fbpx

8 соли зиндон ба зане, ки кӯдаки навзодро дуздида буд

Мухтасари муҳимтарин хабарҳои Тоҷикистон.


1
1 point
Занеро дар Тоҷикистон бо ҷурми одамрабоӣ ба 8 соли зиндон маҳкум карданд
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Директори як ширкати сохтмон барои изофанависӣ ва тасарруфи маблағ боздошт шуд

Хуршедҷон Назаров, директори ҶДММ “Аҳмад Сохтмон” беш аз 272 ҳазор сомониро барои таъмиру навсозии бинои шуъбаи маориф дар Душанбе барзиёд нишон дода, маблағи мазкурро тасарруф намудааст. Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ медиҳад.

Мард бо дастони баста

Ба гуфтаи манбаъ, ӯ бо истифодаи ваколати мансабдорӣ барои таъмиру сохтмони бинои шуъбаи маорифи Исмоили Сомонии пойтахт ин маблағро тасарруф кардааст.

“Назаров Хуршедҷон Абдураҳмонович бо истифодаи ваколати мансабдорӣ зимни анҷом додани корҳои таъмиру сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи И.Сомонӣ дар асоси супоришномаҳои пулӣ қасдан ва бо роҳи сохтакории хизматӣ ҷамъ маблағи 272 ҳазору 43 сомониро барзиёд нишон дода, маблағи мазкурро тасарруф намудааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расид”, – шарҳ медиҳад Агентӣ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Назаров Хуршедҷон Абдураҳмонович бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.

Мувофиқи он Хуршедҷон Назаровро ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо интизор аст.

Моддаи 340 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ бошад, сохтакории шиноснома (паспорт), шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда буда, бо ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо пешбинӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, назари худи боздоштшуда ва наздикони ӯ маълум нест.

Дар Тоҷикистон зане бо ҷурми одамрабоӣ 8 сол ҳукми зиндон гирифт

Оиша Шарипова бо ҷурми одамрабоӣ ба 8 соли зиндон маҳкум гардидааст. Ӯ моҳи сентябри соли 2022 аз таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тифли навзодеро дуздида буд.

Дуздида шудани кӯдаки навзод дар Тоҷикистон
Акс аз “Азия плюс”

Суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҳукми ин занро дар сомонааш ба нашр расонидааст.

“Шарипова бо сабаби фарзандор нашуданаш, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки тариқи пинҳонӣ аз шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ғайриқонунӣ як нафар тифли навзодро рабуда, соҳиби фарзанд шавад”,- менависад манбаъ.

Ӯ бо ин мақсад моҳи феврали соли 2022 тавассути телефони мобилӣ ба шавҳараш оиди ҳомиладор шуданаш хабари бардурӯғ додааст.

Давоми муддати 9 моҳи дигар зан дар зери либоси танааш дар қисми шикам латаю ҳаргуна матоъ баста, худро барои атрофиён ҳамчун ҳомиладор вонамуд кардааст, – омадааст дар матни хабар.

“Баҳри иҷрои нақшаи тарҳрезӣ намудааш бегоҳи 23-юми сентябри соли 2022 ба шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи А.Ҷомӣ омада, ҳолати рафтани навбатдорро истифода бурда, дарҳол бо роҳи тиреза вориди долони шуъбаи таваллудхона шуда, сипас ба яке аз ҳуҷраи наздиктарин, яъне ҳуҷраи табобати шиддатнок ворид шуда, кӯдаки навзодро бурда, пинҳон кардааст”,- меафзояд манбаъ.

30-юми сентябри соли 2022 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯи тифли навзоди дар боло номбаршуда дарёфт карда, ба модараш баргардонида шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Хуросон Оиша Шарипова бо моддаи 130 қисми 2 банди “д” Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ, таъйин карда шудааст.

Аз соли 2025 дар Тоҷикистон истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ манъ мешавад

Воридот ва истифодаи халтаҳои  полиэтиленӣ ба Тоҷикистон бо ғафсии то 15 микрон аз 1 январи соли 2025 манъ мешавад. АМИТ “Ховар” дар ин бора бо такя ба иттилои Наим Неъматзода, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ дод.

манъи истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ дар Тоҷикистон

Ба навиштаи ин манбаъ, дар ин миён халтаҳои полиэтиление, ки дастак надоранд ва барои бастабандии молҳо истифода шудаанд, инчунин халтаҳои зуд вайроншаванда истисно мебошанд.

“Бо мақсади татбиқи ин қарор Вазорати саноат ва фанновариҳои нав якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ҷиҳати роҳандозии истеҳсоли халтаҳои экологӣ аз картон, коғаз ва матоъ чораандешӣ доранд.

Кумитаи ҳифзи муҳити Тоҷикистон ҳамчунин барои озод кардани пардохти 15-фоиза барои ифлосшавии муҳити зист барои корхонаҳои истеҳсолкунандаи халтаҳои экологӣ ва марказҳои савдо аз фурӯши халтаҳои полиэтиленӣ даст мекашанд, иқдом хоҳад кард”, – гуфтааст Наим Неъматзода.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки ҳангоми воридоти халтаҳои полиэтиленӣ ба Тоҷикистон воридкунандагон барои муайян кардани ғафсии халтаҳо бояд ба Хадамоти гумрук хулосаи дахлдори “Тоҷикстандарт”-ро пешниҳод кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон халтаҳои полиэтиленӣ ба таври густарда дар марказҳои фурӯш ва бозорҳои Тоҷикистон истифода мешавад.

Ба гуфтаи коршинсони муҳити зист, мушкили аслӣ дар истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ ва умуман маҳсулоти пластикӣ он аст, ки полимерҳо дар муҳити табиӣ намепӯсанд ва ҳангоми сӯхтан бошад ба фазо моддаҳои заҳрнок хориҷ мекунанд. Барои мисол барои пӯсида шудани як халтаи пластикӣ ҳадди ақал 400 сол лозим аст.

Дар Бохтар хоҳиш карданд, ки оби каналро хушк кунанд, то ҷасади як наврасро ёбанд

Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Бохтар ва наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода се рӯз боз ҷасади як навраси ғарқшударо ҷустуҷӯ доранд. Алихон Исмоилов хонандаи синфи 9 ҳамроҳ бо як ноболиғи дигар рӯзи 14-уми июл ҳангоми оббозӣ дар канали Бибихонум ғарқ шудаанд.

Ғарқшавӣ дар Тоҷикистон

Ҷасади Фирӯз Шарипов, яке аз ду навраси ғарқшударо дар рӯзи ҳодиса пайдо карданд, вале бо гузашти се рӯз сокинону наҷотбахшон наметавонанд ҷасади навраси дуюмро пайдо кунанд.

Онҳо дар наворе бо муроҷиат ба мақомот хостори бастани оби канал ва хушк кардани он шудаанд, то дарёфти ҷасад осон шавад.

Аз оғози тобистон дар вилояти Хатлон ҳудуди 20 нафар ҳангоми шиноварӣ ғарқ шудаанд. Мақомот мегӯяд, бо шурӯи мавсими гармо дар назди кулу дарёҳои кишвар рейду навбатдорӣ ташкил карда, барои сокинон хатарҳои шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ва риояи қоидаҳои оббозиро мефаҳмонанд.

Аммо бархе аз сокинон аз набуди ҳавзҳои дастрасу шароити мусоид барои шиноварӣ шикоят мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо сабаби рафтани наврасону ҷавонон ба маконҳои хатарзо хоҳад шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend