logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Сокинони Қирғизистон мактаббачаҳои деҳаи Сомониёнро сангборон кардаанд

Дар натиҷаи сангборон ду кӯдак ҷароҳати ҷисмонӣ бародштааст.

Your tj

17:5423.09.2021

Сокинони Қирғизистон мактаббачаҳои деҳаи Сомониёнро сангборон кардаанд

Имрӯз 23 сентябр дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ хонандагони тоҷик  зери ҳамлаи чанд тан сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон қарор гирифтанд. Тевре маълум шуд чанд тан сокини Қирғизистон хонадагонро ҳангоми аз мактаб баргаштан сангборон карда, сипас ба хонаҳои ин хонандагон даромада, волидони онҳоро низ латукӯб намудаанд.

Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев  ҳодисаи зери сангборони қирғизҳо қарор гирифтани хонандагонро тасдиқ кард. Тевре ӯ мегӯяд, феълан ду кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарианд.

Насриев илова намуд, ки бо раисони Бодканду Оқсой вобаста ба ин ҳодиса суҳбат карда, онҳоро дар ҷараён гузоштааст. Ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расидаанд, ки минбаъд аз сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш ҷилавгирӣ мекунанд.

Тавре Телеграмм канали Азия-плюс хабар медиҳад, сокинони қирғиз мактаббачаҳои тоҷикро ҳангоми аз мактаб баргаштан сангборон кардаанд, сипас онҳо ба хонаҳои ҳамин мактаббачаҳо даромада, волидонашонро низ латукӯб кардаанд.

Ба ғайр аз ин айни марзи Тоҷикистону Қирғизистон баста аст. Садҳо донишҷӯёни тоҷик наметавонанд барои идомаи омӯзиш ба Қирғизистон раванд. Донишҷӯёни қирғиз бошанд, тавассути Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барои идомаи омӯзиш омадаистодаанд.

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари  обтақсими "Головной" шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона печид. Бар асари рухдоди ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб карданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат

Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар рӯзи 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гурӯҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқиша шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

2 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

2 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

4 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

5 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

5 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ