Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дата публикации: 13:5508.06.2022
Бунёди ҷаҳонии мубориза бо Вируси норисоии масъунияти бадан (СПИД), сил ва вараҷа аз афзоиши якбораи шумори ин намуди бемориҳо дар Укроина ва дигар кишварҳои Аврупои Шарқиву Осиёи марказӣ ба далели ба ёрии тиббӣ дастрасӣ надоштани қисми зиёди мардум дар шароити ҷанг, пешгӯӣ мекунад. Дар ин бора мудири бунёд Питер Сэндс дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.
Питер Сэндс мегӯяд, ки ҳоло барои арзёбии дақиқи таъсири ҷанг барвақт аст, аммо интизор меравад, ки ҷанг ба сатҳи бемории сил ва ВНМО дар Украина ва дар саросари минтақа таъсири назаррас хоҳад дошт.
"Муҳоҷирати дастаҷамъӣ, ҷойгирсозии гурезаҳо дар биноҳои танг ва қатъи кӯмаки тиббӣ боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегардад", - сегӯяд, Питер Сэндс.
Тибқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то ҳамлаи Русия дар Укроина наздики 260 ҳазор кас ба ВНМО гирифтор буд. Аз рӯи теъдоди гирифторони ВНМО Укроина, баъд аз Русия, миёни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар ҷойи дувум қарор дошт.
Тавре Сэндс мегӯяд, ба далели ҳамлаи Русия ба Украина бисёре аз украинҳо аз кӯмаки тиббӣ маҳрум шуданд.
"Беш аз 150 муассисаи тиббӣ зарар диданд ё тахриб шуданд. Пизишкон маҷбур шуданд, ки фирор кунанд, бархеҳо захмӣ ва ё кушта шуданд. Чунин ҳолат махсусан барои гирифторони ВНМО ва сил хатарнок аст, ки бояд пайваста дору истеъмол намоянд", - гуфт Сэндс.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад