fbpx

Ду зан дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ зери чархи трактор мондаанд

Ҳарду аз ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.


1
1 point
Трактор "Беларус – 821"

Ду зан дар Бадахшон зери чархи трактор монда ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса дар ҳудуди ҷамоати Техарви ноҳияи Ванҷ ба амал омадааст, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Ронандаи “Трактор”, Бачамардов Чупон Кишварович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Ванҷ будааст. Ӯ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Техарв 27 – уми феврали соли 2023, тахминан соати 15:30 дақиқа, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

“Дар натиҷа пиёдагардон, Аловакова Ҳалима, соли таваллудаш 1958 ва Муминова Ҳанона Зайналовна, соли таваллудаш 1982, сокинони ноҳияи мазкурро, ки дар канори роҳ аз қафои нақлиёт меистоданд, пахш менамояд”,- омадааст дар хабар.

Номбурдагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend