари ҳалли вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро арзёбӣ кардаанд.

Вазорати хориҷа: Тоҷикистон аз заминҳояш ҳеч вақт даст нахоҳад кашид

Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонии шаби 29 апрел бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ки Тоҷикистон азми қавӣ дорад мушкилот тариқи музокирот ва роҳҳои қобили қабул  ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳал шавад. Аммо вазири тоҷик таъкид кардааст, ки  кишвараш “ҳаргиз аз заминҳое, ки аслан ва қонунан ба он тааллуқ доранд, даст нахоҳад кашид”, хабар дод аз департаменти иттилоотии ВКХ Тоҷикистон.

Дар ин суҳбат бар аҳаммияти ҳалли масъалаҳои марзи давлатӣ танҳо аз тариқи гуфтушунидҳо таъкид шуда, ғайри қобили қабул будани кӯшишҳои иғвоангезии тарафҳои алоҳидаи манфиатдорро, ки боиси бештар шиддат ёфтани вазъият мегарданд, зикр шудааст.

Ду вазири кишвари ҳамсоя ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ бояд иродаи қавии сиёсӣ зоҳир гардад.

Прокуратураи Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард

Прокуратураи Қирғизистон аз рӯйи далели муноқиша дар марз бо Тоҷикистон тибқи моддаи “Ҷиноят зидди сулҳ”-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. 24.kg менависад, дар ин бора дар сомонаи ин ниҳод хабар дода шудааст.

Бино ба ин маълумот, тафтиши то судии парванда ба дӯши гурӯҳи байниидоравӣ аз ҳисоби кормандони КДАМ, ВКД ва Прокуратураи ҳарбӣ вогузор шудааст.

“29 апрел тахминан соати 4.40 дар мавзеи Кочо-Бой ва деҳаи Кок-Тоши ноҳияи Ботканд байни сокинони маҳаллӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаҳо рух доданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон барангехта шуда буданд. Баъдан бо нақзи шартномаи дуҷониба байни кишварҳо дар бораи муносибатҳои шарикӣ аз 26 майи соли 2004, усули ҳамзистии осоишта, дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон ба кишвари мо ҳамла карда, истиқлолият ва тамомияти онро халадор сохтанд”, – гуфта мешавад дар изҳороти Прокуратураи генералӣ.

Дар мақомоти назоратӣ зикр кардаанд, ки хидматчиёни ҳарбии Тоҷикистон бо истифода аз миномёт ва чархболҳои низомӣ ба дидбонгоҳҳои сарҳадии «Булак-Башы», «Капчыгай», «Достук», «Мин-Булак», постгоҳҳои марзии «Кожожар», «Кызыл-Бел» ҳамлаи мусаллаҳона анҷом дода, қаламрави онҳоро ишғол намуданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend