logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

Тоҷикистониён дар Соли нав 4 рӯз, дар Наврӯз 9 рӯз истироҳат мекунанд

Сокинони кишвар аз 1 то 4 январ чор рӯз пайиҳам истироҳат карда, рӯзи 5 январ ба кор бармегарданд.

Your tj

17:2026.12.2025

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 25 декабр қабул шудааст, тартиби интиқоли баъзе рӯзҳои корӣ ва истироҳатӣ муайян гардидааст.

Бар асоси ин санад, ҷумъаи 2 январ рӯзи истироҳат эълон шуда, ба ҷои он шанбеи 10 январ рӯзи корӣ ҳисобида мешавад. Дар натиҷа, сокинони кишвар аз 1 то 4 январ чор рӯз пайиҳам истироҳат карда, рӯзи 5 январ ба кор бармегарданд.

Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илм қарор қабул кардааст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 1 то 7 январ ба таътили зимистона мебароянд.

Қарори ҳукумат инчунин ба рӯзҳои истироҳат дар ҷашни Наврӯз низ қабул шудааст. Тибқи он, шаҳрвандон дар ин ид дар маҷмуъ 9 рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд кард. Барои ин, рӯзи кории ҷумъаи 27 март ба шанбеи 14 март гузаронида шудааст.

Бо ин тартиб, рӯзҳои истироҳат дар Наврӯз аз 21 то 29 март идома мекунанд. Аз ҷумла, рӯзҳои 21-24 март истироҳати расмии идона мебошанд. Азбаски 21 ва 22 март ба шанбе ва якшанбе рост меоянд, тибқи қонунгузорӣ рӯзҳои 25 ва 26 март низ истироҳатӣ эълон шудаанд.

Рӯзи 27 март низ бинобар интиқоли рӯзи корӣ истироҳат хоҳад буд, 28 ва 29 март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост меоянд ва аз ин сабаб истироҳатӣ ҳисобида мешаванд.

Ин тағйирот ба ҳамаи кормандон дахл дошта, ба гуфтаи мақомот, бо ҳадафи ба танзим даровардани ҷадвали корӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои ҷашнгирӣ ва истироҳати шаҳрвандон роҳандозӣ шудааст.

Комментарии (0)

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

2 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

2 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

3 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

4 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

6 дня назад