logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Мутахассисон аз афзоиши бемориҳои ВНМО ва сил ҳушдор медиҳанд

Бунёди ҷаҳонии мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа аз вазъияте, ки бар асари ҷанг дар системаи тандурустии Украина ба вуҷуд омадааст, хеле нигарон аст.

Your tj

11:5508.06.2022

Мутахассисон аз афзоиши бемориҳои ВНМО ва сил ҳушдор медиҳанд

Бунёди ҷаҳонии мубориза бо Вируси норисоии масъунияти бадан (СПИД), сил ва вараҷа аз афзоиши якбораи шумори ин намуди бемориҳо дар Укроина ва дигар кишварҳои Аврупои Шарқиву Осиёи марказӣ ба далели ба ёрии тиббӣ дастрасӣ надоштани қисми зиёди мардум дар шароити ҷанг, пешгӯӣ мекунад. Дар ин бора мудири бунёд Питер Сэндс дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.

Питер Сэндс мегӯяд, ки ҳоло барои арзёбии дақиқи таъсири ҷанг барвақт аст, аммо интизор меравад, ки ҷанг ба сатҳи бемории сил ва ВНМО дар Украина ва дар саросари минтақа таъсири назаррас хоҳад дошт.

"Муҳоҷирати дастаҷамъӣ, ҷойгирсозии гурезаҳо дар биноҳои танг ва қатъи кӯмаки тиббӣ боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегардад", - сегӯяд, Питер Сэндс.

Тибқи омори  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то ҳамлаи Русия дар Укроина наздики 260 ҳазор кас ба ВНМО гирифтор буд. Аз рӯи теъдоди гирифторони ВНМО  Укроина, баъд аз Русия, миёни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар ҷойи дувум қарор дошт.

Тавре Сэндс мегӯяд, ба далели ҳамлаи Русия ба Украина бисёре аз украинҳо аз кӯмаки тиббӣ маҳрум шуданд.

"Беш аз 150 муассисаи тиббӣ зарар диданд ё тахриб шуданд. Пизишкон маҷбур шуданд, ки фирор кунанд, бархеҳо захмӣ ва ё кушта шуданд. Чунин ҳолат махсусан барои гирифторони ВНМО ва сил хатарнок аст, ки бояд пайваста дору истеъмол намоянд", - гуфт Сэндс.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

2 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

2 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

4 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

5 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

5 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ