Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дата публикации: 19:5423.09.2021
Имрӯз 23 сентябр дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ хонандагони тоҷик зери ҳамлаи чанд тан сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон қарор гирифтанд. Тевре маълум шуд чанд тан сокини Қирғизистон хонадагонро ҳангоми аз мактаб баргаштан сангборон карда, сипас ба хонаҳои ин хонандагон даромада, волидони онҳоро низ латукӯб намудаанд.
Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев ҳодисаи зери сангборони қирғизҳо қарор гирифтани хонандагонро тасдиқ кард. Тевре ӯ мегӯяд, феълан ду кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарианд.
Насриев илова намуд, ки бо раисони Бодканду Оқсой вобаста ба ин ҳодиса суҳбат карда, онҳоро дар ҷараён гузоштааст. Ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расидаанд, ки минбаъд аз сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш ҷилавгирӣ мекунанд.
Тавре Телеграмм канали Азия-плюс хабар медиҳад, сокинони қирғиз мактаббачаҳои тоҷикро ҳангоми аз мактаб баргаштан сангборон кардаанд, сипас онҳо ба хонаҳои ҳамин мактаббачаҳо даромада, волидонашонро низ латукӯб кардаанд.
Ба ғайр аз ин айни марзи Тоҷикистону Қирғизистон баста аст. Садҳо донишҷӯёни тоҷик наметавонанд барои идомаи омӯзиш ба Қирғизистон раванд. Донишҷӯёни қирғиз бошанд, тавассути Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барои идомаи омӯзиш омадаистодаанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари обтақсими "Головной" шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона печид. Бар асари рухдоди ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб карданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар рӯзи 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гурӯҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқиша шудааст.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад