logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

Чӣ тавр як зани рус ҳунарҳои тоҷикиро омӯхт ва онҳоро ба занони ҳамдеҳааш ёд медиҳад

Раиса Соловёва қариб 50 сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, тӯли ин солҳо забони тоҷикиро омӯхта ва бисёр ҳунарҳоро азхуд кардааст.

Your tj

18:0326.09.2025

Раиса Соловёва зодаи Қазоқистон мебошад, ки волидонаш аз вилояти Екатеринбурги Русия ба онҷо кӯчида буданд.

Қариб 50 сол пеш, замоне ки духтари 19-сола буд, шавҳари ояндааш, ки тоза аз хидмати ҳарбӣ баргашта буд, ӯро ба Тоҷикистон овард.

Хешовандони Раиса ин интихобро ҷонибдорӣ накарданд, аммо худи ӯ дарҳол дарк кард, ки қарори дуруст гирифтааст.

Дар тӯли ним аср, Тоҷикистон ба ватани ӯ табдил ёфт. Раиса забони тоҷикӣ омӯхт ва тамоми анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумиро аз худ кард.

Ҳунари дӯзандагӣ ва гулдӯзиро ӯ аз хушдоманаш омӯхта, имрӯз тамоми маҳорати худро ба набераҳояш ва духтарони ҳамсоя меомӯзонад, то ба онҳо дар омода кардани ҷиҳози арӯсӣ кӯмак кунад.

Раиса дар санъати қуроқдӯзӣ усто шудааст, ва имрӯз дастранҷи ӯ ва шогирдонашро қариб дар ҳар хонаи навхонадорон дар ноҳияи Кубодиёни вилояти Хатлон дидан мумкин аст.

Ба гуфтаи Раиса, дар солҳои охир талабот ба гулдӯзӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ба таври назаррас афзудааст.

Соли 2022 Раиса Соловёва, дар баробари дигар ҳунармандони маҳаллӣ, аз раиси вилояти Хатлон ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ грант дарёфт кард. Ин дастгирӣ ба густариши кораш ва ҷалби бештари шогирдон мусоидат намуд.

 

Комментарии (0)

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

3 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

3 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

4 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

5 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

7 дня назад