logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

Баҳси “Тоҷик Эйр” бо як ширкати литвонӣ поён ёфтааст

Баҳс миёни “Тоҷик Эйр” ва ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2013 сар зада буд.

Your tj

16:1830.01.2025

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз поёни баҳсҳои қарзӣ бо як ширкати литвонӣ хабар дод.

Парвиз Шодмонзода, раиси ин ширкат 29-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, онҳо бо ширкати “Скайроуд лизинг” ба созиш расидаанд.

Ба гуфтаи ӯ “Тоҷик Эйр” қарзи ширкати “Скайроуд лизинг”-ро, ки бо қарори суд ба 36,6 миллион доллар расида буд, мувофиқи созиш танҳо 2 миллион доллар пардохт мекунад.

Шодмонзода мегӯяд, ширкати онҳо 500 ҳазор доллари қарзро пардохт кардааст ва қарор аст ба наздикӣ 1,5 миллон доллари дигарро низ пардохт кунанд.

Ӯ гуфт, бо пардохти қарз ду ҳавопаймои ширкати “Скайроуд лизинг” дар Душанбе моли “Тоҷик Эйр” мешаванд ва як ҳавопаймои дигарро, ки дар фурудгоҳи Внуковои Москва ҳабс шуда буд, баргардонида, барои таъмир ба Узбекистон мефиристад.

Дар ин хусус назари ширкати литвонӣ маълум нест.

Роҳбарияти ин ширкат мегӯяд, қарзҳои дигари берунии онҳо бисёр нест, ва “хушбахтона баҳси ҷиддиро бартараф кардем”.

Баҳс миёни “Тоҷик Эйр” ва ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2013 сар зад. Ин ширкати литвонӣ даъво дошт, ки шарикаш - “Тоҷик Эйр” 20 миллион доллар пардозад. Вале “Тоҷик Эйр” онро рад мекард.

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр", ки аз соли 2019 парвозҳои худро қатъ карда буд шурӯъ аз тирамоҳи соли 2024 парвозҳои маҳаллиро аз сар гирифт. Ҳоло ҳафтае бо мусоид будани вазъи ҳаво аз Душанбе ба Хоруғ, Панҷакент ва Кӯлоб парвоз анҷом медиҳад.

Ширкат нақша дорад дар соли 2025 парвозҳои маҳаллиро ба Ванҷ, Рашт ва Лахш ба роҳ монда, парвозҳои байналмилалиро роҳандозӣ намояд.

Комментарии (0)

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

3 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

3 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

4 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

5 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

7 дня назад