fbpx

Баҳси “Тоҷик Эйр” бо як ширкати литвонӣ поён ёфтааст

Баҳс миёни “Тоҷик Эйр” ва ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2013 сар зада буд.


0

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз поёни баҳсҳои қарзӣ бо як ширкати литвонӣ хабар дод.

Парвиз Шодмонзода, раиси ин ширкат 29-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, онҳо бо ширкати “Скайроуд лизинг” ба созиш расидаанд.

Ба гуфтаи ӯ “Тоҷик Эйр” қарзи ширкати “Скайроуд лизинг”-ро, ки бо қарори суд ба 36,6 миллион доллар расида буд, мувофиқи созиш танҳо 2 миллион доллар пардохт мекунад.

Шодмонзода мегӯяд, ширкати онҳо 500 ҳазор доллари қарзро пардохт кардааст ва қарор аст ба наздикӣ 1,5 миллон доллари дигарро низ пардохт кунанд.

Ӯ гуфт, бо пардохти қарз ду ҳавопаймои ширкати “Скайроуд лизинг” дар Душанбе моли “Тоҷик Эйр” мешаванд ва як ҳавопаймои дигарро, ки дар фурудгоҳи Внуковои Москва ҳабс шуда буд, баргардонида, барои таъмир ба Узбекистон мефиристад.

Дар ин хусус назари ширкати литвонӣ маълум нест.

Роҳбарияти ин ширкат мегӯяд, қарзҳои дигари берунии онҳо бисёр нест, ва “хушбахтона баҳси ҷиддиро бартараф кардем”.

Баҳс миёни “Тоҷик Эйр” ва ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2013 сар зад. Ин ширкати литвонӣ даъво дошт, ки шарикаш – “Тоҷик Эйр” 20 миллион доллар пардозад. Вале “Тоҷик Эйр” онро рад мекард.

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, ки аз соли 2019 парвозҳои худро қатъ карда буд шурӯъ аз тирамоҳи соли 2024 парвозҳои маҳаллиро аз сар гирифт. Ҳоло ҳафтае бо мусоид будани вазъи ҳаво аз Душанбе ба Хоруғ, Панҷакент ва Кӯлоб парвоз анҷом медиҳад.

Ширкат нақша дорад дар соли 2025 парвозҳои маҳаллиро ба Ванҷ, Рашт ва Лахш ба роҳ монда, парвозҳои байналмилалиро роҳандозӣ намояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend