Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дата публикации: 14:5913.03.2024
Дар ҷамоати Ориёни ноҳияи Ашти вилояти Суғд сардори мизи ҳарбиро барои гирифтани 15 ҳазор сомонӣ дар ивази таҳияи билет ва аз хидмат озод кардани як сокини ноҳия ҷазо додаанд.
Тавре Радиои Озодӣ менависад, ҳукми Суди ноҳияи Ашт рӯзи 9-уми феврали имсол содир шудааст, вале ному насаби низомиро ошкор накардаанд.
Гуфта мешавад, ҳодиса ҳангоми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар соли 2023 рӯй додааст. Сардори мизи ҳарбиро зиёда аз 62 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, инчунин, як сол аз ҳаққи гирифтани мансаб дар бахши низомӣ маҳрум кардаанд.
Дар Тоҷикистон соле ду маротиба – баҳор ва тирамоҳ даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш сурат мегирад. Дар ин давра бо шеваҳои гуногун ҷавононро маҷбуран ба хизмат ҷалб кардани мақомот расонаӣ мешавад, вале солҳои охир аз афзоиши сафи ихтиёриён мегӯянд.
Дар Тоҷикистон як сабаби асосии сарпечии ҷавонон аз дар бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ медонанд, ки гоҳе бо маргу маъюб шудани онҳо меанҷомад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми март фармони даъвати баҳориро имзо кард.
Мувофиқи он сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ба эҳтиёт рухсат дода шуда, ҷавонмардони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Даъвати баҳорӣ аз 1-уми апрел оғоз шуда то охири моҳи май идома меёбад.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад