Анвар Бобозода корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 22-уми ноябр дар Душанбе зимни як нишаст гуфтааст, “дар таърихи навини Тоҷикистон ягон соҳаи хоҷагии халқ ба мисли муҳоҷирати корӣ имкон надорад, ки ҷамъияту давлатро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ намояд”.
Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.
Тибқи пажӯҳиши ӯ муҳоҷирони тоҷик соли 2022 ба Тоҷикистон зиёда аз 5 миллиарду 220 миллион доллар фиристодаанд, ки 49,2 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад.
Ин омор вобастагии зиёди иқтисоди Тоҷикистонро аз маблағи фиристодаи муҳоҷирон нишон медиҳад.
Ба қавли ӯ, тибқи омори Вазорати рушди иқтисод ва Агентии омор дар соли 2024 саҳми муҳоҷирон ба иқтисоди Тоҷикистон назаррас боқӣ мемонад.
“Пули фиристодаи муҳоҷирон аз даромади содироти мамлакат аз фурӯши маҳсулоти миллӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва аз сармояи хориҷӣ даҳҳо баробар зиёдтар аст. Он муҳоҷиратро ба қисмати аз ҳама муҳими маблағгузории иқтисоди Тоҷикистон табдил дода истодааст”, – шарҳ додааст Бобозода.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба муҳоҷират, асосан ба Русия мераванд. Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки муҳоҷиратро гуногунсамт намояд, вале дар ин росто ба корҳои чашмгире даст наёфтааст.