Даромади аҳолии Тоҷикистон афзудааст

Зиёда аз 116 млн сомонӣ кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат дар соли 2022

“Вагони”-и муҳоҷирони тоҷик дар Русия сӯхтааст

Дар шаҳри Перми Русия “вагон”-е ки дар он муҳоҷирони тоҷик мезистанд, сӯхтааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса шаби 27-уми феврал рӯй додааст.

Ба иттилои онҳо, ҳангоми сӯхтор муҳоҷирон дар берун буданд ва саломат монданд, аммо санадҳояшон ба коми оташ рафт.

Акс аз Радиои Озодӣ.

Мансур, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 28-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “аз даст додани шиноснома ва санади кор зарбаи сахт аст. Барои барқарор кардани санадҳо чандин моҳ лозим меояд.”

Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Мақомоти маҳаллӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба далели арзонӣ дар вагонҳо ва дар шароити нохуб зиндагӣ мекунанд.

Дар гузашта низ сӯхтани “вагон”-и муҳоҷирон сабт шудааст. Мақомоти Русия ҳамвора онро “риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ” меноманд.

Се нафар дар Душанбе бо гумони авбошӣ боздошт шудаанд

Се сокинони Душанбе бо гумони авбошӣ аз тарафи кормандони милитсия боздошт шудаанд. Онҳо аз пардохти маблағи роҳкиро саркашӣ намуда, таксиронро латукӯб намуданд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Акс аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Гуфта мешавад, кормандони милитсия аз рӯи ин далел Меҳроҷиддин Сафарови 29-сола, Парвиз Маҳмадраҳимови 29-сола ва Шаҳбоз Муқимови 30-соларо боздошт кардаанд.

“Шоми рӯзи 23 феврал онҳо ба таксӣ нишаста, қариб 3 соат бо он дар шаҳр сайругашт кардаанд. Дар назди беморхонаи “Истиқлол” аз мошин фаромада, аз пардохти 100 сомонӣ маблағи роҳкиро тибқи ҳисобкунак саркашӣ мекунанд. Илова бар ин, ронандаи таксиро мавриди латукӯб қарор медиҳанд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Ронанда рафтори онҳоро дар камераи телефони мобилии худ сабт мекунад. Маҳз ҳамин навор ҷиҳати исботи даст доштани шахсони дар боло зикршуда ба ин ҷиноят далел мешавад.

Дар Раёсати ВКД-и пойтахт зикр мекунанд, ки “дар амалҳои гумонбаршудагон содир гардидани ҷиноят мутобиқи аломатҳои моддаи 237 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошӣ) ба назар мерасад.

“Айни замон масъалаи оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ин далел баррасӣ мешавад”, – иттилоъ медиҳад милитсияи пойтахт.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима дар ҳаҷми аз 500 то 1 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 34 ҳазор то 68 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Сарвазири Русия ба Тоҷикистон меояд

Михаил Мишустин, сарвазири Русия бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафари ӯ рӯзҳои 2-3 – юми март дар назар аст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад.

Акс аз сомонаи publizist.ru

Ба гуфтаи манбаъ, дар назар аст, ки рӯзи 2-юми март Михаил Мишустин дар 9-умин Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Русия ширкат кунад.

“Дар ҷараёни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди байниҳукуматӣ дар назар аст”, – таъкид мекунад хабаргузорӣ.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки мусоҳибон вазъ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Русия дар бахшҳои мухталифро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар мекунанд.

Тоҷикистон Русияро яке аз шарикони асосии тиҷоратии худ медонад. Тибқи омори расмӣ, ин кишвар дар соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 26,4 млн доллар сармогузорӣ кардааст.

Зиёда аз 116 млн сомонӣ кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат дар соли 2022

Соли гузашта 116,1 млн сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати кишвар расонида шудааст. Ин рақам  нисбат ба соли 2021-ум 11 млн сомонӣ зиёд мебошад. Соима Муҳаббатова, як масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ин бора хабар дод.

Акс аз “Азия-Плюс”

Ба гуфтаи ӯ, кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат сол ба сол афзоиш меёбад.

“Дар давоми соли 2023 – юм 154,2 млн сомонӣ кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат пешбинӣ шудааст”, – гуфт Муҳаббатова.

Ба таъкиди номбурда, дар соли 2024-ум 279,8 млн ва дар соли 2025-ум 291,9 млн сомонӣ ба оилаҳои камбизоат кӯмакпулӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ин масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гуфт, ин кӯмакҳо барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки айни замон дар кишвар беш аз 220 ҳазор оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, давоми панҷ соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 25,5 ба 22,5 дарсад поин омадааст.

Боз ҷасади 2 нафар аз зери тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ пайдо шудааст

Рӯзи 27-уми феврал аз зери тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ боз ду ҷасади дигар пайдо шудааст.

Масъулини идораи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Айнӣ мегӯянд, яке аз қурбониён писарбачаи тахминан 12 сола аст.

Рӯзи 26-уми феврал як мошини сабукрав дар наздикии нақби Шаҳристон зери тарма монд ва аксари мусофиронаш фавтиданд.

Ба гуфтаи масъулон кофтукоби боз як ҷасади дигар дар ҷойи ҳодиса идома дорад.

Дар умум аз зери тармаҳо дар ду рӯзи охир 4 ҷасад берун оварда шудааст. Мақомот то ҳол шахсияти онҳоро эълон накардаанд. Аммо ба гуфтаи манбаъҳо фавтидагон сокинони ноҳияи Қубодиён ҳастанд.

Рӯзи 26-уми феврал ҳамчунин аз таги барф як занро зинда берун оварданд. Ӯ Кибриё Худойбердиева, сокини 37-солаи ноҳияи Қубодиён аст, ки табибон аҳволашро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Субҳи 27-уми феврал масъулини идораи ҳолатҳои фавқуллода ва ҳам ширкати IRS гуфтанд, эҳтимолан на як, балки ду мошин зери тарма мондааст.

Skip to toolbar