Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:0326.09.2025
Раиса Соловёва зодаи Қазоқистон мебошад, ки волидонаш аз вилояти Екатеринбурги Русия ба онҷо кӯчида буданд.
Қариб 50 сол пеш, замоне ки духтари 19-сола буд, шавҳари ояндааш, ки тоза аз хидмати ҳарбӣ баргашта буд, ӯро ба Тоҷикистон овард.
Хешовандони Раиса ин интихобро ҷонибдорӣ накарданд, аммо худи ӯ дарҳол дарк кард, ки қарори дуруст гирифтааст.
Дар тӯли ним аср, Тоҷикистон ба ватани ӯ табдил ёфт. Раиса забони тоҷикӣ омӯхт ва тамоми анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумиро аз худ кард.
Ҳунари дӯзандагӣ ва гулдӯзиро ӯ аз хушдоманаш омӯхта, имрӯз тамоми маҳорати худро ба набераҳояш ва духтарони ҳамсоя меомӯзонад, то ба онҳо дар омода кардани ҷиҳози арӯсӣ кӯмак кунад.
Раиса дар санъати қуроқдӯзӣ усто шудааст, ва имрӯз дастранҷи ӯ ва шогирдонашро қариб дар ҳар хонаи навхонадорон дар ноҳияи Кубодиёни вилояти Хатлон дидан мумкин аст.
Ба гуфтаи Раиса, дар солҳои охир талабот ба гулдӯзӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ба таври назаррас афзудааст.
Соли 2022 Раиса Соловёва, дар баробари дигар ҳунармандони маҳаллӣ, аз раиси вилояти Хатлон ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ грант дарёфт кард. Ин дастгирӣ ба густариши кораш ва ҷалби бештари шогирдон мусоидат намуд.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад